Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент аз ғафлати низомиён интиқод кард". Дар Шӯрои амният чӣ гузашт?


Нишасти Шӯрои амният. 14-уми ноябри соли 2019. Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон
Нишасти Шӯрои амният. 14-уми ноябри соли 2019. Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти нишасти Шӯрои амниятро дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ошкор намекунанд, дастикам ду манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "раиси ҷумҳур аз ғафлати низомиён интиқод кардааст". Нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр, баъди тақрибан даҳ рӯзи ҳамла дар посгоҳе дар марзи Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд.

Як манбаъ, ки аз ҷузъиёти ҷаласа огоҳ аст, гуфт, президент "аз ғафлати мақомоти марзбонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ" интиқод кардааст, ки натавонистаанд, бо огоҳии пешакӣ аз рӯйдоди 6-уми ноябр дар дидбонгоҳи "Ишқобод" пешгирӣ кунанд. Ӯ бо нақли қавл аз президент гуфт, "вақте шумо аз кори се-чаҳор террорист огоҳ нестед ва моҳҳо омодагӣ мегиранду бехабар мемонед, пас, вазифаи шумо чӣ ҳаст."

Ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани номаш гуфт, раиси ҷумҳур ҳамчунин аз кори ниҳодҳои иктишофӣ танқид карда, гуфтааст, "чаро нозирони Вазорати умури дохилӣ дар маҳалҳо ҳаракати одамони шубҳаоварро зери назорат намегиранд."

Талошҳои мо барои гирифтани иттилоъ аз хадамоти матбуоти президент, шӯрои амнияти Тоҷикистон ва баъзе мақомҳои дигар то ин дам бенатиҷа буд. Сухангӯи президент дар паёми кӯтоҳ гуфт, ҳар хабаре буд, дар сомонаи президент гузоштаанд. Дабири Шӯрои амният нахост, ба суолҳо ҷавоб гӯяд ва гӯширо гузошт.

Вале манбаи мо мегӯяд, аз кормандони тамоми ниҳодҳо, ҳатто Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, Оҷонси мубориза бо фасод, додситонӣ ва КДАМ ва ВКД хостааст, ки дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд. "Президент гуфтааст, ин бояд як бахши муҳими кори шумо бошад, фақат ба ВКД ва КДАМ такя накунед", -- афзуд мусоҳиби мо.

Як манбаи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон низ аз ноқаноатмандии ҷиддии раиси ҷумҳур дар нишасти Шӯрои амният хабар дод ва ҳамчунин шеваи пахши иттилоъро дар бораи он низ интиқод кард. Ин манбаъ аз додани ҷузъиёт худдорӣ намуд.

Бо вуҷуди он ки аз танқидҳои президент нисбат ба мансабдорони баландпоя хабар мерасад, чунин тарзи интиқод дар гузашта низ садо додаанд, вале кам иттифоқ афтодааст, ки раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ муҷозот шуда бошанд.

Бо ин ҳол, чизе ки то ин дам мақомот нашр карданд ин аст, ки дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ ва масоили дигар додситони кул, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ гузориш доданд. Тафсилоти суҳбатҳои онҳо маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, оё онҳо фарзияи расмии қаблиро ба раисиҷумҳур расонданд ё гузориши ҳар ниҳод бо ҳам фарқ мекард.

Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Дар шабу рӯзи ҳодиса раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Аврупо буд ва ин ҳодиса бори нахуст бо ҳузури ӯ баррасӣ мешавад.

Дар нишасти Шӯрои амният масъалаи иҷрои қонуни афв низ баррасӣ шудааст. Мансурҷон Умаров, сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, то кунун 6 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод шуданд. Умаров пас аз поёни нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои амният раиси ҷумҳур дастур додааст, масъалаи иҷрои қонуни афв ҳар чӣ зуд ва бо пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ ба охир расонида шавад. "То ҳол ягон шикоятеро дар робита ба ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ ҳангоми татбиқи қонуни афв аз наздикони маҳбусон дастрас накардем", -- афзуд ӯ.

Дар сурати ба даст омадани тафсилоти нишасти Шӯрои амният дар ин ҷо нашр хоҳем кард. Моро пайгирӣ кунед, вале то он дам хабарҳои охирин ва назарҳоро дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ин ҷо бихонед.

XS
SM
MD
LG