Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайфулло Сафаров: "Низоми нафақа пурра вайрон шудааст" ВИДЕО


Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки моҳе пеш бознишаста шуд, аз низоми ҳозираи нафақа розӣ нест. Ба андешаи ӯ, нафақае, ки имрӯз муайян мешавад, "ночиз аст". Инчунин, ба пешбинии ин сиёсатмадор, интихоботи президентии соли 2020 “ором ва бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ” сурат мегирад.

Замоне ки мушовири президент будам, бештар ҳамсарам кор мекард. Дар бозор бо фарзандон нон мефурӯхт.

Радиои Озодӣ: Баъди нафақа чӣ эҳсос доред?

Сайфулло Сафаров: "Интизор будам, ки ба нафақа меравам ва аз ин хотир рӯҳан омода будам. Замоне ки ба синни 63 расидам, дар фикри он будам, ки зудтар ба нафақа бароям ва ба корҳои дигар машғул шавам. Ҳоло худро хеле хуб эҳсос мекунам."

Радиои Озодӣ: Давраи бознишастагиро чӣ гуна гузарондан мехоҳед?

Сайфулло Сафаров: “Аввалан аз ҳамаи онҳое, ки дар ин 25 сол бо ҳам ҳамкорӣ кардем, ташаккур мекунам. Аслан бознишаста намешавам, ба фикрам чун ҳамеша кор пайдо мешавад. Ҳамчун профессори донишгоҳ ва ё дар асоси шартнома бо ягон идораи дигар метавонам, ки хидмат кунам.”

Фикр мекунам, дар Тоҷикистон интихобот бисёр оромона гузарад. Ягон тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, Шумо ҳамеша дар сатҳи муовинат будед ва ҳеҷ вақт ба раддаи аввал набаромадед, чаро?

Сайфулло Сафаров: “Таъйин ба ин ё он вазифа тасмими президент буд ва ман ба ин ҳеҷ шубҳа надоштам. Дувум, ки будам, пас, дувум ҷойи ман буд. Дар ҳама ҳолат кӯшиш мекардам, ки вазифаи ба зиммаам гузоштаро дуруст анҷом диҳам. Ҳеҷ вақт барои ҷойи аввал кӯшиш намекардам.”

Навори сӯҳбатро дар инҷо бубинед:

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Радиои Озодӣ: Бо таҷрибаи чандсолаи корӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ метавонед гӯед, ки ҳоло Тоҷикистон ба кадом гурӯҳи таҳлилгарон ниёз дорад? Дар кадом риштаҳо камбуди таҳлилгарони қавӣ мушоҳида мешавад?

Сайфулло Сафаров: “Албатта, ҷомеаи мо ба таҳлилгарони соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ниёз дорад. Махсусан дар масоили ҳарбӣ ва амниятӣ таҳлилгарони хеле варзида лозим дорем. Таҳлилгарони зиёд дорем, аммо дар мавриде ки тавонанд мувозинатро нигоҳ доранд, мавқеи ҳукуматро равшан гӯянд ва аз вазифаи худ натарсанд, хеле каманд. Мутаассифона, ман ҳоло аз сатҳи ҳозираи таҳлилгарон розӣ нестам. Аз сатҳи коргузорӣ дар ин соҳа ҳам. Зеро чунин таҳлилгарон як мактаби хос надоранд.”

Радиои Озодӣ: Воқеан, Шумо аз нафароне будед, ки ҳамеша дар робита ба ҳодисаҳои мухталиф мавқеи худ ва ҳукуматро баён медоштед. Буд ҳолате, ки барои ибрози кадом назар гап шунидед ё бароятон мушкил пеш омад?

Лаҳзае аз сӯҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Сайфулло Сафаров
Лаҳзае аз сӯҳбати Зарангези Наврӯзшоҳ бо Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: «Як ҳолат буд. Аз дастгоҳ мактуб омад, ки гӯиё ман аз номи ҳукумат гап задаам. Ин 10 сол пеш буд. Вале ман дар он ҷо аз нутқи айнан нақл шуда истифода карда будам. Онҳо раҳбари моро сиёсат карданд. Мо ҷавоб навиштем, ки ҳамин фарқи нутқи айнан нақлшударо, ки дар нохунак аст, аввал дақиқ кунед, баъд мо эродро қабул мекунем. Дигар ин ки мегӯянд, аз дастгоҳ фишор меоранд, асос надорад. Дар солҳои кориам, надидаам, ки президент моро ҷанг карда бошад, ки ин хел нагӯед, ин тавр гӯед.”

Радиои Озодӣ: Бархе аз мақомдорон ба ҳар ҳол ошкору пинҳон иқрор мекунанд, ки бидуни ришва намешавад зиндагиро пеш буд. Шумо ин ҳама солҳо бо маош зиндагӣ кардаед ё корҳои дигар ҳам доштед?

Сайфулло Сафаров: “Хушбахтона ё мутаассифона ягон манбаи дигари даромад надоштам. Замоне ки мушовири президент будам, бештар ҳамсарам кор мекард. Дар бозор бо фарзандон нон мефурӯхт. Он солҳо 3-4 моҳ маош нагирифтаам. Моҳи май, вақте пули нав пайдо шуд, баъд ба мо маош доданд. Он ҳам пули калон набуд. Ҳамагӣ 12 сомониву чанд дирам. То ҳозир ман ба ҳамсарам миннатдорӣ мекунам. Дар вақте ҳам, ки дар ҳизб кор мекардам, ҳаққи узвият набуд ва маош намегирифтем. Вақте аз вазифа сабукдӯш шудам, бисёр хурсанд шудам. Раиси ҳизб фаҳмид, ки чӣ гуна вазъи вазнини иқтисодӣ дорам ва барои ҳамин ба фикрам маро ба Маркази тадқиқоти стратегӣ фиристод, то нафасам рост шавад. Вале ин ҷо ҳам маош то ҳамин чанд соли ахир зиёд набуд. Асосан ман дарс медодам ва пул мегирифтам. Ҳатто дар давраи ҳизб ва мушовирӣ ё дар Маркзаи тадқиқот ҳам мошин надоштам.”

Радиои Озодӣ: Боре ба Шумо барои иҷрои кадом коре ришва пешниҳод шудааст?

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров: “Дар давраи ҳизб ришва пешниҳод мешуд, вале ман дар ин масъала аз ҳад зиёд ҳассосам ва он одамонро аслан ба наздики худ роҳ намедодам. Хушбахтона, Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷое набуд, ки зарурате барои додани пора пеш омада бошад.”

Радиои Озодӣ: Интихобот наздик аст. Пешбинии Шумо чӣ аст? Аз нигоҳи шумо, чӣ тағйироте имкон дорад?

Сайфулло Сафаров: “Ман, албатта, мантиқи сиёсату таърихро мефаҳмам. Агар гӯям, ки фалон одам 75 дар сад овоз мегирад, ҳатман ӯ ё 74 ё 76 ждар сад раъй мегирад. Чун ба сотсиология машғулам, афкори оммаро медонам. Фикр мекунам, дар Тоҷикистон интихобот бисёр оромона гузарад. Ягон тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд. Албатта, дар робита ба интихобот расонаҳои ҳамсоя ва ғарбиву русӣ андешаҳои зиёде пешниҳод мекунанд, аммо ин ба тасмими президенти кишвар вобастааст.”

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир бачаҳои элита зери назари матбуот ҳастанд ва исми бархе аз онҳо дар робита ба ҳодисаҳои мухталиф, аз ҷумла садамаву мошинсаворӣ расонаӣ шудааст. Бачаҳои Шумо чӣ кораанд?

Сайфулло Сафаров: “Фарзандони ман мошин надоранд. Иҷоза надодам, ки мошини кӯҳна ҳам гиранд. Пешниҳод кардам, ки ба ҷойи он замин гирем, дарахт шинонем ва боғ бунёд кунем. Шаш фарзанд дорам, ҳама ба кори худ машғуланд. Як фарзандам дар Академияи илмҳо аспирант аст. Дигаре дар Иттифоқи касаба – ҳуқуқшинос.”

Радиои Озодӣ: Нафақаи Шумо чӣ қадар аст ва оё мешавад бо он зиндагиро дар пирӣ пеш бурд? Ё боз ҳам такя ба фарзандон мешавад?

Сайфулло Сафаров: “Дар масъалаи нафақа ман ҳам мисли аксарият розӣ нестам. Низоми нафақа пурра вайрон шудааст. Албатта, чун олим ҳастам, ҳоҷат ба нафақа надорам ва то вақте ҳастам кор мекунам. Вале бисёре аз одамони ҳарбиву амниятӣ ҳастанд, ки хеле ҷавон ба нафақа мераванд ва азоб мекашанд. Ҳатто вазирҳо ҳам. Масалан, як вазир 25 сол кор мекунад, 500 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба зиндагии беҳтар одат кардааст ва якбора меафтад, ба вазъе, ки нафақа ба қавле “барои сигораш” намерасад.”

Шарҳҳоро бинед (22)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG