Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар аҳди коронавирус: Карантин набуд, вале ҷазову маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд


Як роҳи табобати беморони коронавирус

IDEA, пажӯҳишгоҳе дар Стокҳолм, Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳое дохил кард, ки дар давраи пандемия маҳдудият ва ҷазоҳои нав ҷорӣ карданд. Гузориш ҳафтаи гузашта нашр шуд.

Бино ба мушоҳидаи пажуҳишгарони аврупоӣ, ин маҳдудиятҳо аз

  • Ҷазо барои нашри иттилои дурӯғин дар бораи бемории ҳамагир;
  • Озори журналистон;
  • Маҳдудияти дастрасии хабарнигорон ба иттилоъ
  • Ва бастани расонаҳо

иборатанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд.

Муҳаққиқони аврупоӣ мегӯянд, имсол бисёре аз кишварҳо дар риояи меъёрҳои демократӣ ақибнишинӣ карданд ва маҳдудиятҳои афзоянда хоси 90 дарсади режимҳои худкома будааст.

Алберто Фернандез, раҳбари барномавии созмони International IDEA, пажӯҳишгоҳи байнулмилалии демократия, дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Стокҳолм гуфт, пандемия таҳаввулоти сиёсиро дар саросари ҷаҳон суръат бахшидааст ва Тоҷикистон истисно нест.

Ӯ гуфт: “Вокуниши мақомот ба пандемия мавриди нигаронӣ буд, чун онҳо вуҷуди вирус ва ҳам таъсири онро рад мекарданд. Каме баъд ин чиз ислоҳ шуд ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои дигари ҷаҳон даромад.”

Фернандез дар робита бо Тоҷикистон ба се нукта ишора кард, ки, ба гуфтааш, хоси даврони пандемия дар ин кишвар буд ва метавонад пайомадҳои дарозмуддат дошта бошад: “Тоҷикистон бо баҳонаи назорати пандемия маҳдудиятҳои озодии баёнро бештар кард ва фазои кори матбуотро ҳам дар заминаи гузоришҳо дар бораи пандемия маҳдуд кард. Чизи дуюме, ки мушоҳида кардем, ин хушунат бар пояи ҷинсият аст.”

Алберто Фернандез мегӯяд, дар давраи пандемия бисёре аз хонаводаҳо маҷбур шуданд зери як бом бимонанд ва мушкилоти иқтисодиву бекорӣ боис ба афзоиши хушунати хонаводагӣ ва озори занон шуд. Ин нуктаро қаблан як созмони ҳомии ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ҳам таъкид кард.

Бино ба иттилои созмони “Гулрухсор” дар вилояти Суғд, дар замони пандемияи коронавирус муроҷиати заноне, ки озору азият дидаанд, бештар шуд.

Муҳаққиқони мавзӯи демократия дар кишварҳои ҷаҳон аз созмони International IDEA мегӯянд, яке аз пайомадҳои сангине, ки аҳди пандемия дар Тоҷикистон доштааст, марбут ба иқтисоди кишвар аст. Алберто Фернандез мегӯяд: “Тоҷикистон мисли ҳар кишвари дигари ҷаҳон таъсири пандемия ба иқтисодашро эҳсос мекунад. Ҳамин бӯҳрони иқтисодӣ дар солҳои наздик, бахусус баъд аз интихоботи ахир таъинкунанда мешавад”.

Дар Тоҷикистон мақомот ҳафтаҳо вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда, моҳи марти имсол бо иштироки мардуми зиёд ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд. Ниҳоят, дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, 30-юми апрел, аз нахустин ҳодисаҳои гирифтории сокинон ба коронавирус гузориши расмӣ нашр карданд.

Ин дар ҳоле буд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам хабарнигорон, аз ҷумла Радиои Озодӣ, дар бораи ҳодисаҳои олудашавии сокинон ба илтиҳоби шуши ғайримуқаррарӣ гузоришҳо нашр карда, аввалин мавридҳои марги одамон бар асари илтиҳоби шушро хабар доданд. Мақомот ин ҳама гузоришҳоро рад мекарданд.

Ҳоло ҳам мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори гирифторони коронавирусро рӯзона дар ҳудуди 40 нафар гузориш медиҳанд, вале бисёриҳо ба дурустии он чандон эътимод надоранд.

Вазорати беҳдошт рӯзи 13-уми декабр гузориш дод, ки дар кишвар шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон ба беш аз 12 ҳазору 700 нафар расида, талафот аз CОVID-19 88 нафарро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки таҳқиқоти мустақилонаи Радиои Озодӣ бар пояи шаҳодати табибону наздикони фавтидаҳо нишон дод, ки дар наздики 8 моҳи пандемия дар Тоҷикистон 228 нафар бар асари коронавирус ва илтиҳоби шуш ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG