Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаи рус барои пул ба пулис рафт. ВИДЕО


Ҷанҷоли муҳоҷирон бо кордиҳанда бо тахриби сохтмон анҷом ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо нишони эътироз ба пардохт нашудани ҳаққи корашон девори сохтаи худро вайрон кардаанд. Кордиҳандаи рус мегӯяд, таъхире дар пардохти маош ҷой надошт ва баръакс барои тахриби девор ба зидди муҳоҷирон ба пулис шикоят кардааст.

Муҳоҷирони норозӣ гуфтанд, бо ширкати “Строй Град” шартнома доштанд ва бар асоси он дохили хонаҳои баландошёнаро таъмир карданд. Корашон аз чидани девору андова иборат будааст.

Онҳо рӯзи 15-уми декабр гуфтанд, таъмири як хонаро анҷом дода, ба кордиҳанда тамос гирифтанд ва ӯ овардани 40 ҳазор рублро ваъда дод, "аммо як ҳафта дастнорас шуд". "Бар асоси шартнома кордиҳанда пас аз иҷрои кор бе таъхир бояд маошро медод", -- гуфт яке аз онҳо. Номи муҳоҷирон ба мо маълум аст, вале бо хоҳиши онҳо зикр намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Светлана Бурук, ки худро раиси ширкати "Строй Град" муаррифӣ кард, рӯзи 15-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳодисаро чунин шарҳ дод: "Онҳо рӯзи ҷумъа андова кардани 162 метри мурабаъ деворро анҷом доданд. Муҳандиси ширкат бояд кори онҳоро месанҷид. Вай дар се сохтмон кор мекунад ва хеле банд аст. То ӯ кори анҷомшударо қабул накунад, наметавонам пули коргаронро диҳам. Ин нукта дар шартнома зикр шудааст ва коргарон бо он розӣ шуда буданд, аммо мунтазир намонда, деворро шикастаанд."

Ин кордеҳ ҳамчунон иддао кард, ки гуё муҳоҷирон асбоби сохтмониро бо худ бурдаанд, аммо муҳоҷирон инро рад намуданд. Хонум Бурук афзуд, зиёни воридшуда аз амали муҳоҷиронро 400 ҳазор рубл ҳисоб кардаанд ва дар ин бора ба пулис шикоят кардааст. Пулиси Екатеринбург ворид шудани аризаеро бо чунин мазмун тасдиқ мекунад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки аксарият дар сохтмон кор мекунанд, гоҳе бо чунин тарз аз сари вақт пардохт нашудани маош эътирози худро баён медоранд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин шакли эътирози муҳоҷирон аз назари ҳуқуқӣ қобили қабул нест.

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, мегӯяд, “муҳоҷирон бояд бо корфармо шартнома баста, дар сурати пеш омадани нофаҳмӣ ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Тавре дида мешавад, муҳоҷирон хостаанд, аз роҳи дигар масъаларо ҳал кунанд, вале ин роҳи ҳал нест."

Дар зимн, муҳоҷирон мегӯянд, бо ширкати “Строй Град” шартнома доштанд ва мутобиқи он пули заҳмати онҳо билофосила бояд пардохт мешуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳоло пулис метавонад онҳоро дастикам ба пардохти маблағи масолеҳи сарфшудаи сохтмонӣ маҷбур кунад.

Дар Русия, ки ҳолатҳои фиреб додани муҳоҷирони тоҷик аз сӯи корфармоён зиёд рух медиҳад, муҳоҷирон мегӯянд, гоҳе чорае ба ҷуз аз тахриби бинои сохтаашонро намебинанд.

Бонки Осиёии Рушд дар оғози моҳи декабр дар гузорише гуфт, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз сӯи кордиҳандагон дар хориҷ, аз ҷумла Русия истисмор мешаванд ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, нисбат ба тақдири онҳо бетараф набошад. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон бояд раванди муҳоҷиратро танзим ва аз ҳуқуқи онҳо дар хориҷа дифоъ кунад.

Ба ҳисоби мақомоти Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Аммо дар аҳди коронавирус ва ба сабаби аз даст додани ҷойи кор бахше аз онҳо ба кишвар баргаштаанд. Ахиран Вазорати сохтмони Русия аз ҳукумати ин кишвар хост, роҳи бозгашти муҳоҷиронро ҳамвор кунад, чун ба намояндагон 50 минтақа аз набудани коргарон дар сохтмон ва бахшҳои дигар азият мекашанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG