Мақомоти Хуҷанд аз ҳузури ҷавонони ин шаҳр дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва муассисаву таълимгоҳҳои динии кишвари Арабистони Саудӣ нигаронӣ намуданд.
Масъалаи тақвияти корҳои тарғиботӣ барои баргардонидани сокиноне, ки дар Сурия ҳастанд ва ё дар кишварҳои арабӣ ба таҳсили исломӣ машғул мебошанд, рӯзи 19 октябр дар нишасти натиҷагирии фаъолон аз бурду бохтҳои шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи авали соли ҷорӣ, баррасӣ гардид.
Раҳим Солеҳзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дар ҳоли ҳозир 5 хонавода аз Хуҷанд дар Сурия қарор доранд. Ҳамчунин, 11 сокини маркази вилояти Суғд дар Арабистони Саудӣ ба омӯзиши улуми исломӣ машғул мебошанд. Ба гуфтаи ҷаноби Солизода, “аз инҳо 4 нафар таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд ва 7 нафар машғули таҳсили динӣ ҳастанд.”
Мақомоти тоҷик таҳсили ба гуфта онҳо "ғайриқонунӣ"-и ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломиро барои амнияти мазҳабии Тоҷикистон хатарнок медонанд."
Ба таъкиди ҷаноби Солизода, 9 нафари ин афрод баъди баргардонидан ба ватан дубора ба Арабистони Саъудӣ баргаштаанд ва дар ин давра “ягон толибилме, ки ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар таълими динӣ мегиранд, баргардонида нашудааст.»
Муовини раиси шаҳри Хуҷанд инро нишони «фаъолияти сусти масъулони умури дин, ҷавонон, кор ва шуғли аҳолӣ дар Хуҷанд” номид ва ба тақвияти фаъолияти ин ниҳодҳо ҷиҳати баргардонидани сокинон аз Сурияву Саъудӣ даъват намуд.
Мақомоти тоҷик таҳсили ғайриқонунии ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломии Шарқ, назири Арабистони Саъудӣ, Эрон, Миср ва Покистонро барои шакл гирифтани ақидаи суннатии исломии онҳо нораво ва амнияти динии Тоҷикистон хатарнок медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон 6 сол қабл бо роҳандозии маъракаи густардае 3 ҳазор ҷавони тоҷикро, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, бо ваъдаҳои фароҳам намудани ҷойҳои таҳсил ё кор, ба ватан баргардониданд. Акнун бо гузашти муддати на чандон зиёд, мақомот аз бозгашти дубораи бархе аз ин ҷавонон ба ҷойҳои таҳсили қаблиашон хабар доданд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони кишвар рӯзи 27 майи соли равон аз мавридҳои таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва пайвастани бархе аз онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ карда, барои баргардонидани онҳо ба ватан таъкид карда буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба 370 ҷавоне ишора кардааст, ки "дар муассисоти таълими динии давлатҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба кишвар баргардонда нашудаанд". Ба гуфтаи ӯ, аз ин ҷумла, 36 нафар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда ва дар набардҳо дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои масъулони шӯъбаи оид ба корҳои дин дар ҳукумати Суғд, то моҳи июли соли ҷорӣ аз 649 донишҷӯе, ки дар кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсили динӣ доранд, бо дархости мақомот ва падару модарони онҳо 630 нафар ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Масъулони шӯъбаи дин мегӯянд, “барои ба ватан баргардонидани боқимондаҳо тадбирҳои иловагӣ” меандешанд. Дар ҳоле, ки ба қавли масъулони умури дин, 39 нафар донишҷӯи баргардонидашуда бо баҳонаҳои муҳоҷирати корӣ, саёҳат ва тиҷорат дубора ба Саъудиву кишварҳои дигари хориҷӣ барои дубора идома додани таҳсили динӣ баргаштаанд.
Ҳамзамон, раёсати корҳои дохилии Суғд, иштироки 394 нафар сокини вилоят дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Сурия ва ҷон бохтани 36 нафари онҳоро маълум кардааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, 24 нафари онҳо ҳамсар ва 44 кӯдаки худро низ ҳамроҳи худ ба Сурия бурдаанд.
хастай 10 бор мара сур када гапидагиян . одами ба акл Хизмат намера 2 соли хаетша сузона . буд набуд бузаки чингила по буд ....
Ягона рохи мубориза алайхи ин аждахо хамкории зич бо Туркия ва СНГ аст.Дастгирии беминнат ва холис аз барои худованд бародарони уйгур аст.Кортроли чидди ва фидокоронаи журналистон аз накша ва тархи лоихахои ин маккор аст.
Худ казоват кунед мардкум,ки Точикистонро ин холатхо ба 3 мавкеъ таксим кардааст: 1.Зиеди шахрвандани Точикистон ба иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба хотире ки мардикори карда дар Руссия маблаге барои зиндагии оилаи худ меебанд. 2. Хукумати хозира рахгум задааст, барои он,ки побанди карзхои бонкхо ва ташкилотхои гарби мебошад. 3. Авлод тарафи худ кашида истодааст, барои он, ки карзу доляхои зиед ва бизнес бо Хитой доранд. Яъне Точикистон бо 2 дасту 1 пой бастагист. Бо як поча кучо, чи хел, кай, кучо мепарем?...... Рустами Эмомали миена сахт банд бо ин Мероси проблемахои асоси.
Аз ин чинихо дури бояд чуст. Инхо максадошонро ба ягонкас намегуянд. Аммо алакай конуни барои уйгурихо карда ба точикистон низ амали шуда истодааст. То 18сола маньи ба масчид рафтан, масчид махкамкуни, тахсили дини...... Копияи режим ба уйгурихо холо ба точикон рахандози шуда истодааст.
Аз гуфтахои шумо бармеояд, ки танхо шумову Холикназаров Х. шахсони бомаърифату донишманданд дар гурухи мухолифон будед. Бояд шумо икрор мекардед кихо хизмати хирсона карданд, кихо хизмати шоиста. Ба фикри ман шахсоне ки барои шумо вазифа додан дар хукумат ношукри набояд кард. Чунки шумо дар бари онхо таи чанд сол нон мехурден ва хам кадаму хамнафаси онхо будед. Боки худованд ёру нигахдоратон бод.