Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як кӯҳнаварди Украина дар Қирғизистон


Дар ҷануби Қирғизистон як кӯҳнаварди Украина ба ҳалокат расида, як нафари дигар, ки шаҳрванди Молдова будааст, бедарак гаштааст. Дар ин бора шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш ба матбуот хабар додааст.

Шаҳрванди Украина ҳангоми баромадан ба қуллаи Ленин ба мусибат дучор шудааст ва ҷасади вайро 22 июл ба Украина фиристоданд. Пулис мегӯяд, ки вазъи саломатии ин кӯҳнаварди украинӣ ҳангоми баромадан ба баландӣ бад шудааст.

Баландии қуллаи Ленин 7134 метр аст, вале дар баландии 5 ҳазор метр кӯҳнавард ба сактаи қалб дучор шудааст. Барои ҷустуҷӯи кӯҳнаварди дуввум, ки ҳоло бедарак шудааст, гурӯҳи ҷустуҷӯро сафарбар кардаанд.

XS
SM
MD
LG