Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон баъди 58 сол аз IMF кӯмак хост, барои муқобила бо вирус. ИНФОГРАФИКА


Чанд мақоми расмии Эрон то кунун ба бемории нав гирифтор шудаанд ва яке аз онҳо низ фавтидааст.
Чанд мақоми расмии Эрон то кунун ба бемории нав гирифтор шудаанд ва яке аз онҳо низ фавтидааст.

Дар Эрон 75 нафари дигар бар асари сирояти вируси нав ҷон додаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, вируси нав то кунун дар саросари Ҷумҳурии Исломӣ 429 нафарро куштааст. Теҳрон бо назардошти васеътар шудани миқёси сироят аз Сандуқи Байналмилалии Пул дархост кард, ки барои муқобила бо вирус ба ин кишвар қарз бидиҳад.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон рӯзи 12-уми март гуфт, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар 1075 мавриди нави гирифторӣ ба вирус сабт шуд ва теъдоди умумии беморон аз 10 ҳазор нафар ҳам гузашт.

Рӯҳониёни ҳоким дар Эрон бо бастани мактабу донишгоҳҳо ва лағви барномаҳои фарҳангиву варзишӣ талош доранд, пеши роҳи паҳншавии вирусро бигиранд. Рӯзи 12-уми март мақомот гуфтанд, ки Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ ҳам ба бемории нав гирифтор шудааст ва дар карантин зери назари табибон аст.

То ҳол чанд мақоми баландпояи ҳукумати Эрон ва беш аз 20 узви порлумон гуфтаанд, ки вируси нав ба онҳо сироят кардааст ва яке аз онҳо муовини раиси ҷумҳур Маъсума Ибтикор буд, ки сиҳат шудааст. Бонки марказии Эрон рӯзи 12-уми март гуфт, ки аз Сандуқи Байналмилалии Пул хостанд, барои муқобила бо вирус 5 миллиард доллар қарз бидиҳад.

Мудири бонк Абдулносир Ҳимматӣ гуфт, ки дархости онҳо ҳафтаи гузашта ба номи мудири иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул Кристалина Георгиева ирсол шуд. Раҳбарияти ин ниҳоди молии воқеъ дар Вашингтон гуфтааст, ки омода аст, ба кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо густариши вирус кӯмак кунад.

Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки Бонки Марказӣ ба ин сохтор муроҷиат кард ва аз Сандуқи Байналмилалии Пул тақозо кард, ки ба ин дархост “масъулона” посух бидиҳад.

Эрон аз солҳои 1960-1962 ба ин сӯ аз Сандуқи Байналмилалии Пул кумак нагирифтааст. Коронавирус вазъи иқтисодии Эронро бадтар кардааст, чун ҳамсояҳо марзҳояшонро баста, кишварҳои дигар парвоз ба Эрон ва эрониҳоро қатъ мекунанд. Мақомоти Исфаҳон – саввумин шаҳри бузурги Эрон гуфтанд, ки аз 14-уми март метрои шаҳрро мебандад, то ки аз паҳншавии бештари вирус ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки хатари воқеии коронавирусро, ки то ҳол сабаби марги 4600 нафар дар ҷаҳон шудааст, нодида гирифтанд.

Генерали амрикоӣ Кеннет МакКензӣ, ки фармондеҳии нирӯҳои мусаллаҳи ИМА барои Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро ба ӯҳда дорад (CENTCOM) гуфт, ба назар мерасад, ки Эрон миқёси воқеии гирифторӣ ба коронавирусро пинҳон мекунад ва фарогир шудани вирус ба тасмимгириҳои онҳо таъсир расонидааст.

XS
SM
MD
LG