Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршедаи 9-соларо ба хок супурданд



Холиқи Сангин



Ҷасади Хуршеда шаби 13-уми феврал таввасути ҳавопаймои Санкт-Петербург ва аз он ҷо ба зодгоҳаш 20-километрии шимоли Душанбе, ноҳияи Ҳисор расонида шуд. Хешовандону пайвандон ва мардуми маҳаллаи Сомонии ноҳияи Ҳисор пас аз зуҳри 13-уми феврал ҷасади духтараки нокомро ба хок супурданд.

Хуршеда фарзанди калони хонаводаи Юнусҷон Султонов ва Мавҷуда Маъруфова буд. Ба гуфтаи наздиконаш, Хуршеда танҳо соли аввали мактаби миёнаро дар зодгоҳи худ хатм карда буд ва ҳудуди 7 моҳ қабл, замоне, ки волидайнаш ҷиҳати таъмини рузгор озими шаҳри Санкт-Петербург шуданд, уву хоҳарчаи яксолаашро низ бо худ бурданд.

Хуршеда Султонова бегоҳи шаби 9 феврал дар Санкт-Петербург ба дасти фашистони навбаромади рус, скинхедҳо кушта шуда буд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG