Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар фикри хориҷ намудани бокс аз барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 мебошад. Дар ин бора президенти КБО Томас Бах хабар додааст, иттилоъ медиҳад ТАСС.
Ба гуфтаи Бах, кумита аз вазъият дар Анҷумани байналмилалии бокс (AIBA) нигарон аст. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Ғафур Раҳимов мебошад, ки ба ин мақом пас аз силсилаи ҷобаҷокунӣ соҳиб шудааст ва ин ҳолат Кумитаи байналмилалии олимпиро ба ташвиш андохтааст. Бах изҳор кардааст, ки кумита нисбати раҳбарияти AIBA ба таҳқиқот шуруъ намудааст.
Бокс ба барномаи Олимпиада аз соли 1904 дохил аст ва то Бозиҳои олимпӣ дар Бразилия ба мусобиқот танҳо варзишгарони ҳаваскор роҳ дода мешуданд ва аз соли 2016 ба мубориза барои медалҳои олимпӣ варзишгарони ҳирфаӣ шуруъ карданд.
"Кумитаи иҷроияи КБО аз вазъият дар раҳбарияти AIBA дар ташвиш аст. Мо метавонем шуруъи таҳқиқотро нисбат ба раҳбарияти AIBA тасдиқ намоем. Кумитаи иҷроияи КБО, инчунин ҳамагуна алоқаро бо AIBA, ба ҷуз масоили корӣ, ки барои иҷрои қарорҳои КБО заруранд, мунҷамид мекунад",- изҳор доштааст Бах.
Чунонки ТАСС иттилоъ додааст, дар охири соли 2017 Чинг-Куо Ву, ки ба AIBA сарварӣ мекард, баъди айбдоркуниҳо дар бобати бад шудани вазъи молии ташкилот аз мақомаш истеъфо дод. Ӯро ноиби президенти анҷуман Франко Фалчинелли иваз намуд, вале ӯ аз ин вазифа зуд даст кашид.
Бокс ба барномаи Олимпиада аз соли 1904 дохил аст. То Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба мусобиқот танҳо варзишгарони ҳаваскор роҳ дода мешуданд. Аз соли 2016 ба мубориза барои медалҳои олимпӣ варзишгарони ҳирфаӣ шуруъ карданд.
Ёдовар мешавем, Ғафур Раҳимов (Ғафур-бойбача), тоҷири маъруфи узбак, ки дар "рӯйхати сиёҳ"-и Вазорати молияи Амрико қарор дорад, ба курсии иҷрокунандаи вазифаи президенти Анҷумани ҷаҳонии бокс ё The International Boxing Association баъди он нишаст, ки рӯзи 27-уми январи соли равон Франко Фалчинелли аз мақоми президенти AIBA истеъфо дод.
Ғафур Раҳимов ҳамзамон дар мақоми муовини президенти Федератсияи бокси Осиё кор мекунад. Интихоби раҳбари нави Анҷумани ҷаҳонии бокс дар иҷлосияи навбатӣ, моҳи ноябри имсол, сурат хоҳад гирифт. Қарор аст, ин анҷуман дар Русия баргузор шавад.
Ҳамон тавр, ки вебсайти расмии Анҷумани байналмилалии бокс навиштааст, номзадии Ғафур Раҳимов ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA аз тарафи Федератсияи бокси Русия пешниҳод шудааст. Як манбаъ дар Федератсияи бокси Узбакистон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо низ аз номзадии Ғафур Раҳимов ҳимоят кардаанд.
Аз соли 2006 то моҳи ноябри 2017 Чинг-Куо Ву раҳбарии Анҷумани ҷаҳонии боксро бар уҳда дошт. Тобистони соли гузашта аъзои раёсат ба ӯ бо далоили иқтисодӣ изҳори нобоварӣ карданд ва ба ҷояш Франко Фалчинелли интихоб шуд. Ғафур Раҳимови 67-сола аз соли 1998 узви раёсати Анҷумани байналмилалии бокс аст. Аз соли 2002 то 2012 муовини президенти ҳамин федератсия буд.
Ӯ, ки дар гузашта яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбакистон ном бурда мешуд, охири соли гузашта ба “рӯйхати сиёҳ”-и Вазорати молияи Амрико ворид шуд. Вазорати молияи Амрико дар гузориши худ Ғафур-бойбача ва чанд нафари дигарро “ба шустушӯи пул, ғасб, ришват ва тиҷорати маводи мухаддир” айбдор кард.
Чаҳор соли қабл нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, низ бо такя ба маълумоти хадамоти махфии Русия навишт, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбакистонро зери назорат дошт.
Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 номи Ғафур Раҳимов аз феҳристи афроди таҳти пайгарди "Интерпол" ҳазф шуд. Вай соли 2010 аз Узбакистон берун рафта, гуфта мешавад, дар Дубай зиндагӣ дорад.