Пайвандҳои дастрасӣ

Муқим Абдуфаттоев: "40 000 сомонӣ ҷарима шудам... хонаро фурӯхтам" САДО


Муқим Абдуфаттоев

Муқим Абдуфаттоев, раиси театр-студияи "Хандинкамон", ки соли гузашта дар пайи пайдо шудани як навори фаҳшо гӯиё бо иштироки ӯ ва барканориаш аз раҳбарии театри Пушкини шаҳри Бӯстон аз саҳна канор рафта буд, талош дорад, дубора бо барномаи нав ба назди мардум баргардад. Ӯ рӯзи 15-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Хандинкамон" пас аз тарки аъзои собиқаш аз байн нарафт ва бо ҳайати нав барномаи тоза таҳия намудааст.

Ба кӯча намебаромадам, бештар дар хона менишастам. Манзили навро каме таъмир кардам. Дар берун мардум ба тарафи ту нигоҳ мекунанд, чизе мепурсанд.

Ӯ афзуд, "баъди рафтани аъзои собиқи мо, барои мисол, Сулаймон Саидғозиев, овозае паҳн шуд, ки "Хандинкамон" – тамом. Забонҳои баде ҳам мегуфтанд, ки Муқим аз саҳна рафт, худашро меовезад... Хостем ба мухлисон нишон диҳем, ки "Хандинкамон" ҳеч вақт тамом намешавад."

Ҷойи нав, ҳамроҳони нав

Муқим Абдуфаттоев гуфт, ҳайати нави "Хандинкамон" аз 11 нафар иборат буда, бахши асосии он ҳунармандони ҷавон ҳастанд. Худи ӯ ба ҳайси коргардон фаъолият мекунад. Онҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, барномаи нахустинро такмил мекунанд.

Муқим Абдуфаттоев
Муқим Абдуфаттоев

"Ҷои нав, одамони нав ва утоқи нав. Барномаи дусоата тайёр кардем. Мақсад дорем, ки онро рӯзи 1-уми апрел ба ҳаводорони ҳаҷву ханда дар Хуҷанду Душанбе тақдим кунем. Барои ҳунарнамоӣ дар толори театри Камоли Хуҷандӣ ба мақомот муроҷиат кардем, аммо ҳол посух нагирифтем. Шояд ба он хотир ки ҳамаи масъулони бахши фарҳанг машғули омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ҳастанд", - шарҳ дод ӯ.

Ҳама нигоҳ мекарданд...

Ин ҳаҷвнигори шинохта изҳори умед кард, ки мақомот дархости театр – студияи "Хандинкамон"-ро бе ҷавоб нахоҳанд гузошт. Ӯ мегӯяд, баъд аз моҷароҳое, ки ба сараш омад, шадидан азоби рӯҳӣ мекашид ва аз зиндагиву кори эҷодӣ дилмонда буд. Манзили зисташ дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск)-ро низ фурӯхта, аз ҷамоати Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хона харид ва ҳамроҳи аҳли оилааш ба онҷо кӯчид.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим

Ӯ гуфт, дар ин давра саҳнаву ҳунарнамоӣ ба дилаш намеғунҷид ва ҳатто даъвати кор дар Душанберо рад намуд: "Ба кӯча намебаромадам, бештар дар хонаи нав менишастам. Манзили навро каме таъмир кардам. Дар берун мардум ба тарафи ту нигоҳ мекунанд, чизе мепурсанд. Аз ҳамин канора гирифтам. Аз парандаҳо бисёр хушам меояд. Дар хона ба нигоҳубини паранда машғул шудам."

Додгоҳ 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

Соли гузашта дар бораи Ҷамшеди Ҳалим низ овозае дар чархиш буд
Соли гузашта дар бораи Ҷамшеди Ҳалим низ овозае дар чархиш буд

Низоми зиндагиву фаъолияти Муқим Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷикро ба гардиш даромадани як навори фаҳшо, ҳамзамон боз шудани парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми азонихудкунии маблағи театри ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон барҳам зад. Ӯ тирамоҳи соли гузашта дар як изҳороти кӯтоҳ дар саҳифааш дар Фейсбук гуфт, ин навор ӯро хеле маъюсу рӯҳафтода кард ва ба фикри даст кашидан аз зиндагиаш андохт. Ҳамчунин, барои таҳқиқи ҳодиса ба Идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард, то омилони навори фаҳшоро биёбанд ва муҷозот кунанд.

Муқим Абдуфаттоев рӯзи 15-уми март дар бораи ҷузъиёти ин қазия нахост суҳбат кунад, танҳо гуфт, додгоҳ ӯро дар масъалаи азонихудкунии маблағи театри Пушкин муҷрим донист ва 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Ӯ ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё баъди паси сар шудани ин мушкилот мақомот ба ӯ ҷои кори наве пешниҳод намуданд, посухи рад дод. Вале гуфт, тайи ин муддат мухлисону ҳаводоронаш ӯро тарк нагуфтанд ва бо хоҳиши онҳо дар ноҳияҳои Исфараву Конибодом ва Ашт ҳунарнамоӣ кард.

Абдуфаттоев натавонист, ин марҳиларо ором гузарад

Муқим Абдуфаттоев
Муқим Абдуфаттоев

Муқим Абдуфаттоев мегӯяд, ҳозир ҳам аз моҷароҳову мушкилоти ба сараш омада биандешад, табъаш хира мешавад. Вале фикру амалаш рӯи “Хандинкамон”-у барномаи нав ӯро аз банди андешаҳои сангин мераҳонад.

Соли гузашта гузашта ду ҳунарманди дигари саҳнаи театру мусиқии тоҷик мавриди тӯҳмату бадгӯӣ қарор гирифта, маҷбур шуданд бо кумаки матбуот беасос ва ноҳақ будани ин ҳарфу овозаҳоро собит кунанд. Овозхон Шабнам Собирӣ аз овозаи боздошту ҷиноят содир карданаш нороҳат буд ва Ҷамшеди Ҳалим гуфт, касеро таҳқир накарда ва боздошт нашудааст. Аммо мақоми расмӣ доштани Муқим Абдуфаттоев нагузошт, ки ӯ оромона ин марҳиларо паси сар кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG