Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуллае, ки фатҳ нашуд. Қазияи марги Некбаён аз забони шоҳидон. ВИДЕО


Гуфтугӯи Сайф Сафар бо Маҳди Аббосӣ
Гуфтугӯи Сайф Сафар бо Маҳди Аббосӣ

Гурӯҳи сенафарии кӯҳнавардони эронӣ, ки дар талоши фатҳи қуллаи Карл Маркс дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон як нафарашонро аз даст доданд, баъди бозгашт ба Душанбе тафсилоти фоҷиаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд.

Аз дӯстон хостам, ки баргардем. Маҳдӣ Аббос аз мо дур буд. Некбаён қабул накард. Гуфт, ки меравем ва шаб суҳбат мекунем.

Маҳдӣ Аббосӣ ва Ҳумоюн Манучеҳрӣ аз он афсӯс мехӯранд, ки натавонистанд пеши роҳи марги ҳамкору дӯсташон Аҳмади Некбаёни 58-соларо бигиранд. Рӯзи 19-уми май Некбаён ҳангоми фатҳи қуллаи Карл Маркс, воқеъ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон, лағжида ба поён афтод. Ҷасади ӯ ҳанӯз бо сабаби баланд будани сатҳи барфу ях қобили берун овардан нест ва бояд мунтазири гармои тобистон шуд, то баъди андак об шудани ях наҷотбахшон ба ҷасад дастрасӣ пайдо кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Фоҷиаи марги кӯҳнаварди эронӣ аз забони шоҳидон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:09 0:00

"Хостам, ки баргардем, вале Некбаён қабул накард"

Ҳумоюн Манучеҳрӣ, куҳнаварди 60-сола мегӯяд, рӯзи 19-уми май, ҳангоме ки аз баландии 4 ҳазору 600 метр ба роҳ баромаданд, ҳаво офтобӣ ва барф дар ҳоли об шудан буд. Ин куҳнавард, ки собиқаи 25-солаи куҳнавардӣ дорад, гуфт, “аз дӯстон хостам, ки баргардем. Маҳдӣ Аббосӣ аз мо дур буд. Некбаён қабул накард. Гуфт, меравем ва шаб суҳбат мекунем. Онҳо рафтанд ва ман ба урдугоҳ баргаштам. Баъдан Некбаён омаду гуфт, ки Маҳдӣ дохили шикоф афтод. Бо ҳам рафтем, то ӯро аз онҷо берун орем”.

Ба гуфтаи ӯ, дар роҳ ин ду нафар ҳам дохили шикофи ях афтоданд ва соати 9-и шаб Маҳдиро диданд. Маҳдӣ Аббосӣ, узви дигари 57-солаи ин тим мегӯяд, пас аз онки Ҳумоюн Манучеҳрӣ аз байни роҳ бармегашт, вай бо Аҳмад Некбаён то баландии 5 ҳазору 550 метр расиданд ва пас аз мушаххас кардани маҳал тасмим гирифтанд, ки аз роҳ баргарданд.

Моҳи августи соли 2016 ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ду кӯҳнаварди ботаҷрибаи рус – Михаил Волков ва Наталя Тсветова дар баландии 6800 метр қурбони тарма шуданд

Гуфтам: "Аҳмад онҷоӣ? Ҷавоб намедод. Фақат садои нола меомад."

Маҳдӣ Аббосӣ мегӯяд, “роҳ аз барф пӯшида буд. Ҳеч асаре аз шикоф дида намешуд. Як лазҳа зери поям холӣ шуд ва аз иртифои (аз баландии) шояд 8 то 10-метрӣ афтодам. Сарам шикасту баданам комилан кӯфт шуд. Аҳмад Некбаён аз боло маро медид. Пурсид: “Чӣ ҳол дорӣ?” Гуфтам: “Зоҳиран дасту поям нашикастаанд. Гуфт, меравам ва бо Ҳумоюн бармегардем, то туро аз ин шикоф дармеорем. Баъд аз гузашти ду соати дигар дидам, ки хабаре нашуд. Ҳаво ҳам ором-ором торик мешуд. Охирин боре, ки ман ба соат нигоҳ мекардам, 18:28 буд. Билохира бо талоши зиёд ва бо лутфи Худо тавонистам аз ин шикоф берун бароям”.

Ин куҳнавард мегӯяд пас аз берун шудан аз шикоф ва тай кардани 150-200 метр “саҳнаеро дидам, ки тамоми баданам ба ларза афтод. Як сӯрохии тӯлонӣ буд. Дар беруни он кулоҳи офтобгири Аҳмадро дидаму фаҳмидам, ки вай онҷост. Истодаму дидам фақат садои нола меомад. Гуфтам: “Аҳмад онҷоӣ? Чӣ турӣ? Ҷавоб намедод. Фақат садои нола меомад. Гуфтам ман ҳоло меравам ва бо Ҳумоюн бармегардем ва туро берун меорем."

"Асаре аз ӯ набуд"

Ҳумоюн Манучеҳрӣ
Ҳумоюн Манучеҳрӣ

​Маҳдӣ Аббос дар идома гуфт, дар роҳи рафтан ба сӯи Ҳумоюн дубора ба шикофи 10-12-метрии ях афтод ва ин дафъа бо кумаки чангак аз шикоф берун шудааст. Вай мегӯяд, бо мушкил худамро ба (камп) урдугоҳ расонд ва ба Ҳумоюн гуфт, ки ҳарчи зудтар ба кумаки Аҳмад Некбаён биравад.

Ҳумоюн Манучеҳр гуфт, ки то соати 12-и шаб назди шикофи кӯҳе, ки аз он Аҳмад суқут карда буд, истод, аммо бефоида буд. Ин куҳнавардон мегӯянд, рӯзи дигар дубора ба суроғи Аҳмад рафтанд, вале дигар аз ӯ асаре набуд.

Ин кӯҳнавардон худи ҳамон рӯз ба деҳаи Дрижи ноҳияи Ишкошоим баргашта, бо ситоди ҳолатҳои фавқулода ва сафорати Эрон дар тамос шудаанд. Ба гуфтаи ин куҳнавардон, рӯзи чаҳорум бо ҳавопаймои Бунёди Оғохон ва имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба маҳалли суқути Аҳмади Некбаён расиданд, вале он рӯз барф меборид.

Саҳнаеро дидам, ки тамоми баданам ба ларза афтод. Як сӯрохии тӯлонӣ буд. Дар беруни он кӯлоҳи офтобгири Аҳмадро дидаму фаҳмидам, ки вай дар онҷост.

Маҳдӣ Аббос гуфт, “яке аз имдодгарон хост, ки вориди сӯрохии ях бишавад. Як метр ҳам натавонист ворид шавад, чун арзи он хеле кам буд. Баъдан Ҳумоюн вориди шикоф шуд. Ҳудуди ду метр фаромад. Бо талоши зиёд Аҳмадро дид, ки наздик ба 17-20 метр афтодаву миёни яхҳо дармондааст. Дидем роҳе барои берун омаданаш нест. Чун мумкин аст ҳам ба пайкараш садама бихурад ва ҳам он нафаре, ки барои берун овардани Аҳмад меравад, худаш миёни ях бимонад. Дидем, ки дигар роҳе надорем, Аҳмадро дар он шикофҳо ба амонат гузоштему баргаштем”.

Хонаводаи Некбаён мотам гирифтаанд

Маҳдӣ Аббосӣ
Маҳдӣ Аббосӣ

Ба гуфтаи ин куҳнавардон, хонаводаи Аҳмад Некбаён дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон аз даргузашти ӯ хабардор шуданд ва дар хонаи падараш маросими ҷаноза барпо карданд. Онҳо мегӯянд, тахминан баъди 2 моҳ ва дар авҷи гармо дар Тоҷикистон ният доранд, барои берун овардани ҷасади Аҳмад Некбаён ба маҳалли суқут баргарданд. Ба қавли онҳо Аҳмад Некбаён ҳудуди 30 соли собиқаи куҳнавардӣ дошта, онҳо дар якҷоягӣ қуллаҳои баландтарини ҷаҳонро аз қабили Албурз, Килиманҷаро, Арарат фатҳ кардаанд. Вале кӯшиши фатҳи як қуллаи маъруфе дар Бадахшони Тоҷикистон нахустин таҷрибаи онҳо буд, ки бо фоҷиа анҷомид.

Ҳумоюн Манучеҳр мегӯяд, дер боз орзу дошт ҳамроҳ бо дӯстонаш ин қуллаи маъруф, вале камтаваҷҷӯҳро фатҳ кунад. Коршиносони соҳаи кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз оғоз кӯҳнавардон ба хатоҳои хеле ҷиддӣ роҳ доданд, ки боис ба сар задани фоҷеа шуд. Яке аз мушкилоти аслӣ – сафар ба макони комилан ношинос бидуни роҳбалад ё мутахассиси маҳаллӣ буд, ки тавонад нуқтаҳои хатарноки ин маконро зери яху барф ишора кунад.

Ҳар се кӯҳнаварди эронӣ бознишаста буда, Ҳумоюн Манучеҳр қаблан дар як созмони кишоварзӣ, Маҳдӣ Аббос дар корхонаи истеҳсоли мошин ва Аҳмад Некбаён дар ширкати бима ё суғурта кор кардаанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ гуфтанд, ин кӯҳнавардон бидуни ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои зидахл ва муайян кардани хатсайр ба кӯҳ баромада ва дар натиҷа ба фалокат дучор шуданд.

Бе раҳбалад марав, ки...

Тоҳирбек Тоҳирбеков, фориғуттаҳсили риштаи сайёҳӣ ва раҳбалади ҷавон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, рӯзи 1-уми июн гуфт, дар Тоҷикистон мутахассисон ва ё роҳбаладони соҳаи кӯҳнавардӣ хеле кам ҳастанд. Вале бо ин вуҷуд кӯҳнаварди бо макон ноошно ва ҳамчунин хориҷиҳо бояд хеле эҳтиёткор бошанд: “Ба ҳеч ваҷҳ бе раҳбалад ба куҳ баромадан мумкин нест. Роҳбалад мебинад, ки ҳаво чӣ гуна аст. Раҳбалад бояд бидонад, масалан, барф ё яхи ҷойи муайян тавони бардошти 75 килоро дорад ё не. Дар сурати аз ин бештар вазн доштани куҳнавард, бояд аз сафар худдорӣ кард.”.

Зимнан, ҳарсе куҳнавардон бознишаста буда, Ҳумоюн Манучеҳр қаблан дар як созмони кишоварзӣ, Маҳдӣ Аббос корманди корхонаи истеҳсоли мошин ва Аҳмад Некбаён дар ширкати бима ё суғурта кор кардааст.

Дар орзуи Исмоили Сомонӣ ва Корженевский

Аз миёни беш аз 312 ҳазор сайёҳи хориҷӣ, ки соли 2016 аз Тоҷикистон дидан карданд, як бахши онҳо кӯҳнавард буда асосан барои фатҳи қуллаҳои Исмоили Сомонӣ (баландиаш 7 ҳазору 495 метр) ва қуллаи Корженевский (7 ҳазору 105 метр аз сатҳи баҳр) ба Тоҷикистон меоянд.

Моҳи августи соли 2016 дар пайи фоҷиае ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ду кӯҳнаварди ботаҷрибаи рус – Михаил Волков ва Наталя Тсветова дар баландии 6800 метр қурбони тарма шуда, ҷони худро аз даст доданд. Соли 2011 дар бораи марги як кӯҳнаварди олмонӣ дар кӯҳҳои Фони вилояти Суғд хабар пахш шуд.

XS
SM
MD
LG