Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти нируҳои ҳукуматӣ барои гирифтани Қундуз


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки нируҳои онҳо барои бозпас гирифтани шаҳри Қундуз амалиёти зидди Толибонро оғоз кардаанд. 29 сентябр вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки нируҳои тозанафас ба Қундуз расидаанд ва амалиёт шурӯъ шудааст.

Шаҳри Қундуз-маркази вилояти ҳамномро Толибон як рӯз пеш ба тасарруфи худ дароварданд.

ар изҳороти вазорати дифоъ гуфта мешавад, ки нируҳои онҳо бинои идории вилоят ва зиндони шаҳрро ба контроли худ даровардаанд.

Ҳамзамон сухангӯи НАТО хабар додааст, ки ҳавопаймоҳои низомии Амрико аз ҳаво ба мавозеи Толибон зарба задаанд, то хатари ҳамлаи Толибон ба нируҳои ҳукуматӣ ва нируҳои эътилофӣ дар атрофи шаҳри Қундуз аз байн равад.

28 сентябр, ҳангоме ки Толибон биноҳои ҳукуматиро ба контроли худ дароварданд ва аз зиндон садҳо нафарро раҳо карданд, мақомоти вилоятӣ ба фурудгоҳи шаҳри Қундуз ақибнишинӣ карданд.

Бори аввал дар 14 соли ҳукумати кунунӣ ин шаҳри стротегӣ дар шимол ба контроли Толибон даромад.

XS
SM
MD
LG