Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши "Ҷудоии Нодир аз Симин" бо забони русӣ


Имрӯз, 7-уми апрел, дар пойтахти Тоҷикистон филми эронии "Ҷудоии Нодир аз Симин" бо забони русӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик, Сафари Ҳақдод Ҳақдод ҳадаф аз пахши филм он аст, ки бинандаву филмофарони тоҷик ба ҳунари филмсозии ҳамтоёни эронии худ ошно шаванд ва аз он баҳраи ҳирфаӣ бардоранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин нахустин филми эронист, ки соҳиби ҷоизаҳои бузурги ҷаҳонӣ шудааст.

"Вақте ин филмро дидам, ин филмро дӯст доштам. Бисёр як филми одиву содда аст. Баргирифта аз муносибатҳои одиву соддаи инсонҳо. Шояд дар зиндагаиии имрӯзаи тоҷикон ҳам ин мавзӯъ матраҳ бошад",-гуфт Сафари Ҳақдод.

Раҳбари Иттиҳодияи синамогарони тоҷик гуфт, барои ҷалби тамошобинони бештар онҳо филми "Ҷудоии Нодир аз Симин"-ро бо забони русӣ намоиш доданд.

Аммо филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар ҳоле дар Тоҷикистон ба намоиш медарояд, ки моҳи марти соли ҷорӣ донишҷӯёни салафии донишгоҳи Қоҳира монеи намоиши он дар Миср шуданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00
Линки мустақим


"Ҷудоии Нодир аз Симин" мушкилоти печидаи муҳоҷиратро баррасӣ мекунад ва пурсишҳои сангинеро дар баробари чанд насл аз эрониҳо мегузорад, ки дар хориҷ ва дохили Эрон зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла инро, ки чӣ беҳтар аст – дар Эрон мондану аз фазои фишороварандаи он хафа ва нафасгир шудан ё ба Ғарб фирор кардану дар ивази роҳатҳо беаҳамият шудан?

Достони филм аз ин қарор аст, ки равобити ҷуфте аз қишри миёна вориди бӯҳрон мешавад, зеро Нодир худро вазифадор медонад, ки дар Эрон бимонад ва падари солманду беморашро парасторӣ кунад ва Симин мехоҳад, ба хотири ояндаи духтараш Тарма ба хориҷ ҳиҷрат кунад. Силсилаи баҳсҳои тунд корро ба ҷое мекашанд, ки Симин хонаро тарк ва дархости талоқ мекунад. Ин ҳолат оғози рӯйдодҳои ғайриинтизор ва фоҷиаборе мегарад.

Филми "Ҷудоии Нодир аз Симин", сохтаи Асғар Фарҳодӣ, чанд ҷоизаи байнулмилалиро ба худ ихтисос додааст, ки охирини онҳо ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскари соли 2012 мебошад.
XS
SM
MD
LG