Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ: Аз ҳоли онҳо хабар надорем


Аз миёни боздоштшудаҳои аъзои ҲНИТ танҳо акси Саттор Каримов дастрас нест
Аз миёни боздоштшудаҳои аъзои ҲНИТ танҳо акси Саттор Каримов дастрас нест

Аксари аъзои баландпояи боздоштшудаи ҲНИТ ба вакили дифоъ ва наздиконашон дастрасӣ надоранд. Хешовандон сабаби мушаххаси боздошти онҳоро намедонанд.

Наздикони Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар қатори 12 узви дигари раёсат ва фаъолони ин ҳизб аз рӯзи 16 сентябр дар боздошт қарор дорад, мегӯянд, онҳо дар пайдо кардани вакили дифоъ барои ӯ мушкил доранд. Муроҷиати онҳо дастикам ба 6 вакили дифоъ барои ҳимоя аз ҳуқуқи Зарафо Раҳмонӣ бенатиҷа анҷом ёфтааст ва ҳимоягарон бо ҳар баҳона аз дифои ҳуқуқи ин зан худдорӣ мекунанд.

Яке аз пайвандони Зарафо, ки нахост номаш нашр шавад, рӯзи 22 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд адвокатҳо аз тарси сиёсӣ будани қазияи мазкур намехоҳанд ин масъулиятро ба дӯш бигиранд. “Баҳона мекунанд, телефонҳоро намебардоранд ё баъдтар занг мезанем гуфта, бо ҳамин хомӯш мешаванд,” - гуфт ӯ.

Наздикони Зарафо Раҳмонӣ мегӯянд, то ҳамин авохир дар бораи ҷои будубоши вай чизе намедонистанд. Яке аз рӯзҳо онҳо ҳатто ба боздоштгоҳи рақами яки Душанбе рафт пурсиданд, ки агар Зарафо Раҳмонӣ ин ҷо бошад, барояш ғизое бидиҳанд, вале фаҳмиданд, ки ӯ дар ин муассиса ҳам набудааст.

Онҳо танҳо рӯзи 22 сентябр фаҳмидаанд, ки Зарафо Раҳмонӣ дар боздошгоҳи КДАМ - Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон - нигаҳ дошта мешавад. Наздиконаш мегӯянд, фардо тасмим доранд барояш либосу хӯрок бубаранд.

Боздошти хонум Раҳмонӣ шоми 16 сентябр дар ҳоле рух дод, ки ӯ барои сафар ба Варшава омодагӣ медид. Қарор буд, ӯ рӯзи 21 сентябр ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалии занон ба Аврупо мерафт, вале шоми чоршанбеи гузашта дари хонаашро намояндагони ҳифзи ҳуқуқ тақ-тақ карданд.

“Бегоҳ як нафар ба хонааш омада гуфт, ки панҷ дақиқа барои як сӯҳбат берун барояд. Даъвати ӯро барои даромадан ба хона рад карданд ва хостанд, ки дар дохили мошине ҳамроҳаш сӯҳбат кунанд. Бо ҳамин, бо либоси хонагӣ ӯро бурданд. Баъди чанд соат 7 нафар омада, бидуни ягон санад хонаашро кофтукоб карда, ноутбуку чанд ҳуҷҷати дигари ташкилоташро бо худ бурданд,” - гуфт як узви хонаводаи Раҳмонӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Зарафо Раҳмонӣ, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ ва муассиси ташкилоти “Нишот” 43 сол дошта, солҳои 2000-2003 дар нашрияи “Наҷот”, 2003-2008 ба ҳайси корманд ва сипас сардабири маҷаллаи бонувони ҲНИТ ба номи “Найсон” кор кардааст.

Билол Розиқов: "Падари ман айбе надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Вай аз соли 2008 то 2011 раиси шӯъбаи фарҳанг ва таблиғи ҲНИТ, сипас ба муддати як сол муовини раиси дастгоҳи ҳизб буда, аз соли 2012 то кунун мушовири ҳуқуқи раиси ҳизб буд. Хонум Зарафо ба ҳайси вакили дифоъ дар парвандаҳои пурсарусадои бархе аз аъзои ҳизб, аз ҷумла Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам кор кардааст.

Ӯ модари 4 фарзанд буда, писари хурдии ӯ 8 сол дораду шоҳиди боздошти модар шудааст. Ин тифл, ба гуфтаи наздикон, аз рӯзи боздошти модар то имрӯз хеле афсурдаву ноумед шудааст ва пайваста чашм ба роҳи модар аст. Писари бузурги Зарафо Раҳмонӣ оиладор буда дар ноҳияи Румӣ зиндагӣ мекунад. Шавҳари вай як ронандаи мусофирбар аст.

Дар пайи боздошти Зарафо Раҳмонӣ ӯ бори аввал рӯзи 21 сентябр барои посух додан ба саволҳои тафтишот даъват шудааст. Пайвандони Зарафо Раҳмонӣ ба ҷуз он чи ки аз қавли додситонии кул дар матбуот нашр шудааст, далели мушаххаси боздошти ӯро намедонанд, аммо мӯътақиданд, ки ин боздошт ба фаъолияти ҳизбии ӯ рабт дошт.

Наздикони аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ, мисли пайвандони Раҳмонӣ, бо гузашти 6 рӯз аз боздошташон, ҳеҷ иттилое дар бораи наздиконашон надоранд. Онҳое, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, дар бораи гуноҳи эҳтимолии наздиконашон, шароити боздошт ва ҷузъиёти дигар ҳеҷ иттилое надоранд ва мақомот ҳам ба муроҷиатҳои онҳо посух намедиҳанд. Инчунин гуфта мешавад, ки на ҳамаи боздоштшудаҳо ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд.

Аз миёни ин 13 нафар узви боздоштшудаи ҲНИТ ҳоло танҳо Муҳаммадалӣ Ҳайити 58-сола барои худ вакили дифоъ гирифтааст. Аз ҳуқуқи ӯ ду вакил - Бузургмеҳр Ёров ва Ҷамшед Ёров - ҳимоя мекунанд. Ҷамшед Ёров мегӯяд, баъди 6 рӯзи интизорӣ ва муроҷиат ба сохторҳои масъул билохира, шоми 22 сентябр, аз Додситони кулл посух гирифтаанд, ки зерҳимояи онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ нигаҳдорӣ мешаванд. Оқои Ёров мегӯяд, парвандаи зерҳимояи ӯ ва ҳамроҳони дигарашро додситони кулл баррасӣ дорад, аммо вай ҳоло намедонад, ки зерҳимояаш бо кадом ҷурм ва бар асоси кадом банди қонун боздошт шудааст.

Ҷамшед Ёров рӯзи 22 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст ҳамин рӯз бо зерҳимояаш вохӯрад ва танҳо баъд метавонад дар бораи парванда маълумоти бештар пешниҳод кунад:

“Имрӯз аллакай ду соат шуд, ки мо дар назди боздоштгоҳ муфаттишро интизор ҳастем. Бояд ҳаракати тафтишотӣ гузаронида шавад ва бо зерҳимоя вохӯрдаву бо парванда шинос шавам,” - гуфт ӯ.

13 узви баландпояи ҲНИТ рӯзҳои 16-17 сентябр дар манзили зист, кӯча ваё дар фурудгоҳ боздошт шудаанд.

Ҳамсари Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи 65-солаи ҲНИТ мегӯяд, шавҳарашро шоми 16 сентябр аз қаҳвахонаи “Шукрона” боздошт кардаанд. Оилаи Сайфуллозода ду фарзанд доштааст - яке мактабхон ва дигаре донишҷӯи соли аввали яке аз мактабҳои олии Қибрис.

Завҷаи Сайфуллоҳзода, ки ҷое кор намекунад, мегӯяд, ҳамсараш танҳо таъминкунандаи рӯзгори онҳо буд ва ҳоло ӯ ҳатто намедонад, ки чӣ тавр метавонад ҳуқуқи ҳамсарашро ҳимоя кунад, чунки пул ҳам надорад: “Адвокат маблағ мегӯяд, ман аз куҷо пул меёбам? Ҳоло ҳатто ҷои нигаҳдориашро намедонам. Ҳоло сабр мекунам мебинам, ки чӣ мешавад.”

Аммо писари Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, онҳо чандин бор барои падар хӯроку либос бурдаанд, вале дар ин муддат боре ҳам ба дидори ӯ муваффақ нашудаанд. Билол Розиқов, писари Зубайддуллоҳи Розиқи 69-сола мегӯяд, падараш, ки раиси шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ буд, дар манзили зисташон боздошт шуд. Ҳоло хонаводаи онҳо дар ҷустуҷӯи вакили дифоъ ҳастанд.

Дар изҳороти расмии додситонии кулли Тоҷикистон боздошти аъзои раёсат ва фаъолони ҳизб, аз ҷумла, ҳама муовинони раиси ҳизб – Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳайит, Воҳидхон Қосиддинов ва дигарон ба ҳодисаҳои мусаллаҳонаи 4 сентябр рабт дода шуд.

Он рӯз гурӯҳи мусаллаҳе ба раҳбарии муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як посгоҳи милисаи Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро ба қатл расониданд. Мақомот мегӯянд, раҳбарияти ҲНИТ талош дошт амалиёти террористӣ анҷом дода, кишварро ноором кунад.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ки баъди натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз моҳи март дар хориҷа ба сар мебарад, иттиҳомоти зидди ӯву ҳизбашро бепояву асос хонда, рад кард.

Дар робита бо боздошти аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон созмонҳои Ҳюман Райтс Вотч ва Амнести Интернешнал изҳори нигаронӣ ва таҳқиқи одилонаи парвандаҳои ин афродро тақозо кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG