Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мустафо Ҷамилевро ба Қрим роҳ надоданд


Тоторҳои Қрим аз гӯшаҳои гуногуни нимҷазира ба марзи Русия ва Украина омаданд, то аз вуруди раҳбарашон Мустафо Ҷамилев ба Қрим пуштибонӣ кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи шанбе, 3 май дар шаҳри Армянск тақрибан 5 ҳазор тоторҳо ҷамъ омадаанд. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки мақомоти Қрим ба шаҳри Армянск нерӯҳои иловагии милисаро мефиристанд. Аз ин пештар сардори раёсати вазорати умури дохилии Русия дар Қрим Сергей Абисов ба макони ҳамоиши тоторҳои Қрим дар шаҳри Армянск омад ва эълом дошт, ки ба Мустафо Ҷамилев иҷозаи вуруд ба Қрим дода нашудааст.

Хабаргузориҳо менависанд, ки бо вуҷуди эътирозҳо ба Мустафо Ҷамилев муяссар нашуд, ки вориди замини бобоӣ шавад.

Ба вакили парлумони Украина ва раҳбари тоторҳои Қрим рӯзи 2 май ҳам иҷозаи парвоз тавассути ҳавопаймои хатсайри Маскав- Симферополро ҳам надоданд ва ӯ тасмим гирифта буд, ки бо мошин аз Киев ба Қрим сафар кунад.

Вазорати умури хориҷии Украина рӯзи шанбе изҳор намуд, ки мақомоти Русия
бо манъи вуруди Мустафо Ҷамилев ба нимҷазираи Қрим бори дигар дили мардуми азиятдидаи тоторро озор доданд. Дар изҳорот омадааст, ки манъи вуруд ба Қрим - "интиқом аз Мустафо Ҷамилев барои мавқеи оштинопазираш дар мавриди раъйпурсӣ оид ба илҳоқи нимҷазира ба Русия мебошад".

Анна Райская, таҳлилгари сиёсии муқими Киев ҳам мегӯяд, ки ин гуна бархӯрд бо Мустафо Ҷамилев пешбинишаванда буд, «зеро ӯ борҳову ҳорҳо дар бораи украинӣ будани Қрим таъкид мекард ва ҳамвора мегуфт, ки торторҳои Қрим мехоҳанд бахше аз Украина бошанд. Онҳо пештар ба унвони ягона сокинони таърихии Қрим аз Созмони Милал хоста буданд, ки ҳаққи таъини сарнавишти зуд дар чаҳорчӯби Украинаро барояшон тазмин бикунанд».

Хонум Райская афзуд, ки мақомоти рӯ ба Маскави нимҷазираи Қрим раҳбари тоторҳои Қримро барои 5 сол аз ҳаққи вуруд ба ин вилоят манъ карда, аз боқӣ тоторҳо ҳам хостаанд, ки агар розӣ нестанд, тарки ин минтақа кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз рӯзи 22 апрел Мустафо Ҷамилевро ҳангоми убураш аз марзи Қрим ба Украина онаҳ карданд, ки то соли 2019 “персона нон грата” ё нафари мамнӯъулвуруд эълон шудааст.

Мустафо Ҷамилев, раҳбари тоторҳои Қрим ва вакили порлумони Украина аз ҳизби “Баткившина”-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко, миёнаҳои моҳи апрел ҳангоми вуруд ба Қрим барои як муддати кӯтоҳ дар марз боздошт шуда буд. Рӯзҳои боздиди ӯ аз Қрим як гурӯҳ силоҳбадастон вориди дафтари Маҷлиси тоторҳои Қрим шуда, се корманди ин созмонро латукӯб кардаву парчами давлатии Украинаро аз бомаш канданд.

Мустафо Ҷамилев раҳбарони рӯ ба Маскави Қримро айбдор кард, ки дар пайи тасарруфи ин нимҷазира аз сӯи Русия дар моҳи март маъракаи таъқиби тоторҳоро шурӯъ кардаанд. Тоторҳои Қрим дар раъйпурсии 16 март аз пайвастани ин вилоят ба Русия пуштибонӣ накарданд. Ба гуфтаи Ҷамилев, “бисёре аз тоторҳо ба ин далел ки аз гирифтани шиносномаҳои Русия даст кашиданд, аз ҷои корашон маҳрум шудаанд."

Сергей Аксёнов, ки ду ҳафта пеш аз сӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин раҳбари Қрим таъин шуд, рӯзи 21 апрел дар саҳифааш дар Твиттер аз тоторҳо, ки сокинони бумии Қрим ба шумор мераванд, талаб кард, ки агар бо сиёсати кунунии ҳокимони ин вилоят розӣ нестанд, пас бояд тарки ин минтақа кунанд.

Тоторҳо дар ҳоли ҳозир 12 дарсад аз 2,5 миллион аҳолии Қримро ташкил медиҳанд. Наздики 56 дарсади аҳолии ин вилоят русзабонҳо ва 23 дарсадаш украиниҳоянд.
XS
SM
MD
LG