Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Украина бояд артишашро пас бикашад (5 ВИДЕО)


Сергей Лавров дар Вена

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, мақомоти Украина бояд ба хзотири оддӣ сохтани вазъ нирӯҳои артишро аз вилоятҳои шарқи ин кишвар берун бикашанд.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки дар Вена, пойтахти Австария дар пайи нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Аврупо сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти Украина бояд ба хзотири оддӣ сохтани вазъ нирӯҳои артишро аз вилоятҳои шарқи ин кишвар берун бикашанд. Лавров гуфт, дар шароите ки артиш дар муқобили мардуми мулкӣ гузошта шудааст, баргузории интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина "амре ғайримуқарраӣ" мебуд.

Вазири хориҷаи Русия гуфт, даври нави музокироти байналмилалӣ дар Женева дар масъалаи Украина метавонад мисли "роҳ гаштан дар дохили давра" шавад ва натиҷае ба бор на орад. Ба бовари Лавров, музокироти Украина фақат замоне натиҷа хоҳад овард, ки агар ба он намояндагони минтақаҳои русзабони он кишвар ҳам ҷалб шаванд.

Аммо вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг қабл аз нишасти Вена гуфт, аҳли ин ҳамоиш бояд ба Русия паёми босароҳат бифиристанд, ки ба интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина дахолат накунад.
Лавров: Музокироти нави Украина маъно надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Фурудгоҳи Донетск баста шуд
Фурудгоҳи Донетск
Фурудгоҳи Донетск
Фурудгоҳи шаҳри ошӯбзадаи Донетск баста шудааст. Дар сомонаи фурудгоҳ навиштаанд, ки нишасту хези ҳавопаймоҳоро дар ин фурудгоҳ бо амри ҳукумат қатъ кардаанд. Фурудгоҳи маркази вилояти ошӯбзадаи Донетск рӯзи 6 май дар ҳоле баста шуд, ки нирӯҳои амниятии Украина аз 5 май вориди шадидтарин даргириҳо бо ҷулоиталабон дар чандин шаҳри ин вилоят шудаанд. Ҳукумати Украина дар бораи далоили бастани фурудгоҳи Донетск маълумот надодааст ва сухангӯи фурудгоҳ ҳам гуфт, ба ӯ маълумоте дар ин бора надодаанд, ки оё фурудгоҳ кай дубора боз мешавад.

Рӯзи 5 май дар задухӯрдҳо дар атрофи шаҳри Словянски вилояти Донетск, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, дастикам 4 тан аз нирӯҳои Украина кушта шуданд. Вазири дохилаи Украина Арсен Аваков мегӯяд, дар инҷо дастикам 30 ҷудоиталаб ҳам ҳалок шудаанд. Худи ҷудоиталабон ҳалокати 20 тан аз ҳамсафони худро эътироф кардаанд.

Нирӯҳои давлатии Украина бо роҳандозии як амалиёти “зиддитеррор” аз 15 апрел ба ин сӯ талош доранд, вилоёти умдатан русзабон ва ошӯбзадаи шарқи ин кишварро, ки ҷудоиталабон дар дастикам 12 шаҳраш биноҳои давлатиро тасарруф кардаанд, таҳти назорати худ баргардонад. Аммо то кунун ин амалиёт чандон комёб набудааст.

Волии Одесса барканор шуд

Олександр Турчинов, кафили раёсатҷумҳурӣ ва раиси порлумони Украина, рӯзи 6 май Владимир Немеровскийро аз мақоми волии вилояти Одесса барканор кард. Вакили порлумон ва раҳбари пешини ширкати бузурги нафтии “Укрнафта” Игор Палитса раҳбари нави вилояти Одесса таъин шуд. Расонаҳо менависанд, ки Палитса аз ҳамкорони волии вилояти Днепропетровск, сармоядор Игор Коломойский мебошад.
Пулисро дар Одесса Горди миллии Украина иваз мекунад
Пулисро дар Одесса Горди миллии Украина иваз мекунад
Киев ҳамин тавр, рӯзи 5 май ба шаҳри бандарии Одесса дар ҷануби Украина як воҳиди Горди миллиро фиристод. Ҳадаф аз ин иқдом пешгирӣ аз густариши рӯёрӯиҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон аз шарқ ба ҷануби Украина гуфта мешавад. Рӯзи 2 май дар даргириҳо байни издиҳоми тарафдорони Русия бо издиҳоми тарафдорони Украина дар Одесса беш аз 40 нафар ҷон бохтанд.

Киев мегӯяд, нирӯҳои Горди миллӣ дар Одесса нирӯҳои пулисро, ки рӯзи 2 май натавонистанд аз хушунатҳо пешгирӣ кунанд, иваз мекунад.

Рӯзи 5 май дар даргириҳо дар шарқи Украина боз як чархболи нирӯҳои давлатӣ суқут кард. Ин сеюмин чархболи нирӯҳои Украина аст, ки аз оғози марҳалаи навбатии амалиёти “зиддитеррор” дар ҳафтаи гузашта аз сӯи ҷудоиталабони тарафдори Русия зада мешавад.

Арсен Аваков рӯзи 5 май зимни боздид аз нирӯҳои давлатӣ дар наздикии Словянск ба хабарнигорон гуфт, “дар ин ҷо ҷанг алайҳи мо ва дар хоки мо идома дорад.” Аваков гуфт, “вуҷуди мардуми мулкӣ дасту пои нирӯҳои Украинаро бастааст. Сарбозони Украина наметавонанд алайҳи мардуми мулкӣ тир андозанд. Душманони мо дар пушти онҳо пинҳо шуда, алайҳи мо тир мекушоянд.” Мақомоти Киев пайваста мегӯянд, ки ҷудоиталабон аз мардуми мулкӣ ҳамчун сипари зинда истифода мебаранд.

Русия дар ҳамин ҳол, аз давлати Украина даъват кардааст, то амалиёти низомӣ дар шарқи он кишварро қатъ карда, барои ҳалли бӯҳрон вориди музокирот шавад.

Вазири хориҷаи Австрия Себастян Курз рӯзи 5 май дар Вена бо вазирони хориҷаи Русияву Украина Сергей Лавров ва Андрий Дешитса мулоқот кардааст. Курз гуфт, умедвора аст, ки нишасти рӯзи 6 майи Шӯрои вазирони хориҷаи Аврупо дар Вена “платформаи хубе барои тамосҳои мустақим байни Украина ва Русия хоҳад шуд.”

Нирӯҳои Молдова - дар ҳолати омодабош


Молдова дар ҳаимн ҳол, нирӯҳои марзбониашро ба далели бадтар шудани вазъи амниятӣ ва ташдиди хушунатҳо дар Украинаи ҳамсоя ба ҳолати омодабош овардааст. Раҳбарони Молова ин иқдомро дар пайи эъзоми нирӯҳои низомии Украина ба Одесса ва шиддат гирифтани даргириҳо дар шари Украина эълон карданд. Дар баёнияи муштараки раисиҷумҳури Молдова Николае Тимфтӣ, сарвазир Юрий Линча ва раиси порлумони Игор Корман гуфта мешавад, ба нирӯҳои амниятии Молдова амр шудааст, ки “барои таъмини тартибот дар дохили кишвар тамоми тадбирҳои лозимро бияндешанд.” Онҳо ҳамчунин бори дигар аз якпорчагии Украина пуштибонӣ кардаанд.

Тақрибан 1500 афсари аскари артиши Русия дар қаламрави вилояти аксаран русзабон ва ҷудоиталаби Приднестровйеи Молдова мустақар шудаанд. Ин вилоят аз авоили солҳои 90 ба Кишинёв итоат намекунад. Сарвазири Молдова аз эҳтимоли “иғво” аз ҷониби ин вилоят ҳушдор додааст. Мақомоти паймони низомии НАТО қаблан ҳушдор дода буданд, ки Приднестровйе дар баробари вилоятҳои русзабони шарқ ва ҷануби Украина метавонад ба яке аз ҳадафҳои ишғолгариҳои низомии Русия табдил биёбад.

5 май: Ҷангҳо дар Словянск
Вазорати умури дохилаи Украина шоми 5 май хабар дод, ки дар даргириҳо бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар атроф ва дохили шаҳри Словянск 4 тан аз нирӯҳои давлатии Украина кушта ва 30 нафар захмӣ шудаанд. Бино бар ин манбаъ, ҷангиён дар Словянск аз мардум ба ҳайси сипари зинда истифода бурда, аз дохили манзилҳо тир мекушоянд. Аммо дар ин бора ки дар ҷангҳои рӯзи 5 май касе аз мардуми мулкӣ ҳам кушта шудааст ё на, оморе дода нашудааст.

Ҷангҳои рӯзи 5 май шадидтарин ва ҳам пурқурбонитарин набардҳо аз оғози амалиёти "зиддитеррор" дар шарқи Украина гуфта мешавад. Қаблан бахши русии Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки дар набардҳои рӯзи 5 май дар Словянск 8 нафар аз нирӯҳои давлатӣ ва 12-15 тан аз ҷудоиталабон кушта шудаанд.

"Комсомольская правда" видеои хабарнигораш аз Словянскро нашр кард, ки дар он як ҷангӣ аз нирӯҳои "худдифоъ" чигуна ба муҳосира афтодани гурӯҳашро қисса мекунад. Ин видеоро инҷо тамошо кунед:

Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков қаблан хабар дода буд, ки нирӯҳои давлатӣ рӯзи 5 май "ҳадафи шабехуни террористҳо" қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи Аваков, ҷудоиталабон дар ин рӯёрӯӣ аз силоҳҳои сақил низ истифода бурдаанд. Бино ба хабарҳо, ҷангиёни тарафдори Русия ба сӯи маркази Словянск ақиб нишастаанд.

Аваков гуфтааст, субҳи 5 май марҳалаи инак сеюми амалиёти "зиддитеррор" алайҳи ҷудоиталабон шурӯъ шуд ва нирӯҳои давлатӣ талош доранд "кам-кам" ба сӯи маркази шаҳр пеш бираванд. Аваков шумори ҷудоиталабонро то 800 нафар баршумурда гуфтааст, ки онҳо силоҳҳои сақил ҳам доранд.

Ҷудоиталабон дар маркази Словянск биноҳои шаҳрдорӣ, пулис ва СБУ - Хадамоти амнияти Украинаро тасарруф карда, чандин нафар, бо шумули шаҳрдори Словянскро дар асорат нигоҳ медоранд.

Словянск бо ҳудуди 140 000 аҳолӣ, дар тақрибан 110-километрии шимоли маркази вилояти Донетск, яке аз дастикам 8 шаҳри ин вилояти умдатан русзабон аст, ки таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дорад.

Мақомоти Украина бо ҳадафи касби назорат бар ин шаҳрҳо ҳанӯз аз 15 апрел амалити "зиддитеррор"-ро ба роҳ андохтааст. Вале то кунун ин амалиёти низомӣ чандон комёбии зиёд наовардааст.

Аммо акнун вазъ метавонад тағйир кунад. Бино ба охирин гузориши СБУ, нирӯҳои зиддитеррор назорати вазъ дар Словянск ва Краматорск, яке дигар аз марказҳои умдаи ҷудоиталабони шарқи Украинаро ба дасти худ гирифтаанд. Аммо сухангӯи СБУ Марина Остапенко гуфтааст, биноҳои пулис, СБУ ва ҳукуматҳои ҳарду шаҳр дар дасти ҷудоиталабон боқӣ мемонад.

Ситоди нирӯҳои "худдифоъ"-и Донбасс ҳам эътироф кард, ки ҷангҳо дар маркази шаҳри Словянск идом адоранд. Як намояндаи ин ситод ба Интерфакс гуфтааст: "Нирӯҳои низомӣ ҳарчӣ дохилтари шаҳр мешаванд, чирикиҳо талош доранд, ҳаддалимкон мақеъҳои худро нигоҳ бидоранд ва танҳо дар ҳолати ногузир ақиб нишинанд. Ҷангҳо бевосита дар Словянск рафта истодаанд."

Турчинов: Русия дар ҳоли ҷанг бо Украина қарор дорад

Раҳбари муваққати Украина гуфт, Русия "дар ҳоли ҷанг" бо Украина қарор дорад ва талош мекунад, то вазъро дар шарқи Украина комилан ба ҳам бизанад.
Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов гуфт, Русия "дар ҳоли ҷанг" бо Украина қарор дорад ва "мушкили бузург" дар шарқи Украина ҳимояти маҳаллӣ аз Маскав аст. Турчинов рӯзи 4 май дар телевизиони "Канал 5" Маскавро ба "комилан бесубот кардани вазъ" дар шарқ ва ҷануби Украина айбдор кард.

Раҳбари муваққати Украин гуфт, Одесса "яке аз аҳдофи умдаи Русия ба шумор меравад." Вале, афзуд ӯ, украиниҳои "ватандӯст" пеши роҳи "иғвогарон ва ҷудоиталабони маҳаллӣ"-ро, ки мехостанд бо ҳадафи ба зону шинондани Одесса даст ба беназмиҳо бизананд, гирифтанд. Турчинов гуфт, дар байни ташкилкунандагони хушунатҳои ахири Одесса, ки беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт, шумори зиёди афроди "соҳиби шиносномаҳои Русия ва меҳмонон" аз вилояти ҷудоиталаби Приднестровйеи Молдова ҳам буданд. Ба ақидаи Турчинов, дар шарқи Украина бисёре аз ходимони пулис ҳам ба гурӯҳҳои ҷудоталаб алоқа нишон медиҳанд.
Турчинов: Русия дар ҳоли ҷанг бо Украина қарор дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

4 май: Раҳоии 67 тарафдори Русия дар пайи ҳамла ба пулиси Одесса

Хабарҳои расида аз Одесса мегӯянд, дар пайи ҳамлаи издиҳоми тарафдорони Русия ба идораи пулиси ин минтақа 67 тан аз фаъолони рӯ ба Русияро озод кардаанд. Бино ба гузоришҳои расида, рӯзи 4 май садҳо нафар тарафдорони Русия ба бинои пулис дар шаҳри Одесса ҳамла кардаанд. Онҳо қаблан бо талаби раҳоии ҳамсафонашон, ки баъди даргириҳои хунини рӯзи 2 май дастгир шуданд, идораи пулисро иҳота карда буданд.
Раҳо ёфтани тарафдорони Русия аз боздошт дар Одесса
Раҳо ёфтани тарафдорони Русия аз боздошт дар Одесса
Бино ба хабарҳо, эътирозгарон баъди онки маъмурони пулис монеъи вуруди онҳо ба бинои идораи пулис шуданд, дарвозаву тирезаҳоро шикаста, талоши даромадан кардаанд. Ба дунболи ин ҳамла пулис 67 нафар аз онҳоеро ки бо гумони даст доштан дар ошӯбҳои рӯзи 2 май дастгир карда буд: раҳо кардааст.

Рӯзи 2 май дар задухӯрдҳо байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва тарафдорони Украина дар маркази Одесса беш аз 40 нафар кушта шуданд. Ин хунинтарин хушунат дар Украина аз замони ҳалокати беш аз 80 эътирозгар дар эътирозҳои зидди ҳукумати Виктор Янукович дар моҳи феврал дар Киев дониста мешавад. Аксари қурбониҳо дар натиҷаи сӯхтор дар дохили қасри Иттифоқҳои касабаи Одесса кушта шуданд.

Киев дар ошӯбҳои Одесса дасти Русияро мебинад

Мақомоти Украина дар ошӯбҳои хунини Одесса Русияро айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин қазия ба таври фарогир ва мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд.
Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 4 май зимни боздидаш аз Одесса Русияро ба таҳрики хушунатҳои ахири хунин дар ин бандари баҳри Сиёҳ айбдор кард. Ятсенюк гуфт, даргириҳои рӯзи 2 май байни тарафдорони Русия ва тарафдорони Украина дар Одесса "амали хуб тайёршуда ва ташкилшуда алайҳи мардум, алайҳи Украина ва алайҳи Одесса" буд.

Раҳбари пулиси Одесса баъди ин ошӯбҳо аз мақом сабукдӯш шудааст. Ятсенюк мақомоти амниятиро ба беамалӣ ва нокомӣ дар амри ҷилавгирӣ аз ин хушунатҳо айбдор кард. Ятсенюк таҳқиқи мустақилу фарогири ин хушунатҳоро ваъда дод ва гуфт, ҷудоиталабон ҳам бо рафтори худ ин хушунатҳоро таҳрик додаанд.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон хостори таҳқиқи мустақилонаи сӯхтори пурқурбонӣ дар Одесса шуд. Эштон дар баёнияаш меафзояд, ки ИА аз ҳамагон мехоҳад, "то хештандорӣ нишон дода, ин фоҷиаро бо ҳадафи доман задани адоват, ҷудоӣ ва хушунатҳои бемаънии бештар сӯъиистифода набаранд."

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов дар робита ба ҳалокати беш аз 40 нафар дар ошӯбҳои Одесса мотами саросарӣ эълон кардааст. Пулиси Украина мегӯяд, бинои Иттифоқҳои касаба дар натиҷаи истифодаи ҷудоиталабони дар ин бино паноҳбурда аз коктейлҳои Молотов дар гирифтааст. Мақомоти амниятии Украина дар ошӯбҳои Одесса нафарони наздик ба раисиҷумҳури барканоршуда Виктор Януковичро айбдор мекунанд.
Задухӯрдҳои хунин дар Одесса
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Шарқи Украина: Идомаи ошӯбҳо ва идомаи амалиёт

Нирӯҳои давлатии Украина ҳалқаи муҳосираи ҷудоиталабонро дар атрофи Словянск тангтар карда, шаҳри Краматорск тақрибан пурра зери назорат овардаанд. Амалиёти нирӯҳои давлатии Украина алайҳи ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки субҳи 2 май оғоз ёфта буд, ҳамчунон идома дорад. Тайи 2 рӯзи ахир дар ошӯбҳо дар шарқ ва ҷануби Украина беш аз 50 нафар кушта шуданд. Аксари кушташудаҳо қурбони даргириҳои рӯзи 2 май байни тарафдорони Украина ва тарафдорони Русия дар Одесса шудаанд.
Бино ба гузоришҳои расида,нирӯҳои давлатӣ то субҳи 4 май ҳамаи 14 посгоҳи ҷудоиталабон дар атрофи Словянскро ба даст оварда, шаҳри Краматорск, ба истиснои бинои Шӯрои шаҳрӣ низ пурра зери назорати нирӯҳои давлатии Украина омадааст.

Хабарҳои расида аз вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина ҳокист, ки нирӯҳои давлатӣ дар амалиёти зиддитеррор дар Словянску Краматорск ба пешрафиҳо даст ёфтаанд. Хабарнигори телевизиони русии “Россия 24”субҳи 4 май аз дохили Краматорск гузориш дод, ки ин шаҳр, ба истиснои Шӯрои шаҳрӣ пурра таҳти назорати нирӯҳои давлатии Украина қарор гирифтааст. Мақомоти Украина қаблан аз касби назорат бар манораи телевизиониву фурудгоҳ ва дафтари СБУ – Хадамоти амнияти Украина – дар Краматорск хабар дода буданд.

Ҳамин тавр, субҳи 4 май аз даргириҳо дар шаҳрҳои Мариупол ва Константиновкаи вилояти Донетск гузоришҳо ба даст мерасанд.
Нирӯҳои Украина дар Словянск
Нирӯҳои Украина дар Словянск
Аз Словянск- маркази асосии нирӯҳои ҷудоиталаб, воқеъ дар тақрибан 30-километрии маркази вилояти Донетск низ субҳи 4 май аз идомаи даргириҳо дар атроф шаҳр гузориш шудааст. Қаблан хабар омада буд, ки нирӯҳои давлатӣ ҳамаи 14 посгоҳи ҷудоиталабон дар атрофи ин шаҳрро ба даст овардаанд. Аммо хабарнигорони Русия, ки дар дохили шаҳр қарор доранд, мегӯянд, шаби гузашта ором сипарӣ шуд ва садои тирпаррониҳо тақрибан ба гӯш намерасид. Гуфта мешавад, дар Словянск як вазъи пуртаҳлука ҳукмфармост – мардум аз баромадан ба кӯча худдорӣ мекунанд ва мағозаҳо ҳам кор намекунанд.

Рӯзи шанбе “шаҳрдор”-и худхондаи Словянск Вячеслвав Пономарёв 7 афсари аврупоӣ ва 5 афсари украинӣ аз як ҳайъати нозирони низомии САҲА-ро, ки аз 25 апрел дар асорати ҷудоиталабони Словянск қарор доштанд, раҳо кард. Шаби 3 май ҳавопаймои давлати Олмон ин 7 нозири аврупоиро ба Берлин овард. Раҳоии онҳо бо миёнҷигии Владимир Лукин, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин сурат гирифт. Рӯзи 2 май садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як тамоси телефонӣ аз Путин хост, то дар раҳоии ин нозирон кумак кунад. Дар айни замон дар Интернет аз номи СБУ – Хадамоти амнияти Украина – навори сабти сӯҳбатҳои Лукин бо Игор Стрелков (Гиркин), як фармондеҳи асосии ҷудоиталабон дар Словянск нашр шудааст, ки ба иддаои ноширонаш, даст доштани Русия дар боздошти нозирони низомии САҲА-ро собит мекунад. Мақомоти Украина мегӯянд, Гиркин (Стрелков) дар асл афсари нирӯҳои вижаи ГРУ - Хадамоти ҷосусии артиши Русия аст.

https://www.youtube.com/watch?v=TkQW-25O2P4

Воқеъияти ин навор расман ташхис нашудааст ва на ҷониби Русия ва на СБУ низ воқеъият доштан ё надоштани ин наворро то ҳол тасдиқ ё рад накардаанд.

Йозеф Петровский, нозири низомӣ аз Ҷумҳурии Чех баъди раҳоияш аз асорат ба хабарнигорон гуфт, онҳо чанд соати аввали асорат дар даст ҷудоиталабон дар Слоянскро дар таҳхонае бо дастону чашмони баста сипарӣ карданд.

Дар айни замон, ҷудоиталабон дар шаҳрҳои дигари шарқи Украина, ки ҳанӯз берун аз қаламрави амалиёти зиддитеррори нирӯҳои давлатӣ қарор доранд, низ ба “ишғолгарӣ”-ҳои худ идома медиҳанд. Дар маркази вилояти Луҳанск ҷудоиталабон талош карданд ба бинои кумиссариати низомии ин вилояти умдатан русзабон ҳамла баранд.

“Волӣ”-и худхонда Луҳанск Болотов дар саросари ин вилояти ҳаммарз бо Русия вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда, аз тамоми нирӯҳои силоҳбадасте, ки аз берун омадаанд, хостааст, то қаламрави Луҳанскро тарк кунанд. Ба бовари ҷудоиталабон, дар дохили кумиссариати низомӣ нирӯҳои эъзомии ҳукумати марказии Украина мустақар шудаанд. Дар даргирӣ барои ин таъсисот, бино ба хабарҳо, дастикам як сарбоз кушта шудааст.

Ҷудоиталабон дар Донетск
Ҷудоиталабон дар Донетск
Ҳамин тавр, издиҳоми тарафдорони Русия дар шаҳри Донетск, маркази вилояти ҳамноми Донетск, ба қароргоҳи Иттиҳоди саноатии Донбасс ҳамла карданд. Волии миллиардери Донетск Сергей Тарута дар паи тасарруфи бинои ҳукумати вилоят аз сӯи ҷудоиталабон дар ҳамин бино кор мекард. Гуфта мешавад, ҳамлагарон бидуни ягон муқовимат дохили бинои Иттиҳоди саноатии Донбасс шуданд, вале Тарутаро дар дохили бино пайдо накарданд. Ҷудоиталабон Тарутаро ба он байбдор мекунанд, ки ба хотири манофеи ширкатҳояш ва ба хотири мансаб аз ҳукумати марказии Украина пуштибонӣ мекунад.

Тарафдорони Русия дар Донетск ҳамин тавр, рӯзи 3 май бинои СБУ-ро бидуни ягон муқовимат ба даст овардаанд.

Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфтааст, дар чунин вазъ баргузории интихоботи рӯзи 25 майи раёсатҷумҳурии Украина маъно надорад. Аммо вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар як тамоси телефонӣ ҳамтои русаш Сергей Лавровро ҳушдор додааст, ки Русия дар сурати идомаи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар Украина ба таҳримҳои боз ҳам бештар рӯбарӯ хоҳад шуд.
Янукович ва Путин. Акс аз бойгонӣ
Янукович ва Путин. Акс аз бойгонӣ
Вазъи Украина баъди суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар поёни моҳи феврал ба бӯҳрони ҷиддӣ гароид. Русия бо истифода аз фурсат қаламрави нимҷазираи Қримро ишғол кард ва сипас бо баргузории як раъйпурсӣ вилояти Қрим ва шаҳри Севастополро ба ҳайси ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ин иқдом ба мавҷи интиқодҳо дар Киев ва Ғарб рӯбарӯ шуд ва Амрикову Аврупо алайҳи Русия як силсила таҳримот ҷорӣ карданд.

Аммо аз оғози моҳи апрел вазъ дар вилоятҳои дигари умдатан русзабони шарқ ва ҷануби Украина ба танишҳо печид. Ҷудоиталабоне, ки ба бовари мақомоти Украина, аз сӯи Русия ҳимоят ва ҳидоят мешаванд, биноҳои давлатӣ дар чандин шаҳр, аксаран дар вилояти Донетск ва дар маркази вилояти Луҳанскро тасарруф карданд. Ҳамин тавр, рӯзи 7 апрел дар Донетск аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар доданд. Ҳоло ҷудоиталабон мехоҳанд рӯзи 11 май дар як раъйпурсӣ масъалаи аз ҳайати Украина ҷудо шудани вилоятҳои шарқи ин кишварро матраҳ кунанд.

Дар Киев ва дар Ғарб бар ин назаранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар байни русзабонҳо дар шарқ ва ҷануби Украина аз сӯи Маскав ҳимоят ва ҳидоят мешавад. Аз ҷумла тавассути аъзои ҳукумати собиқи Виктор Янукович, ки қариб ҳамагӣ дар Русия паноҳ бурдаанд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG