Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони тоҷик Ҷакшиликро танҳо нагузоштанд


Ҷашкшилики ҳаштсола

Ҷакшилик – як навраси ятими қирғиз – ин рӯзҳо аз Тоҷикистон ба нишони ғамшарикиву дастгирӣ нома ва тӯҳфаҳо дарёфт мекунад. Ӯ рӯзи 16 январи имсол дар пайи суқути ҳавопаймо дар наздикии Бишкек волидону ду хоҳарашро аз даст дод ва феълан дар тарбияи бобояш Шералӣ Сотиболдиев аст.

Мо хеле хуб дарк мекунем, ки танҳо мондан чӣ маъно дорад.
Парвин Эргашева

Бобои Ҷакшилик рӯзи 31 январ гуфт, нома ва тӯҳфаҳои ҷавонони тоҷик набераашро ба зиндагӣ дилгарм кардааст. Ҷакшилик яке аз расмҳоеро, ки ҳамсолони тоҷикаш ба ӯ фиристодаанд, дар утоқи худ ва дигареро дар ҳуҷраи бобояш овехтааст. Шералӣ Сотиболдиев мегӯяд, тӯҳфаи намояндагони Тоҷикистонро мақомоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба онҳо супурданд. "Барои мо дарёфти чунин кумак ғайриинтизор буд. Хурсандии Ҷакшилик ҳадду канор надошт. Вай ҳатман ба мактубҳои ҳамсолони тоҷикаш ҷавоб менависад ва бо онҳо дӯстӣ хоҳад кард", - гуфт ӯ.

Номаи ҷавонони тоҷик ба Ҷакшилик
Номаи ҷавонони тоҷик ба Ҷакшилик

Як гурӯҳ аз ҷавонони фаъол ва кӯдакони тоҷик бо ҳадафи ҳимоят аз Ҷакшилик нома навишта, ба унвонаш китобу расм ва бозичаҳо фиристоданд. Кӯдакони тоҷик ҳамсоли қирғизи худро дилбардорӣ карда, барояш дӯстӣ пешниҳод намудаанд. Яке аз ташабусскорони ин ибтикор Парвин Эргашева, ҷавони 33-солаи тоҷик, гуфт, дар аввал тасмим доштанд, бо нишони ҳамраъйӣ ба назди сафорати Қирғизистон гулдаста баранд. Вале баъдан ба хулосае омаданд, ки ба писари танҳомонда ёрӣ кунанд.

“Мо хеле хуб дарк мекунем, ки танҳо мондан чӣ маъно дорад. Мо маслиҳат кардем, ки дар китобе барои Ҷакшилик гапҳои худро навишта ва боз як миқдор пул барояш мефиристем. Аммо баъдан Шӯҳрат Ҷӯраев, фаъоли Фейсбук бароямон машварат дод, ки ба ин иқдом кӯдаконро низ ҷалб кунем. Хушбахтона, кӯдакон моро дастгирӣ карданд ва он эҳсосе, ки нисбат ба ҳамсолашон доштанд, дар расмҳо нишон доданд ва барояш бо дастони худ бозича омода карданд”, - гуфт ӯ.

Ҷакшилик
Ҷакшилик

Парвин мегӯяд, инчунин, онҳое, ки нисбат ба тақдири Ҷакшилик бетараф набуданд, дар ҷамъоварии маблағ саҳм гузоштанд. Дар маҷмӯъ, ҷавонони тоҷик барои Ҷакшилик 250 доллар фиристоданд. “Мо рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта тӯҳфаҳои худро ба сафорат дода будем ва рӯзи душанбе аллакай тақдим шуд. Мо аслан намехостем ин хабар расонаӣ шавад, танҳо қарзи инсонӣ ва ҳамсоядории худро иҷро кардем”, - афзуд ӯ.

Ҷузъиёти бештарро дар бораи зиндагии Ҷакшилик дар инҷо бихонед

Рӯзи 16 январ бар асари суқути ҳавопаймои борбари ширкати туркӣ дар Қирғизистон, даҳҳо манзили сокинон вайрон шуда, 37 нафар аз ҷумла волидон ва ду хоҳари Ҷакшилик ба ҳалокат расиданд. Парвин Эргашева умедвор аст, дӯстиеро, ки кӯдакони тоҷик барои ҳамсоли қирғизи худ дар ин лаҳзаҳои барояш душвор пешниҳод кардаанд, давомдор хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG