Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Иззат Амон: "Ба ман намегӯянд, ки падарам куҷост". Манбаъ: "Дар УБОП аст". ВИДЕО


Иззат Амон. Акс аз наворҳои пешина

Пайвандони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки пас аз ихроҷ аз Русия дар Душанбе дастгир шудааст, гуфтанд, бо гузашти ду рӯз ҷойи нигоҳдории ӯро намедонанд.

Дар ҳоле ки мақомот расман чизе намегӯянд, як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, "ӯ дар УБОП аст ва ҳанӯз ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол наёфтааст".

"Нома нависед"

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 29-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талошҳояш барои дидор бо падар то ин дам бенатиҷа аст.

Муҳаммадюсуф Холов
Муҳаммадюсуф Холов

"Намедонем, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит аст. Дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, дар СИЗО аст. Ба онҷо рафтем, мегӯянд, ки нест. Боз ба ВКД муроҷиат кардем. Гуфтанд, мактуб нависед, маълумоти дақиқ медиҳем", -- нақл кард ӯ.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 26-уми март ва дақиқан пас аз як рӯзи боздошти Иззат Амон дар Русия ӯро ба қаллобӣ муттаҳам кард ва гуфт, дар ин замина парванда кушоданд. Масъулони ин ниҳод 27-уми март бо нашри хабари расмӣ гуфтанд, ӯ аз Русия ихроҷ шудаву дар Душанбе дастгир гардидааст.

Хонаводаи Иззат Амон ихроҷи ӯ аз Русия, боздошташ дар Тоҷикистон ва мушкили мулоқотро бо ӯ хилофи қонун медонанд.

Писараш мегӯяд, касе аз мақомот дар бораи боздошти падараш ба онҳо хабар надод. Дар ҳоле ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ҳангоми боздошти шаҳрванд ба пайвандони ӯ бояд хабар дода шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Писари Иззат Амон дар Душанбе падарашро ҷустуҷӯ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Манбаъ: Ҳанӯз ба боздоштгоҳ набурдаанд

Рӯзи 29-уми март дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, қазияи Иззат Амонро расман шарҳ диҳад. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, Иззат Амон аз ҷониби маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ё УБОП боздошт шудааст.

Ба қавли манбаъ, ӯ ҳанӯз дар утоқ ё ҳуҷраи вижае дар ин бино нигаҳдорӣ мешавад ва то ба ҳол ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол наёфтааст.

“Тафтиши парвандаи ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "қаллобӣ ба миқдори бузург" ҷараён дорад”, -- афзуд манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Вакили мудофеъ надорад"

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, мегӯяд, бовар надорад, тафтиши парванда мунсифона сурат мегирад: “Зеро то ҳанӯз на бо вакили мудофеъ таъмин шудааст ва на медонем, ки дар куҷост”.

Вай гуфт, барои ҳимоят аз ҳуқуқи падараш талош дорад, вакили мудофеъ киро кунад. Ба қавли ӯ, бо як адвокат дар Душанбе муроҷиат карда, вале то ҳол посухи дақиқ нагирифтааст.

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав, сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷират ва эҷоди маҳдудиятҳои баёну ақидаро танқид мекард.

Ҷонибдоронаш рӯзи 25-уми март аз нопадид шудани ӯ хабар доданд. Дар як навори аз қабл сабтшуда Иззат Амон иддао кардааст, ки дастикам ним сол таҳти таъқиб қарор дошт афзудааст, ки ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе мефиристанд".

Ӯ дар идомаи суҳбати видеоӣ, ки шоми 25-уми март дар Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро беэътибор эълон карданд.

Аз ин пеш додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор карда буд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ҳукми иҷро гирифтааст.

Таҷрибаи боздошту ихроҷ аз Русия

Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Мақомоти Русия то кунун чанд нафар аз тоҷикони бонуфузро дар Русия боздошт ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардаву ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Соли 2017 шаҳрвандии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бекор ва худи ӯ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия, моҳи майи соли 2020, дар 57-солагӣ дар Тоҷикистон вафот кард.

Саидасрор Мирзоев
Саидасрор Мирзоев

Охири соли 2020 Додгоҳи ноҳияи Советии шаҳри Самараи Русия роҳбари маркази тоҷикон – "Пайванд" Саидасрор Мирзоевро ба риоя накардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор ва ба ихроҷ аз қаламрави ин кишвар маҳкум кард.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG