Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ иртибот бо Назарзодаро рад карданд


Масъулини боздоштшудаи ҲНИТ дар нахустин бозпурсӣ, иттиҳоми эълоншуда алайҳашон ва даст доштан дар ошӯби генерал Назарзодаро рад карда, ба вакилонашон аз қонуншиканӣ шикоят кардаанд.

Баъди 10 рӯзи боздошт, рӯзи 26-уми уми сентябр Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи 13 нафар узви раёсати ҲНИТ бо моддаи 187, қисми яки Кодекси ҷиноӣ айб эълон кард. Тибқи ин банди қонун, онҳо дар "ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноёти вазнин" айбдор мешаванд ва барои ин ҷиноят қонун аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Аммо афроди боздоштшуда дар ҷараёни пурсиш, ки дар ҳузури вакилони дифои онҳо сурат гирифтааст, гуфтаанд, ҳеҷ рабте ба Назарзода ва ягон иттиҳоди ҷиноятӣ надоштанд. Таманно Ашӯрова, вакили дифои Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, зерҳимояаш зимни бозпурсӣ аз мавқеи генерал Назарзода нисбат ба фаъолияти ҲНИТ ёдовар шудааст. “Вай гуфт, дар изҳороте дар моҳи август алайҳи Кабирӣ ва Ҳизби наҳзат имзои Назарзода ҳам буд ва дар ҳоле онҳо муқобили мо буданд, чӣ тавр мо метавонем ба гурӯҳи генерал рабт дошта бошем. Зубайдуллоҳи Розиқ дар ин сӯҳбат гуфт, онҳо дар бораи ин нақшаву гурӯҳе, ки ҳукумат мегӯяд, аслан тассавурот надоранд.”

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ

Афроди боздоштуда ҳамчунин дар бозпурсӣ ва мулоқот бо вакилони худ аз қонуншиканиҳое, ки зимни боздошт нисбаташон сурат гирифтааст, шикоят кардаанд. Бузургмеҳр Ёров, раиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ аз сӯҳбати Саидумар Ҳусайнӣ, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ёдоварӣ кард, ки гуфтааст, ӯро на аз дохили ҳавопаймо, балки дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилӣ боздошт карданд. Оқои Ҳусайнӣ гуфтааст: “Чанд соати аввал бо ман муносибат хуб буд. Аз вазифаи муовини раиси ноҳия то вазириро бароям ваъда карданд, вале гуфтанд, бо як муроҷиат тавассути телевизион хориҷ шуданам аз ҳизбро хабар диҳам.” Ба нақли вакили Сайдумар Ҳусайнӣ, баъд аз ҷавоби рад гирифтан, намояндагони нерӯҳои интизомӣ ба сари ӯ халта кашида, латукӯб карданд ва бидуни ягон ҳукм барои боздошт, ба боздоштгоҳи КДАМ оварданд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, кумитаи ҷамъиятии навтаъсиси дифоъ аз ҳуқуқи узви боздоштшудаҳои ҲНИТ ҳам маҳз ба хотири ошкорсозии қонуншиканӣ алайҳи онҳо ҳимояву кӯмак ба наздиконашон рӯзи 23 юми сентябр таъсис ёфтааст. Ин кумитаи дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби худ 7 узви раёати олии ҲНИТ-ро, ки дар боздоштгоҳ қарор доранд, бо вакили дифоъ таъмин кардааст ва дар сурати муроҷиати наздикони боздоштшудаҳои дигар, ҳимояи онҳоро ҳам ба дӯш хоҳанд гирифт.

Таъсиси кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи узви ҲНИТ дар ҳолест, ки қаблан наздикони аксари онҳо, аз ҷумла пайвандони Зарафо Раҳмонӣ, аз мушкили дарёфти вакили дифоъ ба хотири “сиёсӣ” будани қазия нигаронӣ мекарданд ва аз сарнавишти пайвандонӣ дар маҳбас будаи худ хабар надоштанд.

Бузургмеҳр Ёров, ки раҳбарии кумитаи ҷамъиятии дифоъро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, дар 4 рӯзи фаъолият аз наздикони даҳҳо узви дигари ин ҳизб аз маҳалҳои дигар ҳам барои кӯмак, муроҷиат дарёфт кардааст. Бино ба гуфтаи раҳбари ин кумитаи тозатаъсис, ба ҷуз 13 тан аз узви раёсати олии ҲНИТ, ин шабу рӯз бархе намояндагони дигари он дар ноҳияҳо ҳам мавриди боздошт қарор гирифта ва хонаҳояшон ҷустуҷӯ мешавад:

Зарафон Раҳмонӣ
Зарафон Раҳмонӣ

“Ба мо ҳар рӯз муроҷиат мерасад. Барои мисол, раҳбари намояндагии ҳизб дар Фархор ҳам 4 рӯзи пеш боздошт шуд. Хонаашро кофтуков карда чизе наёфтанд, вале рӯзи дигар омада гӯё гранатаву тир ёфтаанд. Мо аллакай 3 чунин ҳодиса ва муроҷиат рӯи даст дорем. Кумита ин маълумотҳоро ҷамъоварӣ ва таҳлил дорад, ҳадафи мо кӯмак ба ин афрод ва рафъи боздоштҳои ғайриқонунӣ аст.”

Ин кумитаи ҳоло аз вакилони дифоъ ва наздикони афроди боздоштшуда иборат аст ва ба гуфтаи масъулини он, феълан аз ҳисоби худи аъзоёнаш фаъолият дорад. Вале онҳо ҳамчунин дар “Аксесбонк” суратҳисоб таъсис додаанд ва афроди хоҳишманд метавонанд барои кӯмак ба наздикони боздоштшудаҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба ин суратҳисоб маблағ ирсол кунанд.

Яке аз пайвандони Зарафо Раҳмонӣ, ки узви кумитаи дифоъ аз ҳаққи узви боздоштшуда ҲНИТ аст, мегӯяд, онҳо тасмим доранд барои раҳоии Зарафо Раҳмонӣ -- ягона зан аз ҳизби мазкур бо як изҳороте ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар муроҷиат кунанд: “Мо мехоҳем бигӯем, ки ҳамчун як модаре, ки фарзандони хурдсол дорад ва як зани фаъоли кишвар, ки бо чандин созмонҳои байнулмиллалӣ ҳамкорӣ дошту дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи занон талош мекард, вай набояд муҷозот шавад. Вай аслан ягон гуноҳе ҳам накардааст.”

Қарор аст фардо, 28 сентябр Зарафо Раҳмонӣ бо вакилонаш мулоқот кунад ва низ бозпурсӣ шавад. Боздошти хонум Раҳмонӣ -- ягона зан дар миёни 13 масъули боздоштшудаи ҲНИТ шоми 16-уми сентябр дар ҳоле рух додааст, ки ба гуфтаи наздиконаш, ӯ барои сафар ба Варшава омодагӣ медид. Қарор буд, рӯзи 21 сентябр ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалии занон ба Аврупо биравад, вале аз манзили зисташ ва дар ҳузури фарзандон боздошт шудааст.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи узви боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳоло ҳамчунин бо муроҷиат, ба мақомот хостори мусоидат барои дидори боздоштшудаҳо бо наздиконашон шудаанд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

13 узви баландпояи ҲНИТ рӯзҳои 16-17 сентябр дар манзили ва кӯча боздошт шудаанд. Мақомот тоҷик онҳоро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ, муттаҳам медонанд. Ба иттилои мақомот нақшаи ин ҳамлаҳо ҳини бозҷӯии ниҳодҳои амниятӣ аз дафтари кории масъулони ҲНИТ дарёфт шудааст.

Ҳамчунин шаби 25 ба 26 сентябр Додситонии кулл роҷеъ ба ҳаводиси ахири кишвар гузоришеро пахш кард, ки тибқи он Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ бо дастури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ аз панҷ сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳро ташкил кардааст.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт.

Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт. Гуфта шуд, ки генерал Назарзода бо истифода аз мақом аз дастгоҳи марказии вазорати дифоъ миқдори зиёди силоҳро бо худ бурдааст, вале бахши аъзами ин таслиҳотро дар ҳамон рӯзи аввали амалиёт дар дараи Ромит кашф ва мусодира кардаанд. Худи ҳамон рӯз Назарзода бо далели“бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақомаш барканор шуд.

XS
SM
MD
LG