Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Алиакбари Вилоятӣ ба коронавирус мубтало шуд

Алиакбар Вилоятӣ бо Алии Хоманаӣ.

Хабаргузориҳои Эрон рӯзи панҷшанбеи 12-уми март хабар доданд, ки Алиакбар Вилоятӣ, мушовири байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба вируси корона гирифтор шудааст ва ҳоло дар ҳолати карантин қарор дорад. Робитаҳои умумии Бемористони Масеҳи Донишварӣ, ки раёсати онро Алиакбари Вилояӣ ба ӯҳда дорад, дар хабарномае гуфтааст, "вазъияти умумии ӯ хуб ва рӯ ба беҳбудӣ аст".

Бемористони Масеҳи Донишварӣ сабаби гирифтории Алиакбари Вилоятӣ ба коронавирусро "анҷоми корҳои вобаста бо муқобила бо вируси корона" ва "анҷоми фаъолиятҳои рӯзона дар баробари табибон ва ҳамшираҳои шафқат", гуфтааст.

Дар рӯзҳои ахир бархе дигар аз сиёсатмадорон ва мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ба вируси корона гирифтор шуданд ё даргузаштанд. Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ва Маъсума Ибтикор, муовини дигари президент дар умури хонавода, аз ҷумлаи мақомоти баландпояи эронӣ ҳастанд, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда ва дар карантин ба сар мебаранд.

Чанд вакили порлумони Эрон ва низ дипломатҳои собиқи ин кишвар бар асари вируси корона ҷон бохтаанд.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки то рӯзи панҷшанбеи 12-уми март дар ин кишвар 429 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, беш аз 10 ҳазор ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Қазоқистон дар як рӯз беш аз 500 кас ба COVID-19 мубтало шудаанд

Алмато, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қазоқистон дар давоми як шабонарӯзи охир 571 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Аз ҳама бештар ҳолатҳои нав дар шаҳри Алмато ошкор гаштааст. Дар ин шаҳр рӯзи 8-уми март 118 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навро сабт кардаанд.

Дар миёни вилоятҳои Қазоқистон аз нигоҳи шумори ҳолатҳои нав вилояти Акмолин пешсаф аст. Дар давоми як рӯзи охир гирифтории 73 сокини вилоят ба коронавирус тасдиқ гаштааст.

Аз моҳи марти соли гузашта то ба ҳол дар Қазоқистон мубталошавии 219 325 кас ба коронавируси нав тасдиқ шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, 2 819 шаҳрванди ин кишвар бар асари коронавирус ҷон додаанд.

Филми ҳуҷҷатии Nextа дар бораи дороиҳои Лукашенко нашр шуд

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус.

Nexta, расонаи мухолиф дар Беларус, филми ҳуҷҷатӣ - таҳқиқотиро бо номи "Кони тило" нашр кард, ки дар он Александр Лукашенко ба даст доштан дар фасод айбдор мешавад.

Телеграм-канали маъруфи Nexta ҳудуди як ҳафта матлаби наверо нашр накард ва дар бораи тақдири мудири гуруҳ овозаҳои гуногун паҳн шуд. Вале он субҳи душанбе навореро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, Nexta тайи ин муддат ба нахустнамоиши филм дар бораи бойигарии Лукашенко омодагӣ медид.

Дар таҳқиқот гуфта шудааст, Лукашенко амалан қароргоҳҳои зиёди давлатии Белорус бо шумули Қасри бошукуҳи истиқлоли ин кишварро хусусӣ гардонида, мошин ва техникаҳое, ки барои президент пешбинӣ шудаанд, дар ҳадафҳои шахсияш истифода мебарад.

Ҳамчунин гуё ӯ соҳибкорони хориҷиро ҳимоят карда, туҳфаҳои гаронбаҳо дарёфт мекунад. Дар филм номи соҳибкори рус Михаил Гутсериев гирифта мешавад.

Вале худи Лукашенко мегӯяд, ҳеч гуна бойигарие надорад ва тақрибан ҳамаи он чизҳое, ки ӯ истифода мебарад, ба давлат тааллуқ доранд.

Эътирозгарон дар Мянмар ба назди донишҷӯёни дармонда рафтанд

Янгон, 8-уми март

Эътирозгарон дар Янгон, шаҳри калонтарини Мянмар, ба қуюди шабгардӣ нигоҳ накарда, шоми 8-уми март бо нишони ҳамраъйӣ ба назди 200 донишҷӯйи бандмонда дар иҳотаи нирӯҳои амниятӣ рафтанд.

Ин донишҷӯён дар эътироз ба ҳабси раҳбари мадании Мянмар Аун Сан Суҷӣ ва ғасби қудрат аз ҷониби низомиҳо ба хиёбон баромада буданд.

Пас аз ғасби қудрат аз ҷониби раҳбарони низомии Мянмар дар рӯзи 1-уми феврали имсол, ин кишвар бо эътирозҳои азими мардумӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Дар посух мақомот даст ба саркӯбу ҳабси эътирозгарон мезананд ва то ба ҳол беш аз 50 нафар кушта шуданд. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар гуфт, дастикам 18 нафари онҳо дар саркӯбҳои бераҳмонаи 28-уми феврал ва 38 нафар дар ҳодисаҳои 3-юми март кушта шуданд.

Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, рӯзи 8-уми март ду нафари дигар дар шимоли Мянмар аз тири туфанги низомиҳо кушта шуданд. Мақомоти низомӣ ба кори матбуоти маҳаллӣ ҳам маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд.

Ҷон Керри барои баррасии гармоиши иқлим ба Брюссел рафт

Ҷон Керри дар гузашта котиби давлатии ИМА буд ва дар маъмурияти президент Ҷо Байден раҳбари барномаҳои муқобила бо гармоиши иқлим мебошад

Ҷон Керри, мудири барномаҳои Амрико оид ба муқобила бо гамршавии иқлим, рӯзи 9-уми март дар Брюссел бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ хоҳад кард.

Ӯ бо ҳамкори аврупоиаш – муовини президенти Кумисюни Аврупо Франс Тиммерманс ва раҳбари ин Кумисюн Урсула вон дер Лейен дидору мулоқот мекунад.

Моҳи феврал, замоне ки президенти мунтахаби Амрико Ҷо Байден ба сари кор омад, узвияти Иёлоти Муттаҳида дар Созиши муҳитзистии соли 2015, ки бо номи созиши Париж маъруф аст, барқарор карда шуд. Раҳбарони аврупоӣ аз ин иқдоми Вашингтон ситоиш карданд.

Созиши мазкур мувофиқаи 195 кишварро дар назар мегирад, ки гармшавии иқлими сайёраро дар ҳудуди на бештар аз 2 дараҷаи Селтсия нигоҳ медорад. Ин сатҳи зарурӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаҳои вобаста ба тағйироти иқлим мебошад.

Президенти собиқ Доналд Трамп Амрикоро соли 2017 аз ин созиш берун кард ва гуфт, санади мазкур ба кори соҳибкорони амрикоӣ зарба мезанад.

Сафари Ҷон Керри ба Брюссел аввалин дидору гуфтугӯҳои як мақоми баландпояи Кохи Сафед бо аврупоиҳо хоҳад буд. Дар ин гуфтугӯҳо барномаҳои кории байни Аврупову Амрико дар самти ҳифзи иқлим баррасӣ мешавад.

ИМА Русияро аз сиёҳ кардани воксинаҳои амрикоӣ ҳушдор дод

Воксинаҳои ширкатҳои Moderna and Pfizer-BioNTech аз ҷониби ширкатҳои амрикоиву олмонӣ сохта шудаанд

ИМА он чиро, ки як маъракаи танзимшудаи Русия барои дурӯғпароканӣ дар бораи воксинаи сохташуда дар ИМА бар зидди COVID-19 номид, ошкоро маҳкум кард. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 8-уми март ба хабарнигорон гуфт, ки Русия мисле, ки дар гузашта мекард, аз роҳи пахш кардани иттилои дурӯғин дар бораи воксинаҳое, ки барои наҷоти ҷони одамон сохта шудаанд, мехоҳад эътибори онҳоро ба ҳам занад. Ин изҳорот як рӯзи баъди он нашр шуд, ки ба навиштаи The Wall Street Journal, Маркази ҳамкориҳои ҷаҳонӣ, ниҳоди вобаста ба Департаменти давлатии ИМА маълум кардааст, ки дар пушти чаҳор пойгоҳи интернетие, ки дар ҳамоҳангӣ кор мекунанд, сохторҳои амниятии Русия истодаанд. Ин вебсайтҳо дар талоши таблиғи воксинаи сохти русии Sputnik V бо сиёҳ кардани воксинаи сохти амрикоии Pfizer машғул будаанд. Дар вебсайтҳо хабару гузоришҳое дар бораи гӯё зарарнок будани ду воксинаи сохти Амрико бидуни овардани далели тасдиқкунандаи ин иддаоҳои сиёҳкунанда нашр мешаванд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псаки гуфт, “мо бо ҳама гуна иттилои дурӯғин бо ҳар василае, ки бошад, мубориза мебарем”.

Халилзод аз нақши муҳими Покистон дар сулҳи Афғонистон гуфт

Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи ИМА барои Афғонистон дар мулоқот бо мақомот дар Исломобод гуфт, ки Покистон дар истиқрори ҷараёни сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя нақши муҳим хоҳад бозид. Халилзод ва генерал Скотт Миллер, фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва ҳайати ёрирасони НАТО дар Афғонистон рӯзи 8-уми март дар Исломобод бо генерал Ҷовид Баҷво ва дигар мақомоти артиши Покистон дар қароргоҳи марказии низомиён дар Равалпиндӣ дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин бора сафорати ИМА дар як изҳороте хабар додааст. Халилзод пеш аз ин дар Афғонистон ва Қатар буд. Дар шаҳри Давҳаи Қатар музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон идома дорад. Президенти ИМА Ҷо Байден дар фикри суръат бахшидани ҷараёни музокираҳо пеш аз хуруҷи эҳтимолии нирӯҳо аз Афғонистон дар таърихи 1-уми май мебошад. Халилзод дар мулоқот бо мақомоти Покистон гуфтааст, ки нақши ин кишвар бахусус барои дастёбӣ ба сулҳ ва оташбаси воқеӣ хеле муҳим аст.

Як фаъоли туркманистонӣ аз президенти Русия паноҳандагӣ хост

Розгелдӣ Чолиев.

Розгелдӣ Чолиев, як фаъоли 27-солаи туркманистонӣ бо нашри видеое аз президенти Русия Владимир Путин дархости паноҳандагӣ кард.

Вай мегӯяд, марзбонони Русия аз 2 март аст, ки аризаи ӯро барои паноҳандагӣ қабул намекунанд ва ин боис шудааст, ки Чолиев барои пешгирӣ аз ихроҷаш аз Русия муроҷиатнома сабт кунад.

"Шумо президенти Русия ҳастед, дар Русия қонун мавҷуд аст ва ба фарқ аз Туркманистон, қонун дар Русия кор мекунад", - гуфтааст Чолиев дар муроҷиатномааш. Вай дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Москва ҳамроҳ бо хонаводааш дар мондааст.

Чолиев сокини шаҳри Ишқбодои Туркманистон аст, ки то чанде пеш дар як донишгоҳи Карачаево-Черкес таҳсил мекард. Моҳи январи соли 2020 ӯро аз донишгоҳ берун карданд.

Баъди он ки вай дар як наворе ҳукумати Туркманистонро танқид кард, мақомоти донишгоҳ ӯро аз донишгоҳ хориҷ карданд.

Домоди Мирзиёев баъди садамаи Тошканд дар Кореяи ҷанубӣ ҷарроҳӣ шуд

Отабек Умаров, домоди раиси ҷумҳури Узбекистон.

Отабек Умарови 36-сола, муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлат ва домоди президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 4 март дар бемористони Кореяи Ҷанубӣ ҷарроҳӣ шудааст.

Як манбаи наздик ба Умаров дар суҳбат бо хабаргузории Korrespondent.uz гуфтааст, ки домоди Мирзиёев то 4 март дар карантин буд. Хабаргузорӣ ҳамзамон акси мошинеро нашр кардааст, ки шоми 13 феврал Отабек Умаров бо мототсикл ба он бархурд.

Пештар чандин манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ва Мирзиёев гуфтанд, ки домоди ӯ баъди ҷароҳатҳои сангинаш дар Тошканд барои муолиҷа ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Манбаъҳо мегӯянд, Умаров, ҳамсари Шаҳноза - духтари дувуми Мирзиёев дар садамаи нақлиётӣ аз сар ва поҳояш ҷароҳатҳои сангин бардоштааст.

Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки президент Мирзиёев амр дод, ки дар робита бо садамаи мудҳиши домодаш нисбати чанд корманди амнияти хусусии ӯ тафтишоти дохилӣ анҷом шавад. Бархе афроде, ки аз онҳо ҳамчун "атлет" ё варзишгар ном мебаранд ва дар лаҳзаи вуқӯи садама дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, ҳамчунин мавриди тафтиш қарор дода мешаванд. Манбаъҳо гуфтанд, ки дафтари корӣ ва толорҳои варзишӣ дар Тошканд, ки таҳти назари тиҷоратҳои хусусии Умаров буданд, баста шуданд.

Ба иттилои манбаъҳо, Умарови 36-сола, муовини раиси амнияти хусусии президент Мирзиёев ва ҳам "варзишгарон" дар шаҳри Тошканд ҳар сари чанд вақт бо мошинҳои худ пойга ташкил карда, "ҳолати хатарноки нақлиётӣ" эҷод мекарданд.

HRW аз мақомоти Қирғизистон хост, лоиҳаи Конститутсияи навро бозхонд кунанд

Қонститутсияи нави Қирғизистон.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бо нашри изҳороте лоиҳаи Конститутсияи нави Қирғизистонро "поймолкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи инсон" номида, гуфт, он тавозунеро заиф месозад, ки барои пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯистифода аз мақом пешбинӣ шудааст.

Дар изҳорот омадааст, муҳлате, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов барои қабули Конститутсияи нав эълом кардааст, барои баррасии санад хеле кутоҳ аст ва порлумони амалкунандаи ин кишвар бояд тасвиби лоиҳаи нави Қонуни асосиро то интихоб шудани порлумони нав ба таъхир гузорад.

"Лоиҳаи Конститутсияи нав на ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи инсонро, ки мақомоти Қирғизистон мегӯянд, фаро мегирад. Бояд барои таҳияи ин гуна санад вақти лозимӣ ҷудо карда шавад, то дар он ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд тавре кафолат дода шавад, ки дар меъёрҳои байналмилалӣ омадааст",-изҳор доштааст пажӯҳишгари Human Rights Watch дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сийнат Султаналиева.

Созмон мегӯяд, дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президенти Қирғизистон тавсеа дода шудааст, ки хатарҳоеро дар пай дошта, ҳамзамон хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад.

HRW бар ин аст, ки мақомоти Қирғизистон бояд лоиҳаи Конститутсияи навро бозхонд карда, дар баррасии дубораи он назари ҳамаи шаҳрвандон, коршиносон ва Комиссияи Аврупоро ба инобат гиранд.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 3 март қонуни эъломи раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи навро дар қироати аввал ба тасвиб расонданд. Тибқи ин қонун, раъйпурсӣ рӯзи 11-уми апрели соли равон баргузор хоҳад шуд.

Манижа, овозхони зодаи Тоҷикистон, Русияро дар "Евровидение" намояндагӣ мекунад

Манижа Сангин

Як овозхони зодаи Тоҷикистон дар озмуни имсолаи Eurovision (Евровидение), ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, аз Русия намояндагӣ мекунад.

Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми март навиштанд, Манижа Сангин дар Роттердам таронаи Russian Woman-ро хоҳад хонд. Соли гузашта бояд гуруҳи Little Big дар "Евровидение" Русияро намояндагӣ мекард, вале бо сабабаи пандемия коронавирус озмун баргузор нашуд.

Манижа Сангини 30-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолиятҳои иҷтимоиаш машҳур аст. Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон – "Недославянка" – аст, ки тақрибан ду сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷиа баён кард.

Айни замон худи ӯ сафири ҳусни нияти намояндагии Оҷонси Созмони Милал дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар Русия аст.

Манижа Сангин дар охири соли 2019 дар суҳбате бо Радиои Озодӣ ба чанд суол посух гуфта буд, ки ҳоло нашри дубораи баъзе аз қисматҳои онро аз манфиат холӣ намедонем.

Радиои Озодӣ: Ҳуввияти Шумо чӣ мегӯяд: Тоҷикед, рус ҳастед ё каси дигар?

Манижа: Ман шаҳрванди Сайёра ҳастам. Ман ҳам тоҷик, ҳам славянӣ, ҳам одаме ҳастам, ки ба англисӣ суҳбат мекунад. Ман кайҳо тамғагузориро бас кардам. Бад мебинам, вақте одамон тамға мегузоранд ва худро маҳдуд мекунанд. Мехоҳам, мутобиқи фарҳангу суннатҳое, ки дар ман ташаккул ёфтааст, зиндагӣ кунам. Ин фарҳанг ба шарофати тамоми чизҳое, ки дар зиндагии ман рух додааст, ташаккул ёфтааст.

Радиои Озодӣ: Арзишҳо ҳам муҳим будагист? Медонам, ки модаратон дар ташккули шахсияти Шумо нақши муҳим бозидаанд?

Манижа: Нақши муҳим бозидаанд. Ба фикрам, ин кори хеле мушкил аст, ки кӯдакро дар як кишвари бегона бузург бикунӣ. Модарам панҷ кӯдакро бузург карданд ва муҳимтарин хидмати он кас ҳамин аст, ки ба ҳамаи мо иҷоза доданд, кореро, ки дили мо мехоҳад, бикунем. Чунки, мутаассифона, волидони ман маҷбур шуданд аз орзуву манфиатҳои худ бигузаранд. Ҷанг аз бисёр чиз маҳрум кард. Барои ҳамин, бисёр шодам, ки суруд иҷро мекунам, эҷодкор ҳастам, зери боли модар ҳастам, таҳти назари касбии он кас кор мекунам. Он кас ҳамчун як продюсер бисёр чизҳоро беҳтар аз дигарон дарк мекунанд. Дар ҳар тим доштани чунин як узве хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Корҳои Шумо бештар хусусияти иҷтимоӣ доранд, чандон тафреҳӣ нестанд. Вале чӣ назар доред, садои Шумо шунида мешавад?

Манижа: Бале, ман инро бо чашми сар мебинам. Номаҳои зиёд мегирам. Мухотабони ман хеле дигаргун шудаанд. Ин чизест, ки ман давоми солҳои зиёд мехостам. Ин танҳо як идеяи муваққатии яксола нест. Аз оғози фаъолиятам ҳаминро мефаҳмидам, ки аввал бояд барои худ тамошобин пайдо кунам, то тавонам баъд аз ин дар бораи гапҳои муҳим суҳбат кунам. Яъне аввал дар бораи он чӣ, ки маро ташвиш медиҳад мегӯяму баъдан дар бораи дигарҳо. Дар маҷмуъ, тамоми кору барномаҳое, ки имсол аз дастам омаду иҷро кардам, як пирӯзӣ аст. Худо кунад, ки соли оянда аз ин ҳам бештар талош бикунам.

Радиои Озодӣ: Дар Русия тоҷикони зиёд кору зиндагӣ мекунанд ва мушкилашон кам нест. Оё барои он ки як тоҷик ҳастед, дар Русия азият шудаед?

Манижа: Албатта, буданд чунин ҳолатҳо, чаро пинҳон кунам? Вале ман аз ин мавзуъ фоҷиа сохтанӣ нестам. Бешубҳа, барои ҳама мардум дар зиндагӣ мушкил эҷод мешавад. Вале бояд сари худамон кор кунем, бояд таҳсил кунем, чунки ин хеле муҳим аст. Имкони таҳсилу гирифтани маълумот ҳамеша вуҷуд дорад. Зимнан, ман ба клипам аз Тоҷикистон чандин вокуниш дарёфт кардам. Бархе мегӯянд, ки "ту моро масхара мекунӣ". На, ба ҳеҷ сурат ман масхара накардам. Ман ҳамаи мушкилотеро, ки муҳоҷирон дучор мешаванд, хуб дарк мекунаму боэҳтиром муносибат мекунам. Чунки ман медонам, ки ин чӣ мушкил аст ва оилаи мо ҳам зиндагиро дар ин ҷо аз сифр шурӯъ карда буд. Ман ҳоло ҳақ дорам, ки як оҳи сабук бикашам, чунки оилаи ман дар ҳолате нест, ки дар ғами бурдаи ноне бошад. Ман метавонам бинишинаму фикр кунам, ки чӣ гуна метавонам онҳоеро, ки ҳамарӯза зӯр мезананд, барои зиндагии беҳтаре ташвиқ кунам. Бисёри онҳо ба як ҳарфи гарму дастгирӣ ниёз доранд, ба як калима гап, ки "ғам нахӯр, ҳамааш хуб мешавад, табассум кун. Ин тарона дар бораи ту аст ва ба зудӣ ту бар ҳамаи мушкилотат пирӯз мешавӣ".

Сеяки масирҳои сйёҳӣ баста шудаанд, вале авҷи "хонашинӣ" гузаштааст

Аз се як ҳиссаи масирҳои ҷаҳонгардӣ ба таври пурра баста шудаанд. Ин нуктаро бунгоҳи марбут ба Созмони Милали Муттаҳид эълон кард ва гуфт, ҳамагирии COVID-19 ба рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон зарбаи шадид зад.

Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Туризм (UNWTO), дар оғози моҳи феврал аз 217 масири ҷаҳонгардӣ 69-то ё 32 дарсади онҳо комилан баста шуд. Аз ин шумор 30 макон дар Осиё ва Уқёнуси Ором, 15 масир дар Аврупо ва 11 ҷой дар Африқо будаанд.

Ин ниҳод меафзояд, қарори ҳукуматҳо ба бастани марзҳо ва талаби доштани санҷиши манфии коронавирус ба коҳиши туризм сабаб гаштаанд. Ҳамзамон Созмони Ҷаҳонии Туризм мегӯяд, вазъи умумӣ назар ба соли гузашта беҳтар аст.

Дар моҳи майи соли 2020 75 ва дар моҳи ноябри он сол 27 дарсади саёҳатҳо қатъ гашта буданд. Ба ин сабаб UNWTO соли 2020-ро “бадтарин сол барои ҷаҳонгардӣ” унвон карда буд.

Ҳамагирии коронавируси нав дар соли 2020 ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон 1,3 триллион доллар зиён расонд, ки назар ба давраи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ 11 баробар бештар буд. Аммо "маҳдудиятҳо коҳиш меёбанд ва раванди ҷаҳонгардӣ аз сар гирифта мешавад", -- мегӯяд раиси UNWTO Зураб Полиликашвилӣ ва бовар дорад, ки риштаи сайёҳӣ аз нав рушд хоҳад кард.

Вазири хориҷаи Чин гуфт, кишвараш ба фишорҳои беруна гузашт намекунад

Ван Йи, вазири хориҷаи Чин

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 7-уми март дар нишасти матбуотии солонааш аломат дод, ки раҳбарияти ин кишвар ба фишорҳои беруна сар хам намекунад ва ҳимояти манфиатҳои худро ҳамчунон идома хоҳад дод. Нашрияи фаронсавии “Монд”, ки ин суханрониҳо таҳлил кардааст, мегӯяд, давоми 1 соату 40 дақиқа дипломати аршади чинӣ ба таври рӯшан паём дод, ки Пекин “аз рӯи ҳеҷ кадом масъала гузашт нахоҳад кард”. Ин мавқеи ӯ ба масъалаҳои Шинҷон, Ҳонгконг ва Тайван, инчунин ба мавзӯи озодии ҳаракат дар баҳри Ҷанубии чинӣ, баҳсҳои қаламравҳо бо Ҷопон ва ихтилофҳои сарҳадӣ бо Ҳинд рабт дорад. Хабарнигорон ба ҳарфҳои вазири чинӣ дар бораи нақши ҳизби Коммунистии ин кишвар аҳамият додаанд. Ван И гуфтааст, ки нақши ҳизби коммунистӣ “асосӣ” мебошад. Соли 2021 ҳизб садсола мешавад ва ба гуфтаи вазири хориҷаи Чин, ин сана таконбахши “корҳои азими ҳазорсолаҳои баъдӣ” хоҳад шуд. Дар Чин мақомот ба ин назаранд, ки кишварҳои мунаққиди Пекин нияти нек надоранд. Масалан, гуфтааст вазир, Ҳинд аз “амалҳои таҳрикомези якҷониба” кор мегирад ва ин чиз, ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли баҳсҳои қаламравҳо мусоидат намекунад. Пекин инчунин Ҷопонро ҳушдор дод, ки аз истифодаи нирӯ ба муқобили Чин истиқолат кунад. “Монд” мегӯяд, вазир аз Токио хостааст, ки Чинро “беғаразона ва оқилона” қабул карда ба хато роҳ надиҳад.

Оҷонсии Интерфакс ба сӯҳбатҳои вазири хориҷа дар бораи Русия таваҷҷӯҳ кардааст. Ван И гуфтааст, ки “Чин ва Русия ҳамеша такягоҳи сулҳу субот дар ҷаҳон буданд” ва “ҳамкории Чину Русия қотеътар хоҳад шуд”. Ӯ гуфтааст, “ин на танҳо таҷрибаи таърихӣ, балки тақозои замон аст”.

Ғарб солҳои охир Чинро барои саркӯб ва дар қароргоҳҳои бозтарбия ҷой додани 1 миллион мусалмонони вилояти Шинҷон, аксар уйғурҳо ва ҳам поймолкунии озодиҳои сокинони Ҳонгконг интиқод мекунад.

Ихроҷи як узбекистонӣ аз Қазон барои ширкат дар эътирозҳои ҷонибдорони Навалний

23-юми январ, Қазон, тазоҳурот ба ҷонибдории Алексей Навалний

Як донишҷӯ аз Узбекистон барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ба ҷонибдории мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, ки рӯзи 23-юми январ дар шаҳри Қазон баргузор шуд, аз Русия ихроҷ мешавад. Андрей Лагунини 19-сола гуфт, бо вуҷуди ин ки ӯ ба полис батаъкид гуфт, ки дар намоиши эътирозӣ иштирок накардаасту танҳо аз канори роҳи эътирозгарон убур мекард, ба ӯ амр доданд, ки 10 ҳазор рубл (135 доллар) ҷарима пардохт карда, то 9-уми март қаламрави Русияро тарк кунад. Вакили дифои ӯ гуфт, ки бо сабаби ғайриқонунӣ будани қарори додгоҳи Қазон, аз болои он шикоят хоҳанд кард.

Баъди бозгашт аз Олмон ва ҳабси Навалний дар охири моҳи январ, дар чандин минтақаи Русия бо талаби озодии ӯ намоишҳои эътирозӣ баргузор шуд. Навалний аз моҳи августи порсол дар яке беморхонаи Олмон аз осори заҳролудшавӣ бо заҳри низомие табобат мегирифт. Худи Навалний гуфтааст, ки амри заҳролудкунии ӯро президент Владимир Путин содир кард, вале Кремлин ин иттиҳомро рад мекунад.

Навалнийро додгоҳ бо иттиҳоми нақзи қарори ҳабси шартӣ, ки соли 2014 содир шудааст, ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин қарор боиси эътирозҳои сартосарӣ шуд ва полис дар чандин нуқоти Русия ҳазорҳо нафарро боздошту муҷозот кард.

Сафари Попи Рум ба Ироқ ба анҷом расид

Поп Франсис бо ҳамроҳии раҳбари католикҳои Мосул Наҷиб Михаел Мӯсо аз назди як калисои харобшуда убур мекунанд

Боздиди таърихии раҳбари католикҳои ҷаҳон аз Ироқ рӯзи 8-уми март ба анҷом расид. Дар чор рӯзи гузашта Поп Франсис дар баробари мулоқот бо раҳбарони ҷомеаву раҳбарони масеҳиёну мусалмонони кишвари ҷангзадаи Ироқ, инчунин дар як маросими намозгузорӣ ба хатми ҷангу хушунат даъват кард. Попи 84-соларо то ҳавопаймояш дар фурудгоҳи Бағдод президенти Ироқ Баҳром Солеҳ ҳамроҳӣ кард. Попи Рум дар ин сафар аз чор шаҳр, аз ҷумла Мосул дидан кард, ки чанд сол пеш пойгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд. Ӯ дар сӯҳбатҳояш таъкид кард, ки “сулҳ қавитар аз ҷанг аст”. Ӯ гуфт, Ироқ “ҳамеша бо ман ва дар дили ман хоҳад буд”. Дар як мулоқоти таърихии дигараш Попи Рум бо раҳбари шиаён Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ мулоқот намуд.

Пеш аз сафари рӯҳонии мӯътабари католик нигарониҳо аз паҳншавии коронавирус дар миёни издиҳоми мардум, ки ба пешвози ӯ баромаданд, садо дод. Дар Ироқ мизони олудагӣ ба COVID-19 баланд гуфта мешавад. Худи Поп ва ҳайати ҳамроҳонаш пеш аз сафар эм карда шуданд.

Дар Тоҷикистон зане бо гумони куштори кӯдаки наврас ҷустуҷӯ мешавад

Декабри соли 2020 ин зани тоҷик барои куштори фарзандон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд


Мақомоти интизомии Душанбе як зани 53-солаи пойтахтро ҷустуҷӯ доранд, ки дар куштори писарбачаи 7-сола муттаҳам аст. Қатли хонандаи синфи якум 5-уми март ба амал омадааст. Дар ин ҷиноят ҳамсари амаки падари кӯдак гумонбар мешавад, ки гуё писарбачаро баъди мактаб ба хонааш даъват карда, баъди даҳ дақиқа аз манзилаш берун рафтаву ғайб задааст. Ин лаҳзаро камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд. Ҷасади псирабачаро дар манзил шавҳараш пайдо кардааст. Ҷузъиёти ҳодиса маълум нест, вале тахмин мешавад, ки эҳтимолан ин зан бемории руҳӣ дорад.

Ситод ба мақомоти тоҷик: ба эмкунии аҳолӣ зидди COVID омода шавед

Интизор меравад, ки дар доираи кӯмаки барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон воксинаҳои сохтаи ширкати AstraZeneca оварда мешавад

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон ба вазоратхонаҳо дастур додааст, ки барои эмкунии аҳолӣ омодагӣ бигиранд. Бар асоси қарори ситод, вазорати тандурустӣ муввазаф шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рӯи синну сол бо назардошти марҳилаҳои дуюм ва сеюми эмгузаронӣ анҷом диҳад ва ба зудӣ барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Ситод ҳамчунин вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф кардааст, ки тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба ҷилавгирӣ аз коронавирус ва моҳияти эмкунӣ барпо диҳанд. Ин қарор дар ҳолест, ки бояд моҳи ҷорӣ тибқи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ садҳо ҳазор дона ваксинаи AstraZeneca ба Тоҷикисион оварда шавад. Мақомот гуфтанд, ки дар навбати аввал қишри осебпазири аҳолӣ, яъне пиронсолон ва ҳам кормандони ҷабҳаи аввал, мисли кормандони тиб эм карда мешаванд.

Бензин гарон шуд, арзиши роҳкиро ҳам дар Хуҷанд боло рафт

6-уми январи соли 2021, яке аз хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд

Болоравии нархи маводи сӯхт, арзиши роҳкирои микроавтобусҳои мусофирбар дар шаҳри Хуҷандро афзоиш додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллии вилояти Суғд, шурӯъ аз 4-уми март нархи роҳкиро дар дохили Хуҷанд ба ҷои 1 сомониву 30 дирами қаблӣ, 1 сомониву 50 дирам муқаррар гардидааст. Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд, тағйирот дар нархро ба гарон шудани бензину гази моеъ ва қисмҳои эҳтиётӣ рабт додааст. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд микроавтобусҳои 5 ширкати нақлиётӣ ба интиқоли мусофирон машғуланд. Нархи як литр бензин дар Тоҷикистон аз марзи 8 сомонӣ гузаштааст. Ду ҳафта пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди 7 сомониву 20 дирам буд. Нархи гази моеъ низ аз аввали сол дувоздаҳ дарсад гарон шудааст.

Вақте парвозҳо барқарор шуд. Эҳтимоли афзоиши як хатсайри дигар бо Русия

Фурудгоҳи Екатеринбург. Мусофирон интизори парвоз ба Тошканд ҳастанд

Дар сурати барқарор шудани паврозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия, як хатсайри дигар ташкил мегардад. Хабаргузориҳои минтақавӣ аз қавли маъмурияти фурудгоҳи «Платов» дар бораи роҳандозии парвози мустақим миёни шаҳрҳои Ростови лаби Дон ба Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар менависанд. Санаи эҳтимолӣ, 29-уми марти имсол ном бурда шудааст. Аммо вобаста ба вазъияти эпидемиологӣ ва тасмими Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия, шояд аввалин парвозҳо дертар анҷом дода шаванд. Интизор меравад, парвозҳоро байни Тоҷикистону Русия ширкати «Уралские авиалинии» анҷом бидиҳад.

Мардуми Швейдсария зидди бурқапӯшии занон раъй доданд

Мардуми Швейдсия рӯзи якшанбеи 7-уми март дар як раъйпурсӣ барои пуштибонӣ ё мухолифат бо тарҳи мамнуияти пушидани чеҳраи занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ширкат карданд. Тибқи иттилои расмӣ 51,2 дарсад ё 1,420,000 раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз манъи пушидани бурқа ва 50,8 ё 1,360,000 тани дигар ба пуштибонӣ аз бурқашӯшии занон раъй доданд. Ин тарҳ барои табдил шудан ба қонун, бояд дар Маҷлиси он кишвар тасдиқ шавад.

Қаблан бархе кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса, Белгия, Дания ва Булғористон ба манъи пушидани бурқа ё ниқоб раъй дода буданд. Аммо хабаргузории "Франс-пресс" гузориш дод, ки истифода аз бурқа дар Швейдсария як кори бисёр нодир аст ва мухолифони ин тарҳ, аз ҷумла ҳукумати Швейдсария низ қаблан гуфта буданд, дар асл чунин мушкиле дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Корзори мувофиқони ин тарҳ бо шиори "Исломи радикалро мутаваққиф кунед" талош дорад бурқа дар Швейдсария манъ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ин тарҳ бо таваҷҷуҳ ба шумораи бисёр ками занони бурқапӯш, кори бефоида ва навъе исломҳаросӣ аст.

Дар сурати табдил шудани ин тарҳ ба қонун, занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба ғайр аз ибодатгоҳҳо, ҳаққи пӯшидани чеҳраи худро нахоҳанд дошт.

Хонум Ийнос Аш-Шайх, сухангӯи занони мусалмони феминист дар Швейдсария, ки худ аз ҳиҷоб истифода намекунад, гуфтааст, тарҳи ёдшуда на танҳо фоида надорад, балки навъе нажодпарастӣ аст ва танҳо 30 зан дар кишвар аз бурқа истифода мекунад.

Бар асоси оморҳои расмӣ, 5,5 дарсади аҳолии Швейдсария мусалмон ҳастанд, ки асосан аз Югославияи пешин ба ин кишвар омадаанд.

Қоидаи нави ҷалби муҳоҷирони корӣ ба вилояти Маскав

Минбаъд ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилояти Маскав тибқи тартиби нав сурат мегирад. Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав дар сомонаи худ навиштааст, ширкатҳое, ки ба нерӯи кории муҳоҷирон ниёз доранд, бояд худашон интиқоли коргарони хориҷӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳову бастани шартномаи меҳнатӣ, ташкили ҷойи хобу хӯрок ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву эпедмиологӣ дар ҳудуди Русияро таъмин намоянд. Қойидаи нав аз сӯи Вазорати меҳнати Русия тартиб дода шудаст. Бинобар пандемеияи COVID-19, ки камбуди коргаронро ба вуҷуд овардааст, танҳо ба вилояти Маскав ҷалби даҳ ҳазор муҳоҷир дар сохтмонҳо ва бахши коммуналӣ дар назар аст. Бинобар як соли охир баста будани марзҳо, танҳо бархе ширкатҳои сохтмонӣ дар чанд моҳи ахир бар пояи созишномаҳои дуҷониба шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Русия интиқол дода тавонистанд.

Марди тоҷик барои таҷовуз ва марги кӯдаки 11-сола ба ҳабси абад маҳкум шуд

Роҳи мошингарде дар Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон, як сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдатро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зафар Раҷабов ба таҷовуз ва куштори духтари 11-сола гунаҳгор дониста шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, маҳкумшуда 25-уми августи соли гузашта бо истифода аз танҳо гаштугузор кардани Зулола Сафароваи хурдсол дар маҳаллаи 9-ум километри Душанбе, ӯро ба хилватгоҳи истгоҳи роҳи Душанбе-Ваҳдат бурда, лату кӯб ва таҷовуз намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷа духтари хурдсол аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст. Моҳи гузашта Кумитаи кор бо занон гуфт, дар як соли ахир дар кишвар дасти кам 9 ноболиғ қурбони таҷовуз ба номус шудааст. Чанде пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти тоҷик хостанд, ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд.

UNICEF: Пандемияи коронавирус духтаронро бо хатари издивоҷҳои бармаҳал рӯбарӯ мекунад

UNICEF акси домоди пиру арӯси 11-сола аз Афғонистонро соли 2008 ҳамчун акси сол нашр кардааст

Бунёди кӯдакони СММ UNICEF мегӯяд, мушкилиҳое, ки дар даврони пандемияи коронавирус зуҳур намудаанд, эҳтимол боиси издивоҷи даҳ миллион кӯдакон дар даҳ соли оянда гардад. Дар гузориши ЮНИСЕФ, ки дар арафаи 8-уми март - Рӯзи байналмилалии занон нашр шуд, гуфта мешавад, ки баста будани дари мактабҳо, фишори иқтисодӣ, қатъи хадамот, марги волидон аз коронавирус духтаронро дар ҳолати заъфи бештар қарор медиҳад ва хатари он вуҷуд дорад, ки як бахше аз ин духтарҳо дар давраи кӯдакӣ издивоҷ кунанд.

Муаллифон навиштаанд, оилаҳое, ки дар вазъи ногувори иқтисодӣ қарор доранд, шояд кӯшиш кунанд, ки бо ҳадафи коҳиши фишор духтарони наврасро ба шавҳар бидиҳанд.

Оҷонсии дорувории Аврупо истифодаи Sputnik-V-ро феълан машварат намедиҳад

Чанд кишвари аврупоӣ, мисли Венгрия, бар асоси созиши дуҷониба бо Русия, ба кишвар воксинаи Sputnik-V-ро ворид карда, барои эмкунӣ ба аҳолии маҳаллӣ пешниҳод мекунанд

Як мақоми баландпояи Оҷонсии дорувоии Аврупо аъзои Иттиҳоди Аврупоро ҳушдор дод, ки то замони аз ҷониби ин сохтор санҷида шудани воксинаи русии Sputnik V, ки барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 сохта шудааст, аз тасдиқу истифодаи он дар сатҳи кишварҳои ҷудогона худдорӣ кунанд.

Христа Виртумер-Хох, раҳбари Оҷонсии дорувории Аврупо дар сӯҳбат бо як расонаи Австрия гуфт, ҳанӯз дар бораи таъсири ин воксина ба организми инсон иттилои кофӣ вуҷуд надорад. Ӯ гуфт: “Аз ҳамин хотир мо ба таври оҷил ба кишварҳо машварат медиҳем, ки истифодаи онро феълан иҷоза надиҳанд”. Ӯ афзуд, ки баъди дастрасӣ ба иттилои дақиқ дар бораи таъсири воксинаи Sputnik V, он метавонад ҳақи дар бозори аврупоӣ истифода шуданро ба даст оварад. Ӯ гуфт, ки санҷиши ин воксина аз 4-уми март шурӯъ шудааст.

Ҳусиҳои Яман ба Арабистони Саудӣ чанд мушак партоб карданд

Акс аз бойгонӣ.

Нерӯҳои ҳусӣ дар Яман шоми якшанбеи 7-уми март бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушак ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудиро ҳамла карданд. Риёз ин амали гурӯҳи Ҳусиҳоро боиси бесуботӣ дар бозори ҷаҳонии энержӣ хондааст.

Ҳусиҳо ҳамчунин дар ин рӯз эълом карданд, ки пойгоҳҳои низомии Арабистони Саудӣ дар шаҳрҳои Ад-Димом, Усайр ва Ҷозон ни ҳадафи ҳамлаҳои онҳо қарор гирифтааст.

Вазорати энержии Саудӣ ҳам ҳамла ба Раъс Танура -- яке аз таъсисоти нафтии худро таъйид кард, аммо гуфт, ки он талафот ё хисороте надоштааст. Раъс Танура минтақае аст, ки бузургтарин таъсисоти нафтии ҷаҳон дар он воқеъ аст ва аз ин рӯ халал дар кори он метавонад таъсири иқтисодии ҷиддӣ дошта бошад.

Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Ҳусиҳо рӯзи якшанбе гуфт, ки гурӯҳ бо 14 дрон ё ҳавопаймои бидуни сарнишин ва 8 мушак "даст ба амалиёти густурда дар қалби Арабистони Саудӣ" зад.

ИМА Русияро ба пахши маълумоти дурӯғ дар бораи ваксинаҳои ғарбӣ муттаҳам кард

Амрико ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии Русияро муттаҳам кард, ки бо пахши маълумоти нодуруст дар бораи ваксинаҳои ғарбии зидди коронавирус, талош мекунад бовари ҷаҳониро ба ин ваксинаҳо камранг ва заъиф кунад.

Wall Street Journal рӯзи якшанбеи 7-уми март ба нақл аз яке аз ниҳодҳои зертобеи Вазорати умури хориҷии Амрико гузориш дод, чаҳор вебсайти вобаста ба Хадамоти федеролии амнияти Русия мақолаҳое нашр кардаанд, ки таъсири ваксинаи кишварҳои ғарбӣ зидди коронавирусро зери суол мебарад. Ба навиштаи манбаъ, дар ин мақолаҳо маълумоти дурӯғ дар бораи ин ваксинаҳо нашр шудааст.

Ваксинаҳои ғарбӣ танҳо пас аз озмоишҳои сахт таъйид шуд, ки собит мекунад таъсир ё короии онҳо беш аз 60 дарсад ва ду маврид низ болои 90 дарсад аст. Дар ин ҳол рақобате миёни ваксинаҳои ғарбӣ ва ваксина ирусии "Спутник V " сохти Русия вуҷуд дорад, ки озмоишҳои ахир нишон дод, ки короии он ҳам беш аз 90 дарсад аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG