Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" кӣ огоҳ кард? Нақли шоҳидон. САДО


Маҳалли ҳодиса. Акс рӯзи 6-уми ноябр дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нашр шуд. Дертар онро пок карданд.

Ба нақли шоҳидону мақомот, ҳангоми ҳамлаи хунини шаби 6-уми ноябри имсол ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон амали як сарбоз аз талафоти зиёд пешгирӣ кардааст. Дар ҳоле ки ҳамлаварон, ба гуфтаи онҳо, чанд нафарро қатл кардаву силоҳҳоро ба даст гирифта буданд ва дигаронро низ ба қатл таҳдид мекарданд, яке аз сарбозон худро ба берун ба хандақ андохта, ба наздиктарин хонаи сокини деҳаи Ишқобод рафтааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил ғайримумкин аст.

Дидбонгоҳи "Ишқобод" дар канори деҳаи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст. Дидбонгоҳ ва деҳаро танҳо як роҳи мошингард ҷудо мекунад ва ба гуфтаи сокинон аз ин дидбонгоҳ то ба хонаи онҳо тақрибан 300-400 метр масофа аст.

Баробари расидан ба нахустин хона, тақрибан соати 3:30-и шаби 6-уми ноябр сарбоз телефон дархост мекунад, то хабари ҳамларо ба дидбонгоҳҳои дигар, марказ ва мақомоти қудратӣ расонад.

Камолиддин Алиев, раиси маҳаллаи Ишқобод рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аввал яке аз ҳамдеҳагон ба дурустии гуфтаҳои сарбоз бовар накарда, гумон бурдааст, ӯ аз дидбонгоҳ фирор кардааст. Вале баъди исрори сарбоз вай ба Алиев – раиси маҳалла занг мезанад ва ӯ зуд расида меояд.

"Ман ба назди сарбоз омадам ва аз ин ҳодиса нозири минтақавӣ ва раиси ҷамоатро хабардор кардем. Худи сарбоз бо раиси ҷамоат бо телефон суҳбат кард ва аз ҳодиса хабар дод. Сарбоз ба мо ҳамин қадар нақл кард, ки ӯ ба хотири зудтар расонидани хабар ба мақомот ва пешгирӣ аз идомаи ҳодиса ба деҳа омадааст," -- иброз дошт Алиев.

Аз ҳамла ба "Ишқобод" кӣ хабар дод?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи ӯ, шаби ҳамла сарбоз ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо мақомот танҳо як бор худро муаррифӣ кард ва исми сарбоз ба хубӣ дар ёдаш намонд.

Алиев мегӯяд, то ҷое дар ёд дорад, ӯ худро сарбози қаторӣ Фаррух муаррифӣ кард.

Шоҳидони дигаре, ки ба ҳадди ширкат ва масъулияти доштаашон аз ҷузъиёти ҳамлаи хунини гуруҳи, ба гуфтаи мақомот, 20-нафарӣ шаби 6-уми ноябр огоҳанд, амалкарди сарбоз ва зуд ба мақомоти дигар расидан иттилоъ боис шуд, ки "ҳамлаварон дар ҳудуди ҷамоати Эсанбой қисман дастгир ва боқӣ маҳв карда шаванд".

Мақомот мегӯянд, дар сурати зуд хабар надодани сарбоз аз ҳодиса хатаре вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон бо силоҳу муҳимот худро то ба пойтахт расонанд ва даст ба харобкориҳои дигар зананд.

Баҳодур Саидзода, раиси ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҳам дувумин нафарест, ки бо ин сарбоз ҳамсуҳбат шуда, баъдан хабарро ба мақомот расондааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз дидбонгоҳи “Ишқобод” то маркази ҷамоат тақрибан 18-20 километр роҳ аст ва хабари фавран расондаи сарбоз ба мақомот имкон дод, зуд ба ҷамоат бирасанд. Ӯ гуфт: “Вай аввал раиси маҳалларо огоҳ мекунад ва баъд фавран ба ман занг мезананд. Баъд бевосита ба мақомоти қудратӣ дар тамос шуда, аз ҳодиса хабар додам. Худи сарбоз ба отряди “Султонобод” тамос гирифта, ҳамаро огоҳ мекунад. Пас ҳама мақомот ба по хеста пеши роҳи ноамниро гирифтанд."

Ба нақли Саидзода, мақомоти қудратӣ қариб дар маркази ҷамоат ҳамлаваронро ба иҳота гирифта, қисмеро безарар гардонидаанд ва қисмеро боздошт кардаанд.

Дар қисми марзбонӣ нахостанд ному насаби ин сарбозро ошкор кунанд ва гуфтанд "иҷозаи боло зарур аст". Айни замон кулли сарбозон ва фармондеҳони дидбонгоҳи “Ишқобод” иваз шуда, ба ҷойи онҳо сарбозону фармондеҳони дигар ба посбонии марз машғуланд.

Ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон шаби 6-уми ноябр иттифоқ афтод. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад.

Ҳамла, бино бар хабари ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр сурат гирифтааст ва дар он 17 нафар, аз ҷумла як марзбон ва як корманди милиса кушта шудаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, 5 нафарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи боздоштшудаҳоро 4 нафар гуфтааст.

Ба ҷуз аз хабарҳое, ки мақомот нашр карданд, иттилои дигар аз манобеи мустақил дастрас нест.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, “гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла кард ва онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуданд”.

Аз рӯи ин ҳодиса Додистонии кулли Тоҷикистон парванда боз карда, тафтишот идома дорад, вале аз ҷараёни он мақомот хабаре намедиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG