Хабаргузории Ассошиэйтед пресс ба нақл аз ду дипломат гузориш додааст, ки Теҳрон ва Вошингтон ба таври муваққат тавофуқ кардаанд, ки Эрон бахши зиёди ураниюми ғаниишудаи худро, ки метавонад барои сохтани силҳои ҳастаӣ истифода шаванд, ба Русия интиқол диҳад.
Яке аз нуқтаҳои мавриди ихтилоф дар музокироти Эрон бо қудратҳои ғарбӣ, ғанисозӣ ва ураниюми ғанишудаи Эрон аст, ки қисме аз он ба гуфтаи Ғарб, метавонад дар сохти силоҳи атомӣ истифода шавад. Аммо Теҳрон ҳамеша мегӯяд, ки дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ нест.
Хабаргузории Ассошиэйтед пресс рӯзи 2 январ ба нақл аз ду дипломат, ки номашонро ошкор накардааст, навиштааст, ки нишонаи дигаре аз пешрафт миёни тарафҳо ин аст, ки музокиракунандагон барои нахустин бор дар гуфтугӯҳои моҳи декабр феҳристи масоилеро, ки дар мавриди он ихтилоф доранд, тартиб додаанд. Дипломатҳо гуфтаанд, ки ихтилофҳо ҳанӯз вуҷуд дорад.
Аммо ба гуфтаи онҳо, ҳатто таҳияи ҳамин феҳристи масоили ихтилофӣ, низ худ қаблан мушкил буд, зеро ки фосилаи зиёде миёни тарафҳо вуҷуд дорад. Онҳо дар айни ҳол гуфтаанд, тарафҳо ҳанӯз дар мавриди миқдори ураниюми ғанишудаи лозим барои интиқол, дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.
Гузориши хабаргузории Ассоишиэйтед пресс ҳанӯз бо вокуниши расмӣ рӯбарӯ нашудааст, аммо хабаргузории ИСНА аз қавли "як манбаи огоҳ" онро "беасос" хондааст. Ин "манбаи огоҳ" гуфтааст, "баҳсе ки ин гузориш ба он ишора шудааст, муддатҳои пеш матраҳ будааст, аммо ҳеҷ тавофуқе дар ин замина надоштем."
Ин барои бори аввал нест, ки дар мавриди интиқоли ураниюми ғанишуда ба Русия ва тавофуқ дар мавриди он хабарщо мунташир мешавад, аммо ҳамеша аз сӯи Эрон радд шудаанд. Даври баъдии музокироти миёни тарафҳо дар 15 январ дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷӣ сурат мегирад.