Имтиҳони забони русӣ дар миёни муҳоҷирон собит кардааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон назар ба шаҳрвандони хориҷии дигари ҷӯёи кор дар Русия забони русиро бадтар медонистаанд. Ношири ин хабар вебсайти Lifenews менависад, ки ин хулосаҳо дар паи таҳлили натиҷаҳои имтиҳони забони русии соли 2012 ба даст омадааст, ки дар он ҳазорҳо муҳоҷирон ҷӯёи кор дар Русия иштирок кардаанд. Беҳтарин натиҷаҳои забондониро шаҳрвандони Украина ва бадтаринро шаҳрвандони Қирғизистон намоиш додаанд.
Беҳтарин донандагони забони русӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Ӯзбакистон будаанд. Захираи луғавии камтарро назар ба ӯзбакҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон намоиш додаанд. Як масъули маркази тестии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Маскав ба Lifenews гуфтааст, ки сатҳи дониши забони русӣ “ба синну соли имтиҳонсупорандаҳо вобаста будааст. Масалан, онҳое, ки синнашон то 25-сола аст, асосан забони русиро намедонанд. Вале онҳое, ки бузургсолтаранд, баръакс, хеле забонро хуб медонанду захираи луғавиашон ҳам бой аст”, гуфтааст Елена Шамилевна аз ин маркази тестӣ.
Аз 1 январи соли 2014 дар Русия шаҳрвандони хориҷии хостори кору зиндагӣ дар ин қаламрав бояд имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва ҳам имтиҳони асосҳои қонуни ин кишварро супоранд. Дар паи ин имтиҳонҳо ба муҳоҷирон сертификат дода мешавад. То имрӯз 20 ҳазор нафар соҳиби сертификати забони русӣ шудаанд.