Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои Ашраф Ғанӣ дар пайи суқути Қундуз


Амалиёти нирӯҳои давлатии Афғонистон дар Қундуз ба далели таъхири нирӯҳои изофӣ манъ шудааст. Қундуз 3 рӯз боз дар дасти Толибон боқӣ мемонад.

Амалиёти нирӯҳои Афғонистон барои касби дубораи назорат бар Қундуз зоҳиран дар интизори нирӯҳои тозанафас манъ шудааст. Бино ба хабарҳо, ҳудуди 5000 сарбози афғон дар майдони ҳавоӣ дар канори шаҳри Қундуз ҷамъ шудаанд. Аммо расидани нирӯҳои изофӣ аз вилояти ҳамсояи Бағлон ба далели ҳамлаи ҷангиён ба корвони онҳо ба таъхир уфтодааст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумони Афғонистон ба далели суқути шаҳри Қундуз ба дасти Толибон истеъфои раисиҷумҳур Ашраф Ғаниро талаб кардаанд.

Қундуз бо чизе бештар аз 300 ҳазор аҳолиаш панҷумин шаҳри бузурги Афғонистон ва нахустин маркази маъмурии як вилояти ин кишвар аст, ки ба дасти Толибон суқут кардааст. Ин шаҳри воқеъ дар ҳамагӣ 62-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 28 сентябр аз сӯи ҷангиёни Толибон тасарруф шуд.

Талаби истеъфои Ашраф Ғанӣ

Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯи Ашраф Ғанӣ гуфт, раисиҷумҳур ҷиҳати таҳқиқи чигуна ба дасти Толибон гузаштани Қундуз амр додааст. Ӯ афзуд, нирӯҳои афғон дар амри бозпас гирифтани шаҳр ба пешрафтҳое даст ёфтаанд. Ба гуфтаи Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз, нирӯҳои давлатӣ шоми 29 сентябро идораи пулиси Қундузро таҳти назорат овардаанд.

Идораи иктишофии Афғонистон рӯзи 29 сентябр гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ Мавлавӣ Салом, волии аз сӯи Толибон таъиншудаи Қундуз ва 15 тани дигар дар ҳошияи майдони ҳавоии шаҳр кушта шуданд. Тасдиқи воқеъияти ин хабар аз сӯи манобеи мустақил имкон надорад. Манобеи наздик ба Толибон кушта шудани Мавлавӣ Саломро рад мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, паймони низомии НАТО мегӯяд, нирӯҳои Амрико аз рӯзи 29 сентябр ба ин тараф болои мавқеъҳои ҷангиёни Толибон дар Қундуз 3 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Рон Плестек, як масъули дафтари матбуоти паймони низомии НАТО рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Нирӯҳои Амрико рӯзи 29 сентябр ду ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд. Ҳамлаи якум соати 9-15-и субҳ дар наздикии шаҳри Қундуз ва ҳамлаи дувум соати ёздаҳуними шаб дар минтақаи майдони ҳавоии Қундуз сурат гирифт. Нирӯҳои ҳавоии Амрико ҳамлаи сеюмро соати якуними шаби 30 сентябр низ дар наздикии майдони ҳавоии Қундуз анҷом доданд.”

Рон Плестек аз ироаи шумори нирӯҳои байналмилалие, ки ба амалиёти зидди Толибон дар Қундуз басиҷ шудаанд, худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки ӯ онҳо нирӯҳои афғонро дар ин амалиёт машварат ва тамрин медиҳанд. Ӯ афзуд, се ҳамлаи ахири ҳавоӣ аз сӯи нирӯҳои эътилоф низ ба хотири ҳимоят аз нирӯҳои байналмилалӣ анҷом шудааст.

Фирори мардум аз Қундуз

Фирори мардум аз Қундуз
Фирори мардум аз Қундуз

Гуфта мешавад, ҷангҳои сахт бисёре аз сокинони Қундузро маҷбур ба тарки хонаҳои худ ва паноҳ овардан ба вилоятҳои ҳамсояи Тахору Бағлон кардааст. Қодирхон, як сокини Қундуз, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш фирор кардааст, мегӯяд: “Қундуз дар оташи ҷанг месӯзад. Мардум аз ин ҳол хеле ба сутӯҳ омадаанд. Садҳо хонавода дарбадар шудаанд, бисёриҳо ҷои рафтан ё сарпаноҳе надоранд, дар даштҳо ба сар мебаранд.”

Кумиссари ҳуқуқи башари СММ Зайд Ал-Ҳусайн вазъи мардуми мулкӣ дар Қундузро нигаронкунанда номид. Ин ниҳод мегӯяд, гузоришҳое ба дасташ мерасанд, ки дар пайи ҳамлаи Толибон дар Қундуз дастикам 110 сокини мулкӣ кушта шудаанд. Зайд Ал-Ҳусайн аз тамоми ҷонибҳои даргир дар Қундуз хост, то ба ҳифзи ҷони мардуми мулкӣ ҷиддан муносибат кунанд.

Созмони “Афви байналмилалӣ” гуфт, “Толибон бо пинҳон шудан дар манрзилҳои мардум ва кофтукоби хона-ба-хона и кормандони давлат ва маъмурони амниятии афғон ҳаёти мардуми мулкиро зери хатари бештар мегузоранд.”

Табибони тоҷик куҷоянд?

Николас Ҳайсом, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо изҳори нигаронии амиқ аз вазъи Қундуз гуфт, “гузоришҳо дар бораи қатлҳои худсарона, аз ҷумла куштори кормандони ҳифзи сиҳҳат, рабудани одамон махсусан изтиробоваранд.” Дар пайи суқути Қундуз гузоришҳое нашр шуд, ки ҷангиёни Толибон ба бемористонҳо ҳамла оварда, чандин табибро куштаанд.

Дар Қундуз, бино ба хабарҳо, шуморе аз табибони тоҷик низ кор мекарданд. Мурод Сараев, як пизишк аз вилояти Хатлон, ки тоза аз вилояти Тахори Афғонистон баргаштааст, мегӯяд, бино ба иттилои ӯ, дастикам се табиби тоҷик дар Қундуз фаъолият доштанд ва як тан аз онҳо бо номи Ҷамшед бо ӯ гоҳ-гоҳ дар тамос буд. Аммо ӯ мегӯяд, бори охир бо Ҷамшед як ҳафта пеш сӯҳбат карда буд ва “дигар ҳеҷ хабаре аз ӯ надорам.”

Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, пизишкони тоҷик бидуни мувофиқа бо ин Вазорат ба Афғонистон рафтаанд ва аз ин рӯ онҳо ҳеҷ иттилое дар бораи онҳо надоранд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари пизишкон тариқи ширкатҳо ё шартномаҳои хусусӣ ба Афғонистон рафтаанд: “Мо медонем, ки пизишкони тоҷик дар Афғонистон кор мекунанд, аммо чун онҳо бе мувофиқа бо мо рафтаанд, шумор ва маҳалли зистк корашонро намедонем. Онҳо бештар тариқи ширкатҳо ва аз пеши худ барои кор ба Афғонистон рафтаанд. Бо ин вуҷуд, агар пизишке барои кӯмак муроҷиат кунад, ҳатман барояш то ҳади имкон кӯмак мерасонем.”

Қундузро кӣ гирифт?

Ваҳидуллоҳ Мужда, сухангӯи вазорати ҳифзи сиҳҳати Афғонистон мегӯяд, тақрибан 90 дарсади қурбониёндар Қундуз мардуми мулкианд.

Маъсум Станакзай, кафили вазири дифои Афғонистон рӯзи 29 сентябр гуфт, ҷангиёни Толибон барои тасарруфи Қундуз бо дигар гурӯҳҳои чирикӣ муттаҳид шудаанд. Ӯ гуфт, дар байни ин гурӯҳҳо ҷангиёни зодаи Чину Осиёи Марказӣ, ки амалиёти артиши Покистон аз сарзаминҳои қабиланишини он кишвар тангашон кардааст, низ ҳастанд.

Вилояти Қундуз яке аз манотиқи аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта ва аз лиҳози стратегӣ муҳими Афғонистон ба шумор меравад. Ин вилоят бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, Шерхон Бандар – бузургтарин гузаргоҳи марзӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳудуди ҳамин вилоят ҷойгир шудааст.

Шерхон-Бандар баста шудааст

Пули Панҷи поён
Пули Панҷи поён

Дар пайи суқути Қундуз гузаргоҳи Панҷи поёни Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар соҳили муқобили гузаргоҳи Шерхон-Бандар ҷойгир шудааст, ба сурати якҷониба баста шудааст.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Хатлон 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз бегоҳи дирӯз ба ин тараф ин гузаргоҳ аз самти Тоҷикистон баста аст ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи ворид шудан ба хоки Афғонистон дода намешавад.

"Аз тарафи Афғонистон молу маҳсулот ворид мешавад, вале ҳоло муваққатан ба хотири амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи рафтан ба он кишвар дода намешавад. Ҳоло вазъ дар марзи мо хуб ҳам бошад, аммо дар он тараф, дарунтари Қундуз чандон вазъ хуб нест," - гуфт ин манбаъ.

Аммо Фотеҳ Аминов, раиси ноҳияи Қумсангир гуфт, вазъ дар сарҳади ин ноҳия бо Афғонистон амн аст ва марзбонон ҳеҷ мушкиле надоранд: “Сарҳад тинҷ аст. Мо ҳамин саҳар бо сарҳадбонон сӯҳбат доштем, ҳама хуб буд. Мардум бояд хавотир набошанд ва ба ҳар гуна овоза бовар накунанд, зеро дар марзи мо ҳеҷ гап нест.”

Афғонистон бо Тоҷикистон беш аз 1300 километр хати марз дорад. Давоми як соли ахир дар навоҳии наздимарзии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон гурӯҳҳои толибон нуфуз пайдо кардаанд ва ҳамеша бо нерӯҳои ҳукуматӣ даргир ҳастанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ҳеҷ талоши марзшиканӣ аз ҷониби гурӯҳи толибонро сабт накардааст.

XS
SM
MD
LG