Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фурӯшанда" барандаи "Оскар-2017" шуд. 2 ВИДЕО


Ҷоизаро ба намояндагӣ аз Асғар Фарҳодӣ, Ануша Ансорӣ --аввалин зани ҳавонаварди эронӣ дарёфт кард.

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ барандаи ҷоизаи беҳтарин филми ғайри англисизабон дар ҷашнвораи "Оскар" шуд. Эрон акнун яке аз "ҳафт кишвари ҷаҳон аст", ки ду бор Ҷоизаи "Оскар"-и филмҳои ғайрианглисиро гирифтаанд. Кишварҳои дигари баранда Маҷористон, Олмон, Аргентина, Чехославакияи пешин, Шведсия ва Австрия мебошанд, ки ду бор ҷоизаи "Оскар"-и филми ғайрианглисиро аз худ кардаанд.

Ануша Ансорӣ, яке аз ду намояндаи Асғар Фарҳодӣ дар маросими имсол паёми ӯро хонд. Дар ин паём Асғар Фарҳодӣ мегӯяд, дар ҳамбастагӣ бо мардуми кишвари худ ва низ кишварҳое, ки таҳти таъсири сиёсати муҳоҷиратии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико қарор гирифтаанд, аз ширкат дар он худдорӣ кардааст. Масъалаи фармони раиси ҷумҳури Амрико, яке аз воқеаҳои хабарсози "Оскар"-и имсол, ҳатто пеш аз оғози он буд.

Асғар Фарҳодӣ пеш аз ин эълом карда буд, ки дар эътироз ба фармони Доналд Трамп дар бораи манъи муваққатии вуруди шаҳрвандони Эрон ва шаш кишвари дигар, дар маросими Оскар"-и имсол ҳозир намешавад. Ӯ зимни таъкид бар ин, ки ин кор ба маънии таҳрими ҷашнвораи Оксар ва синамогарони амрикоӣ нест, ду нафарро ба намояндагӣ аз худ дар маросим муаррифӣ кард: Ануша Ансорӣ --аввалин зани ҳавонаварди эронӣ ва Фирӯз Нодирӣ, аз мудирони пешини НАСА.

Мардуми Эрон аз пирӯзии филми ҳамватанашон дар Амрико истиқбол мекунанд:

Эрониён дар бораи пирӯзии "Фурӯшанда"-и Фарҳод Асғарӣ чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи 24 январ яке аз панҷ номзади аслӣ барои дарёфти Ҷоизаи Оскар дар бахши филмҳои хориҷӣ, муаррифӣ шуда буд. "Фурӯшанда" ба унвони намояндаи Эрон дар Оскари имсола иштирок кард ва дигар филҳое, ки дар ин бахш бо "Фурӯшанда" рақобат карданд, аз Дания, Шведсия, Австралия ва Олмон буданд.

"Фурӯшанда" барандаи "Оскар-2017" шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

"Фурӯшанда" соли гузашта дар фестивали филми Канн муваффақ шуда буд ва тавонист ду ҷоиза барои "беҳтарин филмнома" ва "беҳтарин бозигари мард"-ро дарёфт кунад. Асғар Фарҳодӣ аввалин филмсозӣ эронӣ аст, ки ду бора барандаи Ҷоизаи Оскар шудааст. Ӯ қаблан ин ҷоизаро барои филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" гирифта буд.

Порае аз филми "Фурӯшанда".
Порае аз филми "Фурӯшанда".

Филми "Фурӯшанда" як филми муштараки эронӣ-фаронсавӣ мебошад ва нақшҳои асосиро дар он Шаҳоб Ҳусайнӣ ва Тарона Алидӯстӣ бозӣ кардаанд. Ин филм аз муносибати зану шавҳар бо номи Раъно ва Имод ҳикоят мекунад, ки зиндагии онҳо дар пайи як ҳодиса ба Раъно, дучори мушкил мешавад.

Ин барои бори аввал нест, ки филмҳои сохтаи Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвора ва озмунҳои синамоии ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза мешаванд. Дар соли 2013 як зани ҳунарманд дар филми "Гузашта", ки онро Асғар Фарҳодӣ сохта буд, ҷоизаи беҳтарини ҷашнвораи Каннро ба даст оварда буд.

Филми дигари Асғар Фарҳодӣ бо номи "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар соли 2012 ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскарро ба даст оварда буд. Филм дар бораи марди эроние қисса мекард, ки баъд аз чаҳор соли ҷудоӣ бо хонуми фаронсавияш ба хотири хатми раванди талоқ ба Фаронса бармегардад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG