Вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи сешанбе бо пахши як хабарнома эълон кард, ки нерӯҳои давлатӣ субҳи имрӯз амалиёти бозпас гирифтани шаҳри Кундузро оғоз карданд ва то ба ҳол бинои фармондеҳии амният ва зиндони Кундузро ба тасарруф дароварданд.
Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта шудааст, ки нерӯҳои тозанафас аз Тахор, Балх ва Кобул ба Кундуз расидаанд ва нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд. Нерӯҳои байналмилалӣ низ таъйид кардаанд, ки амалиёти бозпасгирии шаҳри Кундуз оғоз шудааст.
ХАБАРИ ОҶИЛ: Шаҳри Кундуз ба дасти Толибон афтод
Ҳукумати Афғонистон ҳамлаи рӯзи душанбе ба Кундузро як ҳамлаи террористӣ хонда ва эълон кардааст, ки дар он ҷангҷӯёни шабакаи Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ даст доштаанд.
Генерал Муродалӣ Мурод, муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон низ гуфтааст, ки ҳамла ба шаҳри Кундузро на танҳо ҷангиёни Толибон, балки шуморе аз ҷангҷӯёни тундрав ва ифротии гурӯҳҳои мухталифи хориҷӣ созмон дода ва ба Толибон кӯмак кардаанд.
Муҳаммад Аюби Солангӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон ба хотири пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
Мақомоти афғон гуфтаанд, ки ҷанҷӯёни Толибон пас аз суқути шаҳр вориди тиллофурӯшиҳо, дӯконҳо ва хонаҳои мардум шуда, ба ғоратгарӣ даст задаанд.
Дар хоби шабмон сабуки меорад. Ин РуСиё дахсолахост ки танхо ваъда медихад. Базаи харбиашро дар Точикистон бепул чой кард, акнун навбати кадом як Союзи дуругаеи ташкил кардааш. Базаашро аз Точикистон барорад,- ман як шахрванди ин кишвар аз РуСиёхи ваъдахилоф талаб мекунам.
Аз рузи таваллуд то 18солагиат ватан ба туву модарат чи хизмат кард. Таваллудхона,богча,мактаб ва вакте бемор шуди ё модарат бемор шуд. Сару либос, хуроквори...... Ватан туро пурсид
Ин бояд ба унвони таҷриба қабул карда шавад, ки нишон дод, ки шахс ё гурӯҳе аз пешвоёни кишвар, ки дар муҳити космополитизми примитивии мустамликавии шӯравӣгарои/ русгарои/ ғарбгарои ба воя расидаанд, арзишҳо ва орзуҳои мардуми бумиро, комилан намефаҳмиданд. Ва режими феълии Раҳмонов, кӣ инчунин фарзандони худро дар мадрасаҳои амрикои-бритониёи таълим медиҳанд, дар оянда, билфарз агар дар қудрат бимонанд, айнан ҳамон хатоҳои элитаи шимолӣ даврони шуравиро, такрор хоҳанд кард. Чункӣ дар маҷмуъи арзишҳои бегона ба мардуми тоҷик, таълим ва шакл мегиранд. Аз ин рӯ, барои ҳар як миллат ва кишвар муҳим аст, ки нухбагони худро бар асоси арзишҳои динӣ ва миллии, худи мардуми буми тарбият ва парвариш кунад. Фарзандон дар мактабҳои тоҷикӣ таълим бигиранд, ба фарзандони худ Исломро биомӯзем, забонҳои хориҷӣ (арабӣ барои тамос бо ҷаҳони Ислом, англисӣ барои тамос бо ҷаҳони Ғарб, русӣ барои фазои пасошӯравӣ). Фарзандони худро ба деҳот ба хонаҳои хешовандон баред, то онҳо решаи худро гум накунанд. Ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунед барои омӯхтани таҷрибаи мусбӣ, аммо тақлид накунед. Ин эҳтимолан, ягона роҳи тарбияи нухбагони ояндаест, ки қодир бошанд ба унвони мусалмони-тоҷик, бо ҷаҳонбинӣ ва чашмандози васеъ, кӣ на бораи ғанисозии худ, балки бораи некӯаҳволи ва рифоҳи миллату давлат фикр кунанд, ва дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон, абзори ақли ва зеҳниеро доро бошанд, кӣ бо бозигарони дигари ин саҳна, тавони гап заданро дошта бошанд. Ps: бале, long reed шуд, вале фишурдаи existential.
Бас будагист наход туҳмат ба ин дараҷара давомнок бошад.инхел бошад бояад мувофиқи кодекси ҷиноии 247 эмомали қати аҳлу авлодаш 12 сол зиндони шаванд.
Дар хакикат чаримабанди дар Точикистон зиед шудааст халк бо ин нарху навои бозор аз кучо имконияти додани чаримаро доранд мачбур мешаванд ки худкуши кунанд. Шахсоне ки беасос чарима мекунанду боиси марги инсонхи бегунох мешавад иншоолох дар назди Худованд чазоящонро мегиранд