Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳамлаи моҳи ноябр ба посгоҳи "Ишқобод" занону кӯдакон кушта шуданд. Ин ҷавоби дипломати баландпояи тоҷик ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми декабр баъд аз ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел садо дод.
"Гурӯҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод"-и қисми ҳарбии "Султонобод" ҳамла кард. Онҳо панҷ автомати Калашниковро ғасб намуданд. Дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижа, ин гурӯҳ безарар гардонида шуд. Панҷ нафар боздошт гардид. Онҳо дар ҳабсанд. Сохторҳои ҳифзи қонун ҳам хисороти ҷонӣ диданд. Мутаассифона, террористон кӯдакону занонро барои анҷоми ин ҳамла истифода карданд. Бешубҳа, мо тамоми талошро кардем, ки кӯдаконро наҷот диҳем, аммо дар миёни мардуми кушташуда шуморе аз кӯдакону занон буданд. Онҳо ба мо интихоби дигар нагузоштанд," – шарҳ дод вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Видеоро дар инҷо бинед:
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта баъзе аз ин иттилоъро дар ихтиёри расонаҳо гузошта буданд, ки ба ҷойи қаноатмандӣ суолҳои зиёди сокинону коршиносонро ба вуҷуд оварда буд.
Ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон шаби 6-уми ноябр иттифоқ афтод. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".
ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад.
Охири моҳи ноябр Муҳаммад Саидов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ин афрод тақрибан як моҳ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ зистаанд.
Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҳодиса мақомоти давлатии Тоҷикистон ҷараёни воқеаро баён накардаанд ва баръакс аксҳоеро, ки рӯзи аввал нашр намуда буданд, пок карданд.
Хабарҳо дар бораи ҳодиса аз манобеи гуногун пароканда ва ба даст меояд ва фарзияҳое матраҳ мешаванд, ки хабари расмиро зери суол мегузоранд.
Дар бораи ин ҳодиса бештар бихоонед: