Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 11 июл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм бо маҳкумияти ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Додраси парванда дар қарори худ гуфт, ки Мирсаидов дар маҷмӯъ аз рӯи се моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор эълон мешавад. Бо қарори додгоҳ, аз рӯи иттиҳоми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ" "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд

Маҳкумияти Хайрулло як ҳамлаи ошкоро ба озодии баён дар Тоҷикистон аст. Мо аз оғоз ин парвандаро сиёсӣ арзёбӣ мекардем... Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки журналистро билофосила озод кунанд

дар маҷмӯъ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Илова ба ин, бо қарори додгоҳ, баъди анҷоми мӯҳлати зиндон Мирсаидов ҳақи дар давоми 2 соли дигар ҳақи ишғоли вазифа дар созмонҳои ҷамъиятиро надорад.

Ҷӯрахон Раҳмон, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда зимни қироати ҳукм гуфт, Мирсаидов ба ҳайси раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба хазинаи давлат 123 ҳазор сомонӣ зарар расонид ва он зарари молӣ ба манфиати давлат рӯёнида шавад. Ӯ гуфт, ба сабаби он ки Мирсаидов ин маблағи зарарро қаблан пардохт накард, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 245 – “исроф ё азонихудкунӣ” ҷазои ҳабс татбиқ гардид.

Додгоҳ ҳамчунин ба Олим Зоҳидзода тавсия дод барои рӯёнидани ҷуброни зарҳои моддиву маънавии худ аз амали Мирсаидов ба додгоҳ бо даъвои нав муроҷиат кунад.

Мирсаидов дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ чизе нагуфт, вале хеле рӯҳафтода шуд. Модари ӯ ин ҳукмро ногаҳонӣ ва ноодилона хонда гирист.

Ҳукми Мирсаидов: “Ҷомеаи журналистӣ дар интизори адолат фиреб хӯрд”
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:32 0:00

Умедвории наздикон

Хайрулло Мирсаидов аз 5 декабри соли 2017 дар маҳбас қарор дорад. То лаҳзаи эълони ҷазо Мирсаидов, вакили дифои ӯ, пайвандону дӯстонаш умедвор буданд додгоҳ далелҳои пешовардаи ӯро дар назар гирифта, ӯро раҳо ё ҳадди ақал ҷазои ғайриҳабсӣ медиҳад. Вале эълони ҷазои 12 соли ҳабс ҳамаро дар ҳоли шок гузошт.

Вақти эълони ҳукм аз 4 вакили дифои Мирсаидов танҳо яке аз онҳо - Дилафрӯз Самадова ҳузур дошт. Ӯ баъд аз анҷоми қироати ҳукм дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷазои таъинкардаи додгоҳро хеле сангин меҳисобад ва аз зинаи болоии додгоҳ бозбинии парвандаро талаб хоҳанд кард.

Мурофиаи парвандаи Мирсадов дар додгоҳи Хуҷанд аз 8 июн дар толори боз бо танаффусҳое давом дошт.

Amnesty International: Тоҷикистон бояд Хайруллоро озод кунад

Намояндаи дафтари Amnesty International дар шаҳри Маскав Александр Артемйев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11 июл ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар нисбати Хайрулло Мирсаидовро ба шиддат интиқод кард.

Александр Артемйев
Александр Артемйев

Вай гуфт, “маҳкумияти Хайрулло як ҳамлаи ошкоро ба озодии баён дар Тоҷикистон аст. Мо аз оғоз ин парвандаро сиёсӣ арзёбӣ мекардем. Ҳазв шудани як модда аз парвандаи ӯ фикри моро тағйир надод. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки журналистро билофосила озод кунанд. Умедворем, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро аз рӯи қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла дар амри риояи озодии баён, иҷро хоҳад кард”.

Артемйев гуфт, ки созмони Amnesty International дар робита бо ин қазия дар фурсати наздик изҳори назари худро нашр мекунад.

“Ҷомеаи журналистӣ дар интизори ҷавоби одилона фиреб хӯрд”

Ба 12 сол маҳкум шудани Хайрулло Мирсаидов дар дохили ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ба вокунишҳои тунд рубарӯ шуд. Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ҷомеаи журналистӣ “дар интизории ҷавоби одилона фиреб хӯрд.”

Роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ афзуд, баъд аз ҳазфи моддаи барангехтани кинаю адовати миллӣ ҳамагон умед доштанд, ки парванда баста ва Мирсаидов бо баргардондани маблағи баҳсӣ озод хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Хуршед Атовулло афзуд, ин ҳукм рӯи ҷомеаи журналистӣ таъсири манфӣ мегузорад.

“Ин ҳукм рӯи ҷомеаи журналистӣ чунин таъсир мекунад, ки ҳар яке интизор аст, ки ҳар лаҳза метавонанд ба ҳар гуноҳе бошад ӯро беш аз 10 сол зиндонӣ кунанд. Эҳсоси худсонсуриро зиёд мекунад ва боварӣ ба мақомоти судию додситониро комилан коҳиш медиҳад. Ҳар рӯзноманигоре, ки аз ақалан ҷониби додситонӣ ё касе ҳаст айбдор мешавад ин маънои онро дорад ки ӯ рост ба зиндон меравад,”-гуфт ӯ.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ аз ҳукми Мирсаидов изҳори норизоиятӣ карда мегӯянд, интизор доштанд ӯ аз толори мурофиа озод мешавад.

Шоира Давлатова, роҳбари ташкилоти ҷамиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” мегӯяд, факту далелҳое, ки аз ҷониби ҳимоятгарон барои тасдиқи бегуноҳии ӯ пешниҳод шуда буд, асос барои озодии ӯ буд.

Бо ин ҳама хонум Давлатова афзуд, Хайрулло Мирсаидов ҳоло имкон дорад аз болои ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Сухани охирини Мирсаидов: Обрӯи тоҷиконро боло бурдам

Мирсаидов дар сухани вопасинаш рӯз 10 июл дар додгоҳ гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомоти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баъзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Вай гуфт, барои баъзе хароҷот, масалан - либоси миллӣ аз бозор - натавонистанд чек пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, КВН-и Тоҷикистон таҳти раҳбариаш тавонист симои тоҷиконро, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвии Маскав “Равшану Ҷамшуд” сохта буданд, то андозае ба самти мусбат тағйир диҳад ва заковату ҳозирҷавобӣ ва танзу шухиҳои тоҷиконро ба намоиш гузорад.

Ӯ гуфт, то то кунун барои ин кораш аз касе на пул, на унвону мансаб талаб накард ва ҳама душвориҳову мушкилоти молии КВН-ро, ки доимӣ рӯ ба рӯ буд, таҳаммул кард. Аммо дар пайи расонаӣ кардани танқиди собиқ сардори раёсати ҷавонон, ки аз ӯ бо роҳи харидани микрофону додани чек ба ӯ 1 ҳазор доллар ришват хост, мақомот алайҳи худи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ҳоло ҳудуди 6.5 моҳ паси панҷара сипарӣ мекунад.

Мирсаидов аз ҳуқуқи танқиди озод истифода кард

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов рӯзи сешанбе гуфт, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз озодии сухан ҷонибдорӣ мекунад ва аз рӯи қонунҳои кишвар таъқиб барои танқид дар Тоҷикистон манъ аст, Мирсаидов маҳз баъди танқиди раҳбари собиқи раёсати ҷавонони Суғд, ки аз ӯ бо шевае 1 ҳазор доллар ришва талаб дорад, дар як муроҷиатномаи нашрнамудаи худ дар моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби мақомот дастгир гардид.

Хайрулло Мирсаидов бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ" муттаҳам эълон шуда буд. Вале 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард.

Инчунин, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки ӯ на беш аз 300 ҳазор сомонӣ пули буҷет, балки тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯё "барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок" истифода намудааст.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Ӯ 6 моҳ боз дар боздошгоҳи муваққаттии шаҳри Хуҷанд дар ҳабс қарор дорад. Боздошти Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG