Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми ҳамдардии Э.Раҳмон ба мардуми Қирғизистон. ВИДЕО, АКС


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, суқути ҳавопаймои борбари як ширкати туркӣ дар Қирғизистонро, ки даҳҳо манзили сокинонро вайрон карда ва боис ба ҳалокати 37 нафар, аз ҷумла кӯдакон шуд, фоҷиа номидааст. Ӯ рӯзи 16 январ бо ирсоли паёми таслият ба Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ин хабарро, ки инчунин даҳҳо захмӣ ва хисороти зиёде боқӣ гузошт, бо андӯҳи гарон ёфтааст. "Ба тамоми мардуми дӯст вобаста ба ин фоҷиа тасаллияти амиқ изҳор намуда, ҳоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед", - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Қирғизистон рӯзи мотам эълон кард

Дар Қирғизистон рӯзи 17 январ дар робита ба суқути ҳавопаймои боркаши "Боинг-747" мотам эълон шудааст. "Дар ин бора фармони Алмосбек Отамбоев ба имзо расидааст", - гуфтанд дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон. "Садамаи 16 январ қурбонии зиёд дар пай дошта, барои мардуми қирғиз талафоти бузург аст. Феълан ниҳодҳои давлатӣ барои кумак ва ҳимоят аз хонаводаи қурбониён чора меандешанд. Рӯзи мотам, 17 январ дар саросари Қирғизистон, аз ҷумла дар намояндагиҳои кишвар дар хориҷ парчами давлатӣ поин оварда хоҳад шуд", - афзуд манбаъ.

Ба қавли мақомоти қирғиз, ин ҳавопаймо аз Ҳонконг ба тарафи Истанбул мерафт ва мехост дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" сӯзишворӣ бигирад.

Инчунин, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои телевизионию радиошунавоии Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки барнома ва чорабиниҳои фароғатии худро лағв кунанд. "Ҳукумат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба наздикону пайвандони қурбониён кумакҳои заруриро хоҳанд расонд", - изҳор доштанд дар Дастг иҷроияи президенти Қирғизистон.

Air Kyrgyzstan​: Иштибоҳи халабон метавонад сабаби суқути ҳавопаймо бошад

Дар ҳоле, ки сабаби суқути ҳавопаймо ҳанӯз мушаххас нест ва мақомот ҳам корро дар амни таҳқиқи ин ҳодиса ба роҳ мондаанд, раиси ширкати ҳавоии Air Kyrgyzstan Ҷолдошбек Бектурганов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимолан сабаби ин фоҷеа иштибоҳи халабон бошад. Вай гуфт, ҳавопаймоҳои борбари навъи Boeing-747-400F​ тавони интиқоли то 100 тонна борро доранд.

"Ин ҳавопаймоҳо қобили эътимод, дурпарвоз ва хеле хушном дар миёни ширкатҳои борбар маҳсуб меёбанд. Ҳодисаҳои суқути ин навъи ҳавопаймоҳо дар таърихи авиатсияи ҷаҳонӣ хеле кам мушоҳида шудааст. Ҳавопаймои суқуткарда дар Қирғизистон 13 сол собиқаи парвоз дошта, аз назари мӯҳлат ва ҳам ҳаҷми парвозҳо нисбатан нав ҳисоб меёбад. Дар 99 дар сади ҳолатҳо суқути ҳавопаймо бо гуноҳи халабон ва раҳбари ҳайати халабонҳо сурат мегирад. Агар халабон тасмим гирифта бошад, ки бо вуҷуди номусоидии ҳаво парвозро идома диҳад, пас ин хатои ӯ мебошад".

Бектурганов илова кард, ки аз рӯи нишонаҳои пешакӣ, халабон аз василаҳои махсуси нишастани ҳавопаймо истифода накардааст. Вале боз ҳам сабаби воқеии фоҷеаро таҳқиқи махсус нишон хоҳад дод.

Суқути ҳавопаймои як ширкати туркӣ

Бар асари суқути як ҳавопаймои борбари ширкати туркӣ дар атрофи фурудгоҳи байналмилалии "Манас" дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, 37 нафар ҷон бохтаанд, ки аксарашон сокинони маҳаллӣ ҳастанд. Қаблан дар бораи ҳалокати шаш кӯдак низ гузориш шуда буд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар маҳалли суқути ҳавопаймо чанде аз хонаводаҳо аз Тоҷикистон ҳам зиндагӣ мекарданд, вале то ҳол дар бораи вазъияти онҳо хабаре дар даст нест.

Як фаъоли ҷамъияти тоҷикон дар Қирғизистон рӯзи 16 январ гуфт, ба иттилои онҳо ду ё се хонавода аз шаҳри Исфара дар онҷо зиндагӣ доштанд. Вале дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфтанд, ки дар миёни қурбониён ва осебдидаҳо будани хонаводаҳо аз Тоҷикистонро тасдиқ ё рад карда наметавонанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз ҷараёни ҷамъоварии ҷасадҳо ва мушаххас кардани ҳуввияти онҳо хотима наёфтааст.

Аксҳои бештар инҷост:

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, дар пайи ин садама фурудгоҳи байналмилалии Манас ба таври муваққатӣ баста шудааст. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ҳавопаймои навъи Boeing 747 субҳи 16 январ чанд километр дуртар аз фурудгоҳи Манас, дар минтақаи Дача-Сууи ноҳияи Сокулукси вилояти Чуй, суқут кардааст. Ба қавли мақомоти қирғиз, ин ҳавопаймо аз Ҳонконг ба тарафи Истанбул мерафт ва мехост дар фурудгоҳи байналмилалии Манас сӯзишворӣ бигирад.

Видео инҷост:

Марги тақрибан 40 нафар дар суқути ҳавопаймо дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Масъулони дафтари матбуоти фурудгоҳи Манас гуфтанд, ҳавопаймо дар як минтақаи аҳолинишин суқут кардааст ва ҳадди ақал 23 хона ба коми оташ рафтанд. Талошҳо барои хомӯш кардани оташ, ки бар асари суқути ҳавопаймо ба миён омадааст, идома дорад. Муовини нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқали Абулғозиев ва вазири ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар Қувватбек Боронов ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, теъдоди қурбониёни ин садамаи маргбор метавонад, ки афзоиш ёбад. Дар ҳоли ҳозир панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ мебошанд. Ҳанӯз сабабҳои ин ҳодиса маълум нест, аммо бинобар тумани ғафс дар минтақа, дидан бисёр маҳдуд ва мушкил будааст. Тибқи гузоришҳо, аз ҳайати парвоз танҳо як нафар зинда мондааст.

XS
SM
MD
LG