Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қариб 90 %" эҳтимоли созиши ҳастаӣ бо Эрон


Аббос Арақчӣ
Аббос Арақчӣ

Муовини вазири хориҷаи Эрон имкони даст ёфтан ба роҳи ҳалли баҳси барномаи ҳастаии Ҷумҳури исломиро дар музокироти кунунӣ “қариб 90 дарсад” номид.

Муовини вазири хориҷаи Эрон Аббос Арақчӣ субҳи 29 март гуфт, “қариб 90 дарсад эҳтимол”-и ба як роҳи ҳалли баҳси ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ даст ёфтани Теҳрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ то анҷоми зарбулаҷал, яъне то поёни моҳи март вуҷуд дорад. Арақчӣ аллакай дар рӯзи 29 март даст ёфтан ба чунин тавофуқи усулиро “ҳудудан беш аз 50 дарсад” баровард кард.

Рӯзи 28 март вазирони хориҷаи Фаронсаву Олмон Лоран Фабиус ва Франк-Валтер Штейнмейер низ ба хотири ҳарчӣ зудтар ба як тавофуқи сиёсӣ расондани масъала ба музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҳамроҳ шуданд. Ин музокирот то кунун байни вузарои хориҷаи Амрикову Эрон Ҷон Керри ва Ҷавод Зариф идома дошт.

Ин тавофуқ бояд роҳро барои қарордоди ниҳоие ҳамвор кунад, ки то поёни моҳи июн тасвиб шуда, бар асоси он, Эрон дар ивази сабуктар кардани ҳалқаи таҳримоти шадиди байналмилалӣ ғанисозии ураниумашро қатъ мекунад.

Ҳайати Эрон дар Лозанна
Ҳайати Эрон дар Лозанна

Интизор меравад, рӯзи 29 март дар ҳошияи музокироти Лозанна Ҷон Керри ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини дар Лозанна бо ҳадафи арзёбии ҷараёни гуфтугӯҳо бо Эрон мулоқот кунанд. Могерини рӯзи 28 март гуфт,ҷонибҳои музокиракунанда ҳеҷ гоҳ мисли ҳозир ба тавофуқ наздик набуданд.

Керри рӯзи 28 март ду дафъа бо вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ва бо вузарои хориҷаи Олмону Фаронса мулоқот доштааст.

Музокироти барномаҳои ҳастаии Эрон бо гурӯҳи “5 +1”, ки 5 узви доимии СММ – Амрико, Чин, Русия, Фаронса, Бритониё бо иловаи Олмонро муттаҳид мекунад, аз соли 2006 ба ин тараф идома доранд, вале то кунун пешрафти қобили мулоҳизае надоштаанд.

Дар Ғарб Эронро ба он айбдор мекунанд, ки ҳадафи аслиаш аз пеш бурдани фаъолиятҳои ҳастаӣ, аз ҷумла аз ғанисозии уран даст ёфтан ба сохтани силоҳҳои ҳастаист. Эрон инро ҳамеша рад мекунад ва мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқи арзони ҳастаист. Теҳрон ҳамин тавр, пешбурди барномаҳои ҳастаиро “ҳаққи табиӣ”-и худ меҳисобад ва Ғарбро дар истифодаи меъёрҳои дугуна дар ин масъалаи ҳассос айбдор мекунад.

Ҷумҳурии исломӣ дар ду давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод бо исрор ба асли “ҳаққи табиӣ”-и ин кишвар будани барномаҳои ҳастаӣ рӯи муваффақияти музокироти ҳастаӣ бо Ғарб зиёд ҳисоб намекард, балки овораи сохтани корхонаҳои бештари ҳастаӣ ва насби сентрифугаҳои боз ҳам бештар барои болотар бурдани сатҳи ғанисозии уранаш буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Музокирот бо гурӯҳи “5 +1” баъди ба қудрат расидани Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи президентии соли 2013 маънии бештар пайдо кард. Ҳасани Рӯҳонӣ ба фарқ аз Аҳмадинажоди инзивоъгаро сиёсати ҳамоиш бо ҷомиаи ҷаҳониро пеш гирифтааст ва ҳалли баҳси ҳастаӣ бо Ғарб яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботияш буд.

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳафтае пеш изҳори итминон кард, ки музокироти ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ бо созишномаи ниҳоӣ ба поён хоҳад расид. Рӯҳонӣ рӯзи 21 март гуфт, пешрафтҳо дар даври ахири музокирот вайро ба натиҷаҳои мусбати он хушбин мекунад: “Дар ин даври музокирот дар баъзе аз мавзӯъҳо нуқтаи назарҳо бо ҳам мутобиқ омадааст, ки дар даврҳои гузашта роҷеъ ба онҳо ихтилофи назар вуҷуд дошт. Аммо масъалае нест, ки ҳал нашавад.”

Баҳсҳо ҳоло асосан бар сари шароити лағви таҳримоти зидди Эрон будааст. Эрон мехоҳад, ки таҳримҳо дар қадами аввал бардошта шаванд. Вале Ғарб инро рад карда мегӯяд, таҳримоти зидди Эронро батадриҷ, дар ивази даст кашиданаш аз ғанисозии уран хоҳанд лағв кард.

СММ алайҳи Эрон, ки алорағми тақозои қатъномаҳои Шӯрои Амният, аз ғанисозии уран даст накашид, то кунун 4 навбат таҳримот ҷорӣ кардааст, ки аз ҷумла манъи робитаҳо ва муомилаҳои молию тиҷорӣ бо ширкатҳову бонкҳои дахил дар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ва бастани ҳисобҳои бонкии марбут ба чунин муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саҳим дар барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломиро дар бар мегиранд.

Ғарб дар иваз даст кашидани Эрон аз ғанисозии уран таъмини нирӯгоҳҳои ҳастаияш бо урани ғанишуда аз хориҷ ва ҳамчунин як силсила имтиёзҳои иқтисодиро ваъда кардааст. Эрон, ки иқтисодаш аз асароти бӯҳрони ҷаҳонӣ ва уфти башиддати нархи нафту газ дучори мушкилоти ҷиддӣ шудааст, зоҳиран дар шароити кунунӣ ба тавофуқ бо Ғарб дар масъалаи баҳси ҳастаӣ бештар моил шудааст.

Аммо инки музокироти Лозанна ба ин баҳси давомдор билохира нуқта гузоштаву саҳифаи наверо дар равобити ҷаҳон бо Эрон боз хоҳад кард ё на, ҷараёани чанд соат ё чанд рӯзи наздики ин музокироти, ба сурати умум, бино ба эътирофи худи ширкаткунандагонаш, “печида ва мушкил” нишон хоҳад дод. Феълан ҳама дидаҳо ба сӯи Лозанна дӯхта шудаанд, ки оё рӯзҳо ва соатҳои камшумори боқимонда то поёни зарбулаҷали додашуда ба ин музокирот чӣ меваеро ба бор хоҳад овард?

XS
SM
MD
LG