Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои давлати Ироқ Мавсилро аз се тараф иҳота карданд (ВИДЕО)


Нерӯҳои ироқӣ дар шаҳраки Тал Кайф, 20-километрии Мавсил қарор дошта, аз се самт ба ин шаҳри таҳти назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” наздик мешаванд. Ҳавопаймоҳои ироқӣ минтақаҳоро шадидан бомбаборон кардаанд.

Аз замони оғози амалиёт дар ҳафтаи гузашта 800 узви гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ба асорат афтидааст. Инчунин, 70 деҳа ва 1700 километри мураббаъ замини атрофи Мавсил ба тасарруфи нерӯҳои давлатии Ироқ гузаштааст.

Рӯзи 23 октябр нерӯҳои ироқиву пешмарга, ки аз ҳаво зери ҳимояти Эътилофи байналмилалӣ қарор доранд, то 9-километрии шимоли Мавсил пешрафт намуданд. Масъуд Барзонӣ, раҳбари минтақаи мухтори Курдистони Ироқ, ба вазири дифои Амрико Эш Картер иброз дошт, ки сарбозони курд шаҳраки Башиқа, воқеъ дар 24-километрии шимоли Мавсилро ишғол намуданд. Нерӯҳои давлатии Ироқ рӯзи якшанбе шаҳри стратегии Бартела, воқеъ дар 12-километрии шарқи Мавсилро таҳти тасарруф дароварданд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Нерӯҳои давлати Ироқ Мавсилро аз се тараф иҳота кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

XS
SM
MD
LG