Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони Салоҳиддинро баъди 6 сол ёфтанд (ВИДЕО)


Салоҳиддин Азизов

Матбуоти Русия мегӯяд, қотилони шаҳрванди тоҷик Салоҳиддин Азизов баъди панҷуним сол ошкор шуда ва ҳам маълум шудаааст, ки сари ӯро дар декабри соли 2008 сирф "дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ" аз танаш ҷудо кардаанд.

Нашрияи “Новая газета”-и чопи Маскав менависад, ба зудӣ дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи парвандаи аъзои гурӯҳи БОРН (Боевая организация русских националистов – Созмони ҷангии қавмгароёни рус) шурӯъ мешавад, ки ба як силсила қатлҳои пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва журналисти “Новая газета” Анастасия Бабурова, додрас Эдуард Чувашов, антифашист Иван Хуторской ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешаванд.

Ин қатлҳоро як чиз ба ҳам муттаҳид мекунад – ҳамаи онҳо, ба ақидаи муфаттишон, сирф дар заминаи адовати миллӣ анҷом шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз 9 узви мушаххасшудаи ин банда то имрӯз 7 нафараш боздошт шуда ва баъди ҳабс аксаран ба ҷиноёти кардаи худ иқрор кардаанд. Аз бандаи қотилони БОРН якеи дигар дар Украина ҳангоми сайругашт бар асари таркиши тасодуфии норинҷак ҳалок шуда, танҳо як нафар ҳамчунон дар ҳоли фирор боқӣ мемонад.
Қотилони Салоҳиддин Азизовро ёфтанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим


Сари буридаи Салоҳиддин ба кӣ даркор шуд?

“Новая газета”, ки хабарнигораш Анастасия Бабурова дар январи соли 2009 тасодуфан бо вакили мудофеъи маъруф Станислав Маркелов ҳадафи тири қавмгароён шуд, 5 сол боз ҷараёни тафтишотро мӯшикофона пайгирӣ мекард. Дар матлаби ҷамъбастии ин нашрия бо иқтибосҳо аз парвандаи ҷиноӣ дар бораи дастикам 10 куштор аз сӯи аъзои бандаи БОРН ба раҳбарии Никита Тихонов ва ҳамсари ӯ Евгения Хасис гузориш шудааст.

Тихонов ва Хасис
Тихонов ва Хасис
Нашрия аз парвандаи ҷиноии ин банда дар мавриди чигуна кушта шудани Салоҳиддин Азизов низ иқтибос овардааст: “Рӯзи 6 декабри соли 2008 Коршунов А.С., Паринов А.И., Тихонов Н.А., Горячев И.В. и дигар афроди аз тарафи тафтишот мушаххасношуда дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ як корду як корди мачете ва пистолети травматикии «Оса»-ро бо дастикам 4 тир ба ҳайси силоҳ истифода бурда, дар як ҷангалзор дар наздикии шаҳраки Битетси ноҳияи Ленинони вилояти Маскав Азизов С.М.-ро куштанд.”

Ба навиштаи “Новая газета”, ба фарқ аз дафъаҳои дигар, ки ҷангиёни БОРН афроди аз лиҳози идеологӣ барояшон “бегона”-ро барои ягон амали мушаххасе, ки ба ин қавмгароён хуш намеомад, мекуштанд, Салоҳиддин Азизов як гастарбайтери оддӣ буд. Нашрия ҷузъиёти ин ҷинояти мудҳишро низ рӯи саҳифааш овардааст, ки ҳатто аз хонданаш дар бадани одам ларза медарояд: “Вақте ки баъди ҳамла Азизов аз ҳуш рафт, сарашро буриданд. Баъди ин, азбаски намедонистанд, бо сар чӣ кор кунанд, сари мақтулро ба манзили Тихонов бурданд. Он дар яхдони Тихонов чанд рӯз нигоҳ дошта шуд. То замоне ки ба зеҳни қотилон фикре омад, ки онро бурда намоишкорона дар назди ҳукумати шаҳри Можайск партоянд. Маҳз аз тарафи БОРН дар бораи ин “амали сиёсӣ” баёнияҳо нашр шуда буд. Суоле пеш меояд: наход ин бачаи айнакдори соҳибмаълумот - Иля Горячев – бо корди мачете бадани одамро пора-пора кунад? Ӯ – на, вале нафаре даркор буд, ки ин “амал”-ро фикр кунад. Ин қазия тақрибан тафтиш нашудааст.”

Салоҳиддин Азизови 20-сола, ки дар амбори меваҷоти Покровское ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳамларо ба ҳамватанонаш бирасонад.

Муҳаббатшоҳи Азиз, падари Салоҳиддин
Муҳаббатшоҳи Азиз, падари Салоҳиддин
Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав ёфт шуд.
Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. Масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро гурӯҳи мавсум ба БОРН - Созмони ҷангии қавмгароёни рус - бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номид.

Ин сӯҳбати видеоӣ бо падари Салоҳиддин Азизов - Муҳаббатшоҳро хабарнигори Озодӣ баъди маросими дафни ӯ дар зодгоҳаш - ноҳияи Шаҳритӯс - сабт кардааст. Муҳаббатшоҳи азиз 6 сол пеш мегуфт, ки "то кай мардуми мо дар ғарибӣ хору зор мегардад, чаро дар Ватан ҷойи кор надоранд?" Суоле ки то имрӯз ҳамчунон доғ ва бепосух боқӣ мондааст...
Муҳаббатшоҳи Азиз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00


Дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ

“Новая газета” ҳамин тавр, бо иқтибос аз айбномаи зидди аъзои БОРН рӯйхати дастикам 10 ҷинояти марбут ба аъзои “бандаи Тихонов ва Хасис”-ро овардааст:
  • “10 октябри соли 2008. Волков М.А., Тихонов Н.А. ва Горячев И.В. дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ бо кастету корд дар кӯчаи 9-уми маҳаллаи Соколиная гораи Маскав Филатов Ф.В.-ро куштанд.” Фёдор Филатов 27 сол дошт ва аз раҳбарони ҷунбиши антифашистӣ, маъруф ба ҷунбиши антифа ба шумор мерафт.
  • 6 декабри соли 2008. Қатли ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов. Ин зодаи рустои Ҳоҷидурбӣ ( собиқ Партизан)-и ноҳияи Шаҳритӯс ҳамагӣ 20 сол дошт.
  • Бабурова (аз чап) ва Маркелов
    Бабурова (аз чап) ва Маркелов
    “19 январи соли 2009 г. Тихонов Н.А., Горячев И.В. ва чанд тани номаълум ҳамроҳ бо Хасис Е.Д. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ аз пистолети «Браунинг» № 145613, сохти соли 1910 дар кӯчаи Пречистенкаи шаҳри Маскав адвокати машваратхонаи ҳуқуқии № 140-и Коллегияи адвокатҳои шаҳри Маскав Маркелов С.Ю.-ро куштанд.” Ҳамроҳ бо ин ҳуқуқдони шинохта журналисти “Новая газета” Анастасия Бабурова ҳам кушта шуд.
  • “27 июни соли 2009 г. Горячев И.В., Тихонов Н.А., Коршунов А.С., Баклагин М.Ю., Исаев В.Е. ва Тихомиров Ю.А дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз пистолети травматикии «Оса» № Н008460 ва корд дар кӯчаи Прерваи шаҳри Маскав Ҷапаридзе И.Г.-ро куштанд.” Иля Ҷапаридзеи 21-сола донишҷӯи Мактаби олии иқтисодии Маскав, шоир ва аз фаъолони ҷунбиши антифашистӣ буд.

3 сентябри соли 2009 г. Горячев И.В., Тихонов Н.А., Коршунов А.С. ва Волков М.А. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз пистолети 9-милиметрии «CZ 83», № А545098, бо 10 тир дар шоҳроҳи Алтуфевскоеи шаҳри Маскав Халилов Р.Т.-ро куштанд.» Расул Халилови 18-сола ба узвият дар “Черные ястребы“ – як гурӯҳи қавмие, ки ҷавонони зодаи Қафқози зидди скинҳедҳо таъсис додаанд, айбдор мешуд. Тибқи парвандаи ин гурӯҳ, рӯзи 6 майи соли 2008 7 ҷавони қафқозитабор бо нидои “Оллоҳ Акбар!” ва “Хукҳои русро бидарронед” вориди вагони метрои Маскав шуда, ду навраси зоҳиран славяниро латтукӯб ва бо пистолети травматикиву бо корд захмӣ кардаанд. 6 нафари онҳо аз 4 то 7 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Вале волидони Расул мегӯянд, ӯ узви ягон гурӯҳ набуд.
  • “16 ноябри соли 2009 г. Тихонов Н.А., Коршунов А.С., Баклагин М.Ю. ва Исаев В.Е. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз револвери «Наган», сохти соли 1895 бо ду тир дар кӯчаи Хабаровски шаҳри Маскав Хуторской И.И.-ро куштанд.” Иван Хуторской, мулаққаб ба «Костолом» 26 сол дошт ва яке аз раҳбаронихеле машҳури ҷунбиши антифа ба шумор мерафт. Барои он лақаби «Костолом» дошт, ки скинҳедҳову қавмгароёни дигарро намекушт,фақат дастонашонро мешикаст.
  • Тихонов ва Хасис дар додгоҳ
    Тихонов ва Хасис дар додгоҳ
    «24 декабри соли 2009 г. Коршунов А.С., Баклагин М.Ю. ва Исаев В.Е. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз револвери «Наган» ва камони 16 дар варзишгоҳи «Наука» дар кӯчаи Болшая Академическая дар Маскав Абдуллоев М.К.-ро кушта, ба ҷони Нуричуев Р.М. қасд карданд.» Муслим Абдуллоев 27 сол дошт ва қаҳрамони Аврупову ҷаҳон дар навъи варзиши бокси таиландӣ буд. «Новая газета» мегӯяд, ӯро бе ягон далел, танҳо барои он куштанд, ки барояшон «қатли ягон намояндаи шинохтаи диаспораҳои қафқозӣ даркор буд.Аз сабти сӯҳбатҳои Тихонов ва Хасис бармеояд, ки нақшаи онҳо – «аз байн бурдани ягон варзишгари дар воқеъ шинохта» будааст.
  • «12 апрели соли 2010 Баклагин М.Ю., Коршунов А.С. ва Исаев В.Е. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз револвери «Наган» дар тангкӯчаи Стрельбишенский ба нишони интиқом ба додраси додгоҳи шаҳри Маскав Чувашов Э.В. ҳамла карданд. Дар натиҷа ӯ ҳалок шуд.» Эдуард Чувашови 48-сола се дафъа парвандаҳоикуштори афрод аз сӯи қавмгароёнро баррасӣ карда, дар соли 2010 аъзои бандаи фашистии «Белые волки»(«Гургони сафед»)-ро равонаи зиндон карда буд.
  • Хуршеда Султоноваро вақте куштанд, ки ҳамагӣ 9 сол дошт...
    Хуршеда Султоноваро вақте куштанд, ки ҳамагӣ 9 сол дошт...
    «15 сентябри соли 2010 г. Баклагин М.Ю. ва Исаев В.Е. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз камони 16 дар кӯчаи Костромаи Маскав ба Хачикян С.А. ҳамла карда, ӯро куштанд.» Хачикян дар матбуот ба он айбдор мешуд, ки ба як духтари руси ҳомила дастдарозӣ кардааст. Баъдан маълум шуд, ки ин духтар ҳомила набудааст. ..
  • «Рӯзи 2 марти соли 2011 Коршунов А.С., Баклагин М.Ю. ва Исаев В.Е. ба нишони интиқом нозири минтақавии милиса дар маҳаллаи Голяновои Маскав Беняминян Г.Б. ҳамла карданд…»

Ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 тоҷик мемирад

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҳалок мешавад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе ҳам – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.

Шоҳҷон Раҳматшоев
Шоҳҷон Раҳматшоев
Аммо қатли ваҳшиёнаи қариб 6 сол пеши Салоҳиддин Азизов дар қатори куштори Хуршеда Султоноваи 9-сола, ки дар таърихи 9 феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург дар пеши чашмони падараш кушта шуд, ва қатли низ мудҳиши Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки шаби 26 декабри соли 2013 дар Маскав сари ӯро ҳам мисли Салоҳиддин Азизов аз танаш ҷудо карданд, аз пурсарусадотарин мавридҳои қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия эътироф шудаанд.

Ин се маврид мавҷи бавижа шадиди интиқодҳо дар матбуоти Тоҷикистонро ба бор овард ва мақомоти Душанбе ҷомиаро таскин медоданд, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаҳоро зери назари худ мегиранд. Волии вақти Петербург Валентина Матвиенко ҳам дар мазҳари ом ҳатман пайдо кардану ба зиндон шинондани қотилони Хуршедаи маъсумро ваъда дода буд. Вале ба фарқ аз қазияи Салоҳиддин Азизов, ки қотилонаш баъди қариб 6 сол ба додгоҳ мераванд, қотилони Хуршеда Султонова ва Шоҳҷон Раҳматшоев то ҳол ошкор ва маҳкум нашудаанд.

Шарҳҳоро бинед (25)

XS
SM
MD
LG