Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Мирсаидов: "Ҳушу хаёли Хайрулло бо КВН буд". ВИДЕО


Ҳабибулло Мирсаидов мегӯяд, аз шунидани ҳукми сангини писараш дилшикаста шуда аз худо мехоҳад, ки писараш базудӣ озод шавад

Волидайн ва пайвандони Хайрулло Мирсаидов рӯзе баъд аз содир шудани ҳукми додгоҳи Хуҷанд, ки писари онҳоро ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард, ҳанӯз ҳам ба худ наомадаанд ва мегӯянд, ки умеди худро ба адолати судӣ тақрибан аз даст додаанд.

Онҳо мегӯянд, то охирин лаҳза бовар доштанд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир хоҳад кард. Бо кӯмаки вакилони дифоъ, ки ҳамчунин ҳукмро “хеле сангин” номидаанд, Мирсаидовҳо баъди дастрас шудани матни қарори додгоҳ, мехоҳанд бозбинии парвандаро дархост кунанд.

Озодии баён ва ҳуқуқ ба танқид доштани ӯ ҳамчун як шаҳрванд, як журналист зери суол рафтааст

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъди муҳокимаи беш аз якмоҳаи парвандаи Хайрулло Мирсаидов рӯзи 11 июл Мирсаидовро дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 12 соли зиндони низомаш сангин айбдор кард. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст. Мирсаидов ба напардохтани 124 ҳазор сомонӣ (беш аз 13 ҳазор доллар) муттаҳам шуд.

"Модараш дилшикаста шуд"

Ҳабибулло Мирсаидов, падари журналисти маҳкумшуда рӯзи 12 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди шунидани ҳукми додгоҳ модар ва ду фарзанди дигараш дилшикаста шуда, дар ҳолати сангини равонӣ қарор доранд. Вай гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ як узви дигари хонавода омода нест, ки бо матбуот дар ин бора сӯҳбат кунад. Падар танҳо гуфт, ки худи ӯ ин ҳукмро “комилан ноодилона” арзёбӣ мекунад. Вай гуфт, писари худро ҳамчун як “сарсупурдаи КВН” мешинохт ва надонист, ки оқибат барои ҳамин кораш осеб мебинад. Ба гуфтаи Ҳабибулло Мирсаидов, писари 40-солааш то охир дар хонаи падар зиндагӣ мекард, оиладор набуд ва барои бозиҳои КВН “чор бор аз бонкҳо қарз гирифтааст”. Вай гуфт:

“Ӯ кори худро дар КВН бисёр дӯст медошт. Доим аз паси ҳамин кор буд. Бачаи хуб ҳам буд, ёрии худро аз касе дареғ намедошт. Аз худо металабам, ки моро ба муроду мақсади худ бирасонад ва писарамро озод кунад.”

Ҳукми сангини журналисти собиқи оҷонсии “Азия-плюс”, хабаргузории олмонии “Дойче Велле” ва раҳбари тими тоҷикистонии КВН рӯзи 11 июл боиси интиқодҳои сахти ҷомеаи байналмилалӣ шуд. Сафоратҳои аврупоиву ғарбии мустақар дар Тоҷикистон, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Human Rights Watch ва ҷомеаи журналистони Тоҷикистон ин ҳукмро ҳамчун “сангин”, “ноодилона” ва “ҳамла ба озодии баён” маҳкум карданд. Аврупову Ғарб озодии билофосилаи Мирсаидовро пеш гузоштанд.

Вакил: Ҳуқуқи Мирсаидов дар ҷараёни додгоҳ мунтазам поймол мешуд

Дар ҳамин ҳол Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов рӯзи 12-уми июл дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ на танҳо ноодилона аст, балки “беасос” ва “ғайриқонунӣ” мебошад ва ҳатман бояд ба бозбинии дубора фиристода шавад. Вай гуфт:

“Аз оғози мурофиа аз ҷониби раисикунандаи муҳокимаи парванда ҳуқуқҳои Хайрулло Мирсаидов мунтаназам поймол мегардид. Ҳатто барои амалӣ кардани ҳуқуқ ва ваколатҳои худ ба ҳимоятгарон ҳам монеаҳо гузошта мешуд. Ба ҳар ҳол, мо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз аз ҷониби мо бегуноҳии Мирсаидов ва беасосии айбҳо алайҳи ӯ исбот карда шуд.

Вале додгоҳ дар хонаи машваратӣ замони содир кардани ҳукм умуман ягон хулоса, пешниҳод ва ваҷҳҳои моро ба назари эътибор нагирифт. Додгоҳ танҳо хулосаҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешниҳод гардид, ҳамчун асоси ҳукми айбдорӣ қабул карда, Мирсаидовро гунаҳкор донист.”

Бо ин ҳам Насруллоев мегӯяд, бовари чаҳор вакили дифои Мирсаидов ба адолати додгоҳӣ аз байн нарафтааст ва бо роҳи қонунӣ барои барқарор кардани адолати додгоҳӣ ва раҳо намудани Мирсаидов талош хоҳанд кард.

Падари Мирсаидов: "Ҳушу хаёли Хайрулло бо КВН буд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:35 0:00

Ҳуқуқ барои озодии баён зери суол рафт

Вакилони дифоъ мутмаинанд, ки ҳукми тӯлониву сангини Мирсаидов ба нашри муроҷиатномаи ӯ дар интернет оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва фаъолияти рӯзноманигориаш рабт мегирад. Вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова мегӯяд, дар муроҷиатномаи интернетиаш рӯзи 8 ноябри 2017 Мирсаидов дар бораи пешравиҳо, мушкилот, дархости ёриву дастгирии КВН-и Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро баён дошт. Вай гуфт, мақомот ба ҷои санҷиши ин амалҳо ва баҳои қонунӣ додан ба онҳо, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз ва билохира зиндонишаш карданд.

Дилафрӯз Самадова гуфт: “Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Хайрулло Мирсаидов баъди нашри муроҷиатномааш боз шуд. Мо бояд инро ба инобат гирем, ки озодии баён ва ҳуқуқ ба танқид доштани ӯ ҳамчун як шаҳрванд, як журналист зери суол рафтааст. Ҳол он ки конститутсияи Тоҷикистон кафолат медиҳад - сенсура ва таъқиб барои танқид манъ аст. Ҷазое, ки суд татбиқ кард - 12 соли ҳабс ва барқарор кардани зарари молии расонидашуда нисбат ба кирдори ӯ, хеле сахту сангин аст.”

Хонум Самадова дар мавриди “зарар”-ҳо ва “қарз”-ҳои КВН-и Тоҷикистон, таҳти раҳбарии Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, онҳоро низ Мирсаидов ба манфиати шахсиии худ масраф накардааст ва инро худи ӯву вакилони дифо бо далелҳо дар толори мурофиа борҳо собит карданд, вале додгоҳ умуман ба назари эътибор нагирифт.

Ба ҳайси мисол, раисикунандаи мурофиа зимни қироати ҳукмнома бар тибқи маълумоти мақомоти тафтишотӣ гуфт, Мирсаидов соли 2015 100 доллари амирикоиро ба 880 сомониву 30 дирам иваз кардааст, ҳол он ки худи айбдоршаванда вакилони дифоаш борҳо гуфт буданд, он замон қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон хеле поин ва ҳудуди 560 сомонӣ буд.

Дилафрӯз Самадова гуфт: “Дар баъзе мавриди хароҷоти КВН Мирсаидов худро қисман гунаҳкор ҳисоб кунад ҳам, аммо ба сароҳат мегуфт, ки он хароҷот бар манфиати КВН ҷой доштанд. Яъне, маблағҳои хароҷоти аз қабл пешбининашударо ӯ аз худ накарда, балки барои фаъолияти КВН ва иштирокаш дар озмунҳо харҷ карда буд. Мо чунин меҳисобем, ки бо таъини ҷазои сангин аз ҷониби додгоҳ ҳуқуқи Мирсаидов ба адолати додгоҳӣ зери по карда шуд”.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Хайрулло Мирсаидов шурӯъ аз соли 2010 дар рақобатҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалии КВН дар саҳнаҳои Қирғизистону Русия ҳунарнамоӣ мекард. Орзуи Хайрулло Мирсаидов - дидани дастааш дар Лигаи олии Маскав буд, ки ҳуқуқ медод ҳунарнамоиҳои КВН-и Тоҷикистон низ тавассути шабакаи телевизиони ҷамъиятии Русия пахш шавад. Зимнан, КВН-и Тоҷикистон байни даҳҳо даста то сабқати ниманиҳоии ин озмун ба худ роҳ кушод ва як қадам монда буд ба ин ҳадафаш ноил гардад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG