Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи муфтӣ дар бораи видеои алоқаи маҳрамона


Раҳматуллоҳ Эгамбердиев
Раҳматуллоҳ Эгамбердиев

Муфтии Қирғизистон эътироф кард, ки дар навори пурҷанҷоли дар Интернет нашршуда алоқаи ҷинсии ӯ сабт шудааст, вале гуфт, ки ӯ дар ин навор бо ҳамсараш буд, на бо ягон зани бегона.

Раҳматуллоҳ Эгамбердиев, муфтии 36-солаи Қирғизистон дар пайи дар Интернет пайдо шудани навори пурсарусадое, ки дар он лаҳзаи алоқаи ҷинсии ӯ бо як зан тасвир шудааст, эътироф кард, ки дар ин навор дар воқеъ ӯро сабт кардааст, вале ӯ на бо ягон зани бегона, балки бо ҳамсари худаш ҳамхоба шуда буд. Раҳматуллоҳ Эгамбердиев гуфт: "Ман рад намекунам, ки дар ин видео маро сабт кардаанд. Аммо ин зан ҳамсари ман аст. Ману ӯ 4 сол боз зиндагии муштарак дорем. Муҳимтар аз ҳама, ман дар пеши Худо софам. Ман аз ин хеле ҳайронам, чунки ҳаёти хусусии ман ва робитаҳои ман бо ҳамсарам таваҷҷӯҳи киро оварда бошад?"

Ахиран волидони он зан низ бо пахши як изҳороти видеоӣ тасдиқ карданд, ки муфтӣ Эгамбердиев ҳанӯз 4 сол қабл бо духтари онҳо издивоҷ кардааст ва домоди онҳост.

Ин вокунишҳо ба як навори пурҷанҷоли алоқаи маҳрамона бо ширкати муфтии Қирғизистон Раҳматуллоҳ Эгамбердиев аст, ки дар Интернет ба сайр даромадааст. Дар видеои тавассути камераи пинҳонӣ сабтшуда лаҳзаи алоқаи маҳрамонаи марде, ки зоҳиран ба Раҳматуллоҳ Эгамбердиев шабоҳат дорад, бо як зани ҷавон тасвир мешавад. Ин навор алакай ба як мавзӯъи пурсарусадо ва вирди забони мардум дар ин кишвари Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Раҳматуллоҳ Эгамбердиеви 36-сола ҳамагӣ як сол пеш, рӯзи 17 декабри соли 2012 баъди табдили пайдарпайи муфтии Қирғизистон ба мақоми раҳбари идораи мусалмонони Қирғизистон таъйин шуд ва аҳли дин дар ин кишвар умедвор буд, ки бо интихоби ин муфтии ҷавон ва ба бозиҳои рӯҳониёни собиқадор ноолуда дар ҳаёти мазҳабии Қирғизистон низ суботу оромӣ барқарор хоҳад шуд. Аммо Эгамбердиев аз он шикоят дошт, ки аз тарафи бархе мақомот ва хадамоти амниятӣ таҳти фишор қарор гирифтааст.

Бакит Нуриддинов
Бакит Нуриддинов
Бо вуҷуди шарҳи муфтӣ ва волидони зане, ки дар ин навор бо ӯ омадааст, нашри навори алоқаи ҷинсӣ ва он ҳам дар робита ба раҳбари рӯҳонии кишвар сару садои зиёде дар ҷомиаи Қирғизистон ба по кардааст. Раиси Кунгураи мусалмонони Қирғизистон ва Осиёи Марказӣ Бакит Нуриддинов гуфт, ин навор ҷомиаи мазҳабии Қирғизистонро ба ҳолати шок овардааст: “Ҳоло баҳси хеле тунду тез идома дорад. Мусалмонон ба шок афтодаанд. Вазъият хеле сангин аст ва онҳо ҳатто намедонанд, ки чӣ бигӯянд. Чунин кор бори аввал рух медиҳад. Ва хеле шармовар аст, ки мо ба чунин рӯзе расидем.”

Аммо баъди дар Интернет пайдо шудани ин видеои пурҷанҷол сӯҳбатҳое ҳам шунида мешаванд, ки шояд ин моҷаро натиҷаи ихтилофи байни мақомоти давлатӣ ва муфтии ҷавон ва як навъ посухи хадамоти вижа ба Эгамбердиеви саркаш бошад.

Орозбек Молдалиев
Орозбек Молдалиев
Аммо намояндаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар парлумон Орозбек Молдалиев вуҷуди ҳар навъ ихтилоф байни давлат ва идораи мусалмононро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳатто намояндагони ҳарду ҷониб як дафъа барои баррасии вазъи муфтиёт ҷаласаи муштарак ҳам барпо карданд: “Онҳо худро “қурбонӣ” нишон медиҳанд ва ҳарчӣ мегӯянд. Ихтилоф бо муфтиёт ба мақомот чӣ даркор аст? Мақомот ба умури дохилии идораи мусалмонон дахолат намекунанд. Касе ки муфтӣ интихоб шавад, ҳамон ба ин идора раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни ҷаласае, ки муовини раиси парлумон Тӯрабой Зуфиқоров даъват карда буд, мо гуфтем, ки муллоҳо бояд худашон байни худ забон биёбанд. Мушкил аз куҷо бармехезад? Чунки насле ба воя расид, ки сатҳи дониши баробар дорад ва ҳар кадомаш муфтӣ шудан мехоҳад. Ва сабаби талоши онҳо барои расидан ба ин мақом, Ҳаҷ аст. Ирсоли зоирон ба Ҳаҷ имкон медиҳад, ки аз 4 то 6 миллион доллар фоидаи пинҳонӣ ба даст биоранд.”

​Аммо назарҳое ҳам ҳаст, ки Раҳматуллоҳ Эгамбердиев натавонист умедҳои мавҷуда аз интихоби ӯ ба мақоми муфтиро бароварда гардонда, раҳбари воқеъӣ ва фарогири тамоми мусалмонони Қирғизистон шавад. Раиси кумитаи фарҳангу маориф ва илмук варзииш парлумони Қирғизистон Ғанибек Усмоналиев мегӯяд, идораи муфтиёт аз замони таъсисаш натавонист як раҳбари мазҳабии мӯътабар пайдо кунад: “Онҳо танҳо ба ном муфтианд. Мо дар 20 сол натавонистем як раҳбари мазҳабии воқеъӣ тарбия кунем. Тамоми мушкил дар ҳамин аст. Мегӯем, ки 83 дарсади аҳолӣ мусалмонанд. Вале муфтии имрӯза раҳбари ҳамаи онҳо шуда натавонист.”

Омбудсмени Қирғизистон Бакит Амонбоев мегӯяд, дар ин моҷаро ҳаққи Эгамбердиев ба ҳаёти хусусӣ поймол шудааст, вале аз тарафи дигар: «Қонуни асосӣ махфӣ мондани ҳарими ҳаёти хусусиро кафолат медиҳад. Дар айни замон, афроде ки дар мақомҳои баланд менишинанд, бояд масъулият нишон диҳанд. Дар пушти муфтӣ мусалмонони зиёде истодаанд.”

Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар додгоҳи Бишкек. 27 феврали соли 2013
Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов дар додгоҳи Бишкек. 27 феврали соли 2013
Раҳматуллоҳ Эгамбердиев дар моҳи декабри соли 2012 ба таври ҷанҷоломез муфтии Қирғизистон интихоб шуда буд. Ӯ 2 рӯз пеш аз интихобаш ба ин мақом, рӯзи 15 декабри соли 2012 дар як изҳороти видеоӣ шикоят кард, ки бархе намояндагони мақомот ва идораҳои амниятӣ фишораш оварда истодаанд, то аз ширкат дар интихоботи раҳбари идораи мусалмонон канор биравад. Ҳамон рӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон алайҳи Эгамбердиев ва муфтии собиқ Чӯбак-ҳоҷӣ Ҷалилов бо иттиҳоми напардохтани андоз аз пули аз Ҳаҷ бадастомада парвандаи ҷиноӣ кушод. Мақомот мегӯянд, идораи мусалмонҳо тайи солиён аз пуле, ки аз ҳисоби ирсоли зоирон ба Ҳаҷ ба даст меовард, ягон тин андоз намесупурд ва қарзаш аз андоз бо дарназардошти фоизи ҷаримаҳо 8 миллион сом, муодили тақрибан 160 000 доллар шудааст.

Баррасии ин парванда ҳанӯз анҷом наёфтааст, вале зоҳиран моҷарои наву бузургтаре аз гиребони муфтии Қирғизистон мегирад. Моҷарои алоқаи маҳрамона бо зане, ки бо обрӯрезиаш метавонад ба сари карйераи муфтии ҳамагӣ 36-солаи қирғиз об бирезад.

Дар соли 2013 дастикам ду навори алоқаҳои маҳрамона бо ширкати рӯҳониён дар Тоҷикистон низ сару садои зиёд ба по карда буд. Дар навори аввал рӯҳоние аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо як зан тасвир мешуд. Баъдан гуфта шуд, ки ин зан гӯё зани дуюми ин мард будааст ва ин ҷанҷол зоҳиран фурӯкаш кард.

Асадуллоҳ Иброҳимов
Асадуллоҳ Иброҳимов
Аммо Асадуллоҳ Иброҳимов, як сокини маҳаллаи Лучоб дар канори Душанбе моҳи август бо иттиҳоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо як зани корафтода, ки гӯё мехостааст Иброҳимов ӯро аз безурётӣ муолиҷа кунад, боздошт шуд. Ин рӯҳонӣ, ки дар матбуот бо лақаби “муллои ҷодугар” маъруф шуд, дар додгоҳ эътироф кард, ки амали худро аз нигоҳи шариат гуноҳ мешуморад, вале на хилофи қонунҳои дунявии Тоҷикистон, чунки “ҳаракатҳои шаҳвонӣ”, ба гуфтаи ӯ, бо хоҳиши тарафайн анҷом шуда буд. Вале додгоҳи ноҳияи Сино Иброҳимовро дар моҳи октябр ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG