Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике бар фарози баландтарин қуллаи Аврупо


Фарҳод Мӯъминов, ҷавони 22-солае аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, нахустин кӯҳнаварди тоҷик аст, ки баландтарин қуллаи Аврупо – Элбрусро фатҳ намудааст.

Кӯҳнавардӣ барои Фарҳод натанҳо хоббӣ, машғулияти дӯстдошта, балки касбест, ки имрӯзу ояндаашро бе он тасаввур намекунад. Вай мегӯяд, ки ҳанӯз аз овони хурдсолӣ кӯҳҳои Тоҷикистон ба назараш осмонбӯс менамуданд ва дилашро тасхир карда буд. Аммо сарфи назар аз ин ки 93 дарсади масоҳати Тоҷикистон аз кӯҳу пуштаҳо иборат аст, Фарҳод аз ҷумлаи кӯҳнавардони ангуштшумори касбии кишвар мебошад. Ин ҳол гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон шояд мактаби кӯҳнавардӣ чандон рушд накардааст.

Ӯ пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ шомили риштаи ҷаҳонгардии донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе шуд, аммо сатҳи таълиму донише, ки дар соли аввали таҳсил он ҷо аз бар намуд, ӯро қонеъ накард. Соли дигар Фарҳод бо сипарӣ кардани даҳҳо мушкили молию иҷтимоӣ озими Русия шуд, аммо на барои мардикорӣ. Вай ҳоло ягона донишҷӯи тоҷики риштаи кӯҳнавардии донишгоҳи Маскав буда, нозукиҳои ин касбро меомӯзад. Фатҳи қуллаҳои баландтарини олам, аз ҷумла Элбрус, ки 5 ҳазору 642 метр баландӣ дорад, маҳз бо пуштибонии сармоягузорони рус барояш имконпазир шудааст:

«Дар Русия бисёр ҳавасманданд, ки соҳаи кӯҳнавардӣ пеш равад, мутахассисони ҳирфаиро омода кунанд. Ҳатто сармоягузорони алоҳида, созмонҳои
ғайриҳукуматӣ ҳам сафарҳои кӯҳнавардиро маблағгузорӣ мекунанд. Фатҳи қуллаҳои баланд аз сӯйи ин ё он кӯҳнавард, ватани ҳамон кӯҳнавард, имиҷи он кишварро боло мебарад. Ҳамин сафарҳои кӯҳнавардии маро, аз ҷумла ба қуллаи Элбрус, баландтарин нуқтаи Аврупо, ҳам дар Русия довталабона сарпарастӣ карданд».

Фарҳод афзуд, ки сафарҳои кӯҳнавардиаш ба қуллаҳои Помири Тоҷикистонро ҳам барояш сарпарастони русиягӣ маблағгузорӣ мекунанд. Аммо ҷолиб ин аст, ки агар барои фатҳи қуллаи Элбрус Фарҳод ҳамагӣ 600 доллари амрикоӣ сарф карда бошад, сафараш ба Помир ва анҷоми кӯҳнавардӣ дастикам ду ҳазор доллари амрикоиро тақозо мекунад. Ҳамин миқдор маблағро Фарҳод барои фатҳи баландтарин қуллаи Тоҷикистон ва минтақа, ки Исмоили Сомонӣ, собиқ Коммунизм, ном дорад, харҷ кардааст.

Заррина Неъматова, омӯзгори кафедраи туризм, ё ҷаҳонгардии донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнии Тоҷикистон, яке аз устодони Фарҳод, мегӯяд, часпу талош ва муҳаббати шогирдаш ба кӯҳнавардӣ буд, ки ӯро барои расидан ба ҳадафи аслии пешорӯяш ба Маскав бурд:

«Фарҳод тӯли як сол дар факултаи география таҳсил кард. Аммо баъдан бо супурдани имтиҳон ва дастгирии раҳбарияти донишгоҳи омӯзгорӣ, ба Русия барои идомаи таҳсилаш рафт. Ҳоло ӯ дар курси чаҳорум таҳсил мекунад. Дар Тоҷикистон кӯҳнавардӣ рушд накардааст ва бисёр муҳим аст, ки Фарҳод дар ин соҳа мутахассиси ҳирфаӣ гардад ва бо дониши мукаммал ба ватан баргардад».

Аммо Фарҳод, ки чанде пеш дар ҳайати беш аз 100 куҳнаварди касбии 18
кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буд, гуфт, аъзои экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ аз иқлим, табиат ва мардумони ин кишвар мутаҳайир ва бисёр розӣ боқӣ монданд.

Вай афзуд: «Куҳнавардони хориҷӣ аз қуллаҳои баланди сарбафалаккашидаи Тоҷикистон лаззат бурданд ва аз ҳурмату эҳтиром меҳмоннавозии хоси тоҷикон бисёр шоду мамнун буданд. Бояд масъулон ба рушди кӯҳнавардӣ таваҷҷӯҳи хосае зоҳир кунанд, то нафароне, ки ба ин соҳа таваҷҷӯҳ доранд, донишашон нисбат ба кӯҳнавардӣ зиёд гардад ва бояд сармоягузорон ба кӯҳнавардӣ ҷалб карда шаванд, то вазъи молии кӯҳнавардони мамлакат беҳтар шавад. Агар сармоягузорони ватанӣ ё хориҷӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд, тасмим дорам, ки боз чанд қуллаи баландтарини ҷаҳонро фатҳ карда, парчами Тоҷикистонро рӯйи он насб кунам…»

Бо назардошти кишвари саропо куҳсор будани Тоҷикистон, Фарҳод Мӯъминов, кӯҳнавардиро яке аз риштаҳои муҳим дар амри шинохти бештару беҳтари табиат ва захираҳои табиии ин кишвар арзёбӣ мекунад. Вай афзуд, агар давлати Тоҷикистон ё сармоягузорони алоҳида экспедитсияҳои кӯҳнавардиро сарпарастӣ мекарданд, анҷом додани таҳқиқотҳои бисёри илмӣ боиси ғанитар шудани буҷаи давлатии Тоҷикистон мешуд.
XS
SM
MD
LG