Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муллои ҷодугар": "Пеши Худо гунаҳкорам, пеши қонунҳои Тоҷикистон - не!"


Асадулло Иброҳимов
Асадулло Иброҳимов

Асадулло Иброҳимов, ки бо лақаби "муллои ҷодугар" ном баровардааст, ба Озодӣ гуфт, худро назди Худованд то поёни умр гунаҳкор мешуморад, вале бар асоси қонунҳои Тоҷикистон - не.

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 24 октябр Асадулло Иброҳимовро бо ҷурми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроварие, ки хусусияти шаҳвонӣ доранд, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Лаҳзаҳое пеш аз эълон шудани ҳукм худи Асадулло Иброҳимов дар сӯҳбат бо Озодӣ айбномаро рад кард ва гуфт: «Ман худро дар назди Худованди бузург то охири умр гунаҳкор мешуморам. Ҳамеша дуо мекунам, то Худованд маро бубахшад. Аммо бо он ҳукме, ки аз нигоҳи қонунҳои дунявӣ эълом кардаанд, худро гунаҳкор шуморида наметавонам. Зеро он чӣ алайҳи ман гузоштанд, дар он навор умуман дида намешавад

Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парвандаи пурсарсадо баъд аз зӯҳри 24 октябр ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ки ""додгоҳ ҳамчунин мутобиқ ба моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" ҷазо дар намуди ҷарима ба 365 нишондод, ки баробар ба 14 600 сомонӣ аст, ҷарима кард.” Ҳамин тавр, бар асоси ҳукми додгоҳ, Асадулло Иброҳимов баъди адои ҳукм боз барои 5 соли дигар аз ҳаққи фаъолият ба ҳайси рӯҳонӣ маҳрум мешавад.

Вакили дифоъ ва пайвандони Асадулло Иброҳимов билофосила гуфтанд, ки аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебаранд.

Баъди анҷоми муҳокима
Баъди анҷоми муҳокима
Бибикалон Иброҳимова, ҳамсари Асадулло Иброҳимов, ҳукми додгоҳро ноодилона хонд. Ӯ пас аз эълони ҳукми додгоҳи Сино ба хабарнигорон гуфт, ки "аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестам, чунки ҳукм ноодилона содир шуд." Хонум Иброҳимова, иттиҳомоти ворида алайҳи шавҳарашро "туҳмат" медонад ва мегуяд, "шавҳари ман аслан гуноҳе надорад ва додгоҳ бояд ӯро аз толори мурофиа ҷавоб медод." Бо таваҷҷӯҳ ба ҳукми додгоҳ хонум Иброҳимова гуфт, ки онҳо ҳатман нисбати ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.

Ҳамзамон Бибикалон Иброҳимова, сару садои он ки гӯё дастгоҳи наворгирӣ ҳангоми дуохонии шавҳараш бо ҷабрдида Зилола Раҳимоваро ӯ гузошта бошад, рад кард ва гуфт, ин занро хуб намешиносад ва танҳо медонад, ки се ё чор маротиба назди шавҳараш барои дуохонӣ омадааст.

Ҳукми Асадулло Иброҳимов содир шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

Асадулло Иброҳимов субҳи 24 октябр, дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе дар сухани охиринаш гуфт, рафтораш танҳо аз нигоҳи шаръӣ дуруст набуд, вале тибқи қонунгузории дунявии Тоҷикистон, худро гунаҳкор намешуморад. Ин рӯҳонӣ аз минтақаи Лучоб, дар канори Душанбе, ки қариб ду моҳ боз бо иттиҳоми қаллобӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ дар боздошт қарор дорад, гуфтааст, ончӣ дар навори пурсарусадои дар Интрнет нашршуда омадааст, бо ризоияти тарафайн сурат гирифта буд ва ӯ дар қиболи он зан аслан зӯроварӣ накардааст.

Асадуллоҳ Иброҳимов ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки ба далели вазъи саломатӣ ва 8 фарзанд доштанаш ӯро маҳкум ба зиндон накунанд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, қарор аст, Исмоил Давлатов, додраси ин парвандаи пурсарусадо то чанд соати дигар ҳукми Асадулло Иброҳимовро эълон кунад.

Аммо ҳуқуқдонҳо мегӯянд, додгоҳ метавонист нисбат ба Асадулло Иброҳимов ҷазои баландтареро низ содир кунад. Қаюм Юсуфов - муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, моддаҳои 139, қисми 2, банди "а" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а" то 15 соли ҳабсро пешбинӣ мекунанд: “Додгоҳ дар доираи ваколатҳои доштааш аз рӯи маводҳои парванда нисбатан ҳукми одилона баровардааст. Зеро метавонист бо моддаи 139 дар доираи раводиди он 10 сол маҳрумият аз озодӣ ва дар раводиди моддаи 147 қисми 2 панҷ сол ва дар маҷмӯъ 15 сол, ва бо назардошти муқаррароти дигари Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ 10 ё 12 сол ҷазоро таъйин намояд.”

Муҳокимаи парвандаи Асадуллоҳ Иброҳимовро бархе рӯҳониён як талоши беобрӯ кардани ин қишр ва костани эътимоди мардум ба аҳли дин меноманд. Рӯҳонии тоҷик Зубайдуллоҳи Розиқ ин қазияро як навъ «таблиғот» унвон кард ва гуфт: «Агар рафту як инсон бадахлоқӣ кард шарт нест, ки бадахлоқии ӯро дар ҷомиа овоза кунем. Вақте як нафар гуноҳ мекунад, агар гуноҳашро худаш донаду Худо, зарараш дар ҷомеа камтар аст. Вале вақте гуноҳро овоза мекунем, дар ахбори рӯз таъсири ин дар тамоми ҷаҳон мерасад. Ин ҷомиаро метавонад ба ихтилоф кашонад.»

Рӯзҳои пеш

Мавлудҷон Солиҳов
Мавлудҷон Солиҳов
Мавлудҷон Солиҳов, вакили дифоъи Асадулло Иброҳимов, маъруф бо "муллои ҷодугар" рӯзи 23-юми октябр бархе ҷузъиёти қазияро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфтааст, навори дуохонии Асадулло Иброҳимов ва муносибати шаҳвонии вай бо ҷабрдида Зулола Раҳимоваро "на мақомот, балки хонум Раҳимова тариқи телефон ба навор бардоштааст. Таҳқиқи додгоҳ инро собит кард ва маълум шуд, ки ҷабрдида Зулола Раҳимова дар навор дар ҳолати оҷизӣ набудааст, балки махсус ин наворро гирифтааст."

Додгоҳи "муллои ҷодугар" мисли сериал шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим


Мавлудҷон Солиҳов гуфт, ки "Асадулло Иброҳимов 7 маротиба бо ҷабрдида Раҳимова вохӯрда ва ӯро дуо хондааст." Аммо ин навор аз тарафи ҷабрдида дар маротибаи шашуми дуохонӣ бардошта шудааст. Вакили мудофеъ мегуяд, ки ҳарчанд ҳадафи наворбардорӣ рӯшан нест, вале "эҳтимол меравад, ки ҷабрдида ин корро ба хотири бароварда кардани ғаразаш карда бошад."

Ба таъкиди оқои Солиҳов, гӯё "ҷабрдида мехостааст, ки Асадулло Иброҳимов ӯро ба унвони зани дувум бигирад, аммо мулло бо бародараш маслиҳат карда, ба ӯ ҷавоби рад додааст."

Сӯҳбат бо вакили "муллои ҷодугар"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Вакили дифоъ танҳо аз лиҳози шаръӣ зерҳимояашро гунаҳкор медонад ва мегӯяд, дар дигар ҳолатҳо тибқи қонунгузории дунявӣ ӯ гуноҳ надорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23-юми октябр айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Асадулло Иброҳимов аз додгоҳ барои ӯ 8 солу шаш моҳи зиндонро тақозо кард. Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи чоршанбе дар додгоҳ ӯро ба даст доштан дар қаллобӣ ва бадрафтории ҷинсӣ айбдор донист ва барояш 8,5 соли зиндон хост.

Муҳокимаи парвандаи пурсарусадои Асадуллоҳ Иброҳимов бо иттиҳоми қаллобӣ ва ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ дар додгоҳи Сино аз 18 октябр ба ин сӯ идома дорад. Исмоил Давлатов, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии ин парванда пурсарусадо рӯзи 21 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Асадулло Иброҳимов тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаи 139, қисми 2, банди "а", яъне "ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта" ва моддаи 247, қисми 2, банди "а", яъне қаллобӣ, мутаҳҳам дониста мешавад."

Вале Мавлудҷон Солиҳов, вакили дифоъи айбдоршаванда мегӯяд, ки ба моддаи 247 қисми 2 банди "а" розӣ нест. "Чунки дар тафтишоти пешакӣ, ки Иброҳимов гуё се маротиба 10 сомонӣ гирифта бошад дар рафти тафтишот муайян нашудааст. Баъакс Иброҳимов гуфтааст ба ҷабрдида 90 сомонӣ барои роҳкиро додааст ва худи Зулола Раҳимова дар додгоҳ тасдиқ кардқааст, ки аз Иброҳимов 65 сомонӣ гирифтааст ва ба хароҷоти шахсӣ сарф кардааст."

Қозии мурофиа аз рӯзи аввали муҳокима хабарнигоронро бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида ба толори додгоҳ роҳ надод, вале ба гуфтаи ӯ, Асадулло Иброҳимов дар ҷаласаи ахири додгоҳӣ, ки рӯзи 21 октябр доир шуд, эътироф кардааст, ки худро қисман гунаҳкор мешуморад. Асадулло Иброҳимов дар ҷараёни мурофиа дар мавриди навори видеоии нашршуда гуфтааст, ки гӯё он зан ӯро ба ин кор водор карда бошад. Аммо Исмоил Давлатов аз ироаи ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард.

Исмоил Давлатов
Исмоил Давлатов
Қозии парванда Исмоил Давлатов рӯзи 1;8 октябр қабл аз шурӯъи муҳокима гуфта буд, ҳарчанд парванда мӯҳри "махфӣ" надорад, вале муҳокимааш бо хоҳиши ҷониби ҷабрдида пушти дарҳои баста сурат мегирад. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ки он рӯз дар беруни дари додгоҳ ҳамроҳи хабарнигорон мунтазири анҷоми мурофиа буданд, гуноҳро бар сари зани ҷабрдида бор мекарданд. Яке аз онҳо бидуни бурдани ном гуфт: «Айб аз худи ҳамон зан аст. Шумо надидед, ки дар навор ҳам ҳамон зан худашро дар гардани мулло овезон мекунад?».

Саҳнаи вуруди Асадуллоҳ Иброҳим ба додгоҳ дар рӯзи 21 октябр:

Муллои гумонбар ба додгоҳ ворид мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00

Навори видеои «муллои ҷодугар» дар моҳи август дар телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаи Интернет пайдо шуда, баҳси пуршӯреро бахусус дар сӯҳбатҳои мардум вам ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ба бор овардаст.

Дар ин навор як зану як мард дида мешаванд ва гӯё мард бо қироати сураҳои Қуръон занро мебояд муолиҷа кунад. Аммо вай ҳангоми қироат ба бадани зан даст мезанад ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё ҳаракатҳои шаҳвонӣ бахше аз табобат бошад. Зан ба ин ҳаракатҳо зоҳиран мухолифате намекунад. Мақомоти тоҷик ин "муллои ҷодугар"-ро, ки сокини Лучоб Асадулло Иброҳимов ва аз фарзандони як рӯҳонии бонуфузи кишвар будааст, ҳанӯз дар поёни моҳи август боздошт карданд.

Хабари боздошти "муллои ҷодугар" - ро вазорати корҳои дохилӣ тариқи торнамои худ чунин баён карда буд: “Шаҳрванд Иброҳимов Асадулло Халилович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Лучоб, рӯзи 12-уми августи соли равон аз ҳолати оҷизонаи Р.З, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро истифода намуда, дар манзили истиқоматиаш бо ў ҳаракатҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ кардааст.” Сухангӯи вазорат шарҳ додааст, ки боздоштшуда ба баҳонаи аз тариқи дуохонӣ аз маризӣ раҳо кардани духтарон бо онҳо муносибати маҳрамона доштааст.

Аз шӯъбаи милисаи ноҳияи Синои пойтахт ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки Асадулло Иброҳимовро кормандони ин шӯъба дастгир кардаанд. Нарзулло Нидоев, ки қаблан ба сифати нозири минтақаии ин ноҳия дар кӯчаи Лучоб фаъолият кардааст, мегӯяд, Асадулло Иброҳимов аз хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва бародараш Убайдулло пешнамози масҷиди ҷомеъ аст. Аммо ӯ дар мавриди таҳсили динӣ доштан ё надоштани Асадулло Иброҳимов изҳори бехабарӣ кард.

Тафтиши парвандаи Асадулло Иброҳимов тавассути додситонии ноҳияи Сино дар аввалҳои моҳи ҷорӣ анҷом ёфта, ба додгоҳ фиристода шуд. Тафтиши парвандаро Баҳриддин Эмомов, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино бар дӯш дошт ва ба гуфтаи вай, алайҳи Асадулло Иброҳимов аз рӯи банди 139-уми Кондекси ҷиноии Тоҷикистон - “ҳаракатҳои зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ дошта” иттиҳом эълон шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳи Асадулло Иброҳимов, ба ӯ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG