Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О. Бобоев: “Дар ҷаҳон ҳизбе нест, ки “кисагӣ” набошад” (ВИДЕО)


Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Дар гуфтугӯи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бардошти ӯ аз шеваи баргузории интихоботи парлумонӣ ва барномаи ояндаи ин ҳизб баррасӣ шуданд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар пайи интихоботи порлумонии 1 март соҳиби се курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон шуд. Ин бори дуввум аст, ки ҲИИТ ҳизби порлумонӣ мешавад. Дар гуфтуги ихтисосӣ бо Олимҷон Бобоев, раҳбари ин ҳизб нахуст назари ӯро ба шеваи баргузории интихоботи порлумонӣ пурсидем:

Олимҷон Бобоев: Тоҷикистон, роҳи бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтааст ва интихоботи порлумонӣ низ бо ширкати 8 ҳизби сиёсӣ ва ба таври шафофу озод баргузор шуд. Дар ин гуна маъракаҳои муҳими сиёсӣ, бояд менталитети мардум ба назар гирифта шавад. Маҳз ба ин хотир, интихобот шаффоф буд, мардум раъйи худашонро доданд ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ин интихобот ва раъйи интихобкунандагонро эътироф мекунад.

Радиои Озодӣ: Аммо ҳизбҳои коммунист, наҳзати исломӣ ва сотсиал - демократ гуфтаанд, ки мавридҳои зиёди нақзи қонунро сабт кардаанд ва нозирони байналмилалии САҲА низ интихоботро зери суол бурданд?

Олимҷон Бобоев. Нигоҳ аз ҳар нуқтаи назар мешавад. Агар даҳ нафар ба интихобот баҳо диҳад, назарҳо ҳатман мухталиф хоҳад буд. Низоми интихоботие, ки дар Ғарб қабул шудааст ва шарт нест, ки ҳамаи мардум ширкат кунад, аммо мардум интихоботро эътироф мекунанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон менталитети миллии мо дигар аст. Чунки одатан дар доираи оила хулосагирӣ мешавад ва ба як фикр омада ва ба ҳизби дилхоҳ овоз медиҳанд. Яъне фикри ҷамъбастии хонаводагиро ба назар гирифта, дар интихоб ширкат мекунанд. Новобаста ба ин ин гуна камбудиҳои ҷузъӣ асосҳои интихоботро бекор карда наметавонанд. Чунки камбудиҳо дар тамоми ҷаҳон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот ба назар мерасад.

"ФИКРИ ХОНАВОДАГӢ" МЕНТАЛИТЕТИ ТОҶИКИСТ

Радиои Озодӣ: Яъне аз назари шумо “фикри хонаводагӣ” нақзи қонуни интихобот нахоҳад буд?

Олимҷон Бобоев: Не, албатта, ин нақзи қонуни интихобот нест. Чунки вақте масъалаи интихоб муҳокима мешавад ва ҳар касе фикри муайяни манфиатҳои худ ва оиларо мегӯяд ва инҷо манфиати оилавӣ болотар гузошта мешавад. Асоси иқтисод низ оила аст. Ҳар як амал, ҳар як қонун, ҳар як тартибе, ки муқаррар мешавад, пеш аз ҳама ба оила таъсир мегузорад. Албатта, ин чиз як андоза фарқиятҳои моро нисбат ба Ғарб нишон медиҳад. Чун мо бештар коллективӣ ҳастем. Тарзи ташкили истеҳсолоти осиёгӣ аз ғарбӣ фарқ мекунад ва Карл Маркс ҳам инро таъкид карда буд. Мо бештар коллективӣ ё ҷамъӣ ҳастем ва ин ягон мухолифате ба қонуни интихобот надорад.

Радиои Озодӣ: Пас иродаи шахс чӣ мешавад. Чун интихобот ин иродаи шахс аст?

Олимҷон Бобоев: Мо шахсро берун аз оила тасаввур карда наметавонем. Чунки хоҳем, нахоҳем вобаста ба функсияҳои оиладорӣ ва зиндагиамон қарор қабул мекунем. Бинобар ин, инҷо бештар мо қарордодҳои корпоративӣ қабул карда мешавад. Ин чиз як хосияти менталитети мардуми мост.

Гуфтугӯи ихтсосӣ бо Олим Бобоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:27 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо сабаби роҳ наёфтани ҳизбҳои коммунист ва наҳзати исломӣ ба порлумонро, ки хеле фаъол буданд ва дар саҳнаи сиёсат низ ҷойгоҳи худро доштанд, дар чӣ мебинед? Дар ҳоле, ки ҳизбҳои камфаъол, назири аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳатто сотсиалисту демократ, тавонистанд, вориди порлумон шаванд.

Олимҷон Бобоев: Таърихи сиёсӣ вобаста ба рушди ҳизбҳо аст. Ҳизби коммунист дар ин муддат аз қолабҳое, ки қаблан буд, натавонист берун барояд ва худашро трансформатсия карда, ба мардум як барномаи воқеан ҷолиб пешниҳод кунад. Ба ин далел, ҳизби коммунист дар аксари кишварҳое, ки амал мекунад, аз лиҳози амалҳои консерватӣ баромада натавонистанд. Аммо баъзе аз ин ҳизбҳо, барои мисол дар Русия ва Чин, пурра трансформатсия шуданд. Яъне арзишҳое, ки ҳизб ба мардум пешниҳод мекард, тавонистанд онҳоро нав кунанд. Барои ҳамин нуфузи онҳо боқӣ монд. Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳамчун ҳизби консерватии давраи шуравӣ боқӣ монд. Барои ҳамин ин арзишҳо аз байн рафт ва имрӯз ин арзишҳоро мардум умуман эътироф намекунад.

Дар масъалаи ҳизбҳое, ки динӣ ҳастанд: Ҳизб қудрати сиёсӣ дорад ва мехоҳад, давлатро ба даст орад. Агар давлат як ниҳоди ҳуқуқӣ, таркибиву ҳудудӣ бошад, яке аз функсияҳо ё вазифаҳояш ин маҷбур сохтани иҷроиши қонунҳо аст. Яъне давлат маҷбурият дорад. Аммо дин маҷбурият надорад. Дин як шакли тафаккури ҷомеа дар баробари илм, фалсафа аст. Бинобар ин ҳизбҳое, ки динӣ ҳастанд, умуман як чизи сохта мебошанд. Бар ин назарам, ки ҳадафи ҳама ҳизбҳои динӣ ва исломие, ки дар ҷомеаи ҷаҳон вуҷуд дорад, мардумро ба биҳишт бурда расондан аст. Яъне талқин мекунанд, ки бояд низоми ҷомеа ҳамин хел бошад, ки мардум ба биҳишт равад. Ба ин далел вақте, ки мегӯем, дин маҷбурият надорад ва давлат маҷбур мекунад, як таноқуз аст ва ин ба душвориҳои зиёди дохилии ҷомеа оварда мерасонад. Зеро дин тафаккури ҷомеа аст, на беш аз ин. Фикр мекунам, дар оянда мардум ҳадафҳои ҳизбҳои диниро мефаҳмад ва аллакай ҷомеаи ҷаҳонӣ инро дарк кардааст ва ин гуна ҳизбҳо оҳиста-оҳиста аз байн мераванд.

МАРҲАЛАИ НАВ ОҒОЗ МЕШАВАД

Радиои Озодӣ: Хуб, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳарчанд бори дуюм буд, ки дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард, дар муқоиса ба интихоботи соли 2010 қадаме ба пеш гузошт, яъне ин бор се намояндаашро вориди порлумон кард. Ин чӣ тактикае ҳаст, ки ҳизб пеш гирифтааст?

Олимҷон Бобоев: Мо дар барномаи ҳизб ҳам таъкид кардем: Тоҷикистон бояд барои расидан ба ҷомеаи адолатхоҳ, тараққипарвар ва таъмин кардани хушбахтии мардуми кишвар, якчанд марҳаларо паси сар кунад. Яъне инкишофи мо марҳила ба марҳила ҷараён гирад. Мо, яъне ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар марҳилаи ибтидоӣ – дигаргуниҳо, трансформатсия кардани муносибатҳои ҷомеа ва барпо намудани базаи асосии муносибатҳо барои мутобиқ кардани ниҳодҳо, қонунҳо, унсурҳое,

Tajikistan,Dushanbe city, Olim Boboev, a head of Economic reform party during interview with tajiki service RFERL,6March 2015
Tajikistan,Dushanbe city, Olim Boboev, a head of Economic reform party during interview with tajiki service RFERL,6March 2015

ки барои ҷомеаи мо дар марҳалаи дуюм зарур аст, талош мекунад. Мо ҳоло дар охири марҳалаи табдилдиҳӣ – трансформатсионӣ қарор дорем. Акнун ҲИИТ ба марҳилаи адаптасионӣ меравад. Яъне қонунҳоро ҳам тағйир медиҳем, мутобиқ мекунем, шароитҳоро фароҳам мекунем ва ин раванд, раванди динамикӣ ҳаст. Дар ҳамин марҳала мо ният доштем, ки дар порлумон ворид шуда ва як фраксия низ ташкил кунем, то тавонем, баъзе тағйирҳое, ки барои мутобиқкунонии шароити дохилӣ ба шароити беруна аст, фароҳам созем. Мо алҳол ба ин ҳадаф нарасидем. Чун барои ташкили фраксия ворид кардани теъдоди бештари намояндагони ҳизб ба порлумон зарур аст.

Радиои Озодӣ: Пас метавон гуфт, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ тактикаи хеле оромона, вале ҳадафмандонаро пеш гирифтааст?

Олимҷон Бобоев: Оре, мо дарки ҳар як гузариши аз марҳала ба марҳалаи дигарро ҳис мекунем ва таҳлилҳои ҷуқуре дорем, ки ҳар марҳала на кам аз 15-20 солро дар бар мегирад. Ҳадафи мо ба вуҷуд овардани иқтисоди конститусионӣ ва бунёди ҷомеаи адолатхоҳ аст. Адолат аз се сарчашма ба вуҷуд меояд: адолат дар худи қонун, адолат дар меҳнат ва маҳсули меҳнат ва адолат дар истеъмол ва моликият .

Радиои Озодӣ: Дар ниҳояти амр, яъне ҳадафи ҳизби шумо, чун тамоми дигар ҳизбҳои сиёсӣ, расидан ба қудрат аст?

Олимҷон Бобоев: Албатта, ҳар як ҳизби сиёсӣ талош мекунад, то роҳу усулҳои хешро ба ҷомеа пешниҳод кунад ва мардум ба ҳадафҳои ҳизб эътимоди комил пайдо кунад. Ҷомеа қудрату иқтидори ҳам ақлонӣ ва ҳам зеҳнӣ ва ҳам фикрии ҳизбро эҳсос кунад ва ҳизб низ тавонад то ҳадафҳояшро иҷро карда тавонад.

ҲАМАИ ҲИЗБҲОИ КИСАГИЯНД?

Радиои Озодӣ: Дар интихоботи соли 2010 исми шумо дар рӯйхати ҳизбӣ ва ҳамин тавр номзадҳои якмандата набуд, аммо дар ин интихобот дар феҳрасти ҳизб аввалин шумо будед? Чаро он замон нахостед вориди порлумон шавед, вале ин дафъа ....?

Олимҷон Бобоев: Он замон дар назди ман ҳамчун фарди Тоҷикистон вазифаҳои нисбатан муҳимтар аз кор дар порлумон буд. Ба хусус берун кардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ. Чун ин аз самтҳои муҳими рушду инкишофи кишвар аст. Бинобар ин чун ман масъул ва мутасаддии ин кор будам, ба ин далел ман афзал донистам, ки амалӣ кардани ин барномаҳо барои ҷомеа беҳтар аст.

Радиои Озодӣ: Он замон шумо вазири нақлиёт будед ва бинобар ин вазириро афзалтар аз вакилӣ донистед, бале?

Олимҷон Бобоев: Вазирӣ хидмат кардан буд. Чун соҳаи инфрасохтори нақлиёт дар шароити нав қариб пурра созмоннаёфта буд. Ман он замон як барномаи дурнамои рушди ин соҳаро таҳия карда будам ва бубинед,

ки ин қадар роҳҳои маҳалливу минтақавӣ берун аз ҳамаи маблағгузорӣ буд ва на барномае ҳам вуҷуд дошт. Ба ин далел ман тавонистам, ки ҳамаи ин роҳҳоро ба як низоми дуруст дароварда, як барномаи комплексии рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистонро таҳия кунам, ки пас аз вазирӣ рафтани ман қабул шуд.

Радиои Озодӣ: Рустам Латифзода, раҳбари Ҳизби аграрии Тоҷикистон “киссагӣ” будани ин ҳизб ва ҳамин тавр давоми ҳизби ҳоким буданро рад кард. Ҳатто ҳизбашро рақиби ҲХДТ муаррифӣ кард. ҲИИТ чӣ гуна ҳизб хоҳад шуд?

Олимҷон Бобоев: Умуман таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ягон ҳизб дар дунё ғайрикисагӣ нест. Ҳадаф, ин ки “киса” аз куҷо пур мешавад. Бубинед, ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико аз ҷониби комплекси ҳарбиву саноатии Амрико дастгирӣ меёбад ва ҳизби демократҳоро идораи молиявии Амрико ҳимояти молӣ мекунад. Ҳизбҳое, ки дар дохил таъсис ёфтаанд, бояд ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон хизмат кунанд. Ҷомеаи мо барои демократия омода набуд. Барои ҳамин демократия аз боло таҳия ва созмон ёфту баъд ҷомеа дар протсесаш муқаррар мекунад, ки раванди гузариш чӣ мешавад. Ба ин далел ҳар як ҳизбе, ки созмонёфта аст, ҳадафҳояш дар барномааш зикр шудааст ва албатта ҳизб ҳадафи асосиаш ин қудрати сиёсӣ аст. Кишвари мо низ аграрист ва ҳадафҳои мо аз аграриву саноатӣ ба индустралӣ гузаштан аст. Ҷомеа низ ба ҳамин гуна ҳизби тавонои касбие, ки тавонад ин соҳаро таҳлил кунад ва барномаҳои мушаххас пешниҳод кунад, зарурат дорад. ҲИИТ мехоҳад то дар амалишавии ин кор саҳм бигирад.

"МАН МУХОЛИФИ МУХОЛИФАТҲОЯМ"

Радиои Озодӣ: Пас мароми Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ чӣ хоҳад буд. Шумо ҳамчун ҳизби мухолиф амал мекунед ё чӣ?

Олимҷон Бобоев: Аслан, ман зидди ҳамин мухолифат буданҳо ҳастам. Чунки мухолифат аксар вақт ба маънои ба якдигар душманӣ карданро дорад ва рақобати носолимро ба вуҷуд меорад, беҳтараш ҳамкорӣ кардан аст. Агар диди мо бо диди дигар ҳизбҳо, назири аграрӣ ё сотсиалистӣ ё демократӣ мувофиқ ояд, мо метавонем дар ин масъала коалитсия ташкил кунем. Ин беҳтар аст аз мухолифату рақобат кардан. Ҳадафи ҳама ҳизбҳо хизмат кардан ба мардум ва обод кардани кишвар аст. Аммо роҳҳои ҳалли масъала мухталиф аст. Роҳи ҳалли ин ё он масъала аз тарафи ин ё он ҳизб пешниҳод мешавад, агар дар он ҷо як консенсус ё ҳамфикрӣ ба вуҷуд ояд, ин беҳтарин кор аст.

Радиои Озодӣ: Оё омода ҳастед, ки бо намояндагони дигар ҳизбҳо, аз ҷумла ҳизби демократ ва сотсиалист як шуда ва ҳатто дуи дигар, ки коммунист гуфта мешаванд, ҳамроҳ як фраксияи порлумониро ташкил кунед?

Олимҷон Бобоев: Ин масъала дар ҷараёни сӯҳбатҳо маълум мешавад. Айни ҳол сари ҳадафҳои хеш фикр мекунем.

Радиои Озодӣ: Ояндаи порлумонро чӣ гуна мебинед. Чун баъзе аз таҳлилгарон ва раҳбарони аҳзоб бар ин боваранд, ки порлумони оянда , як порлумони “хомӯш ва бидуни баҳс” хоҳад буд.

Олимҷон Бобоев: Албатта, ҳар як кас ҳуқуқи баёни ақидаро дорад. Ман гуфтам, ки мо бояд ба ҳар шароит мутобиқ шавем. Барои ҳамин бояд хоби порлумон парад ва ҳама дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли қонунии масъалаҳое, ки имрӯз дар назди ҷомеа ҳастанд, шаванд. Аз он хатарҳое ки имрӯз ҳам аз ҷаҳони Ғарб ва ҳам аз ҷаҳони ислом, сар мезананд, таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва ба хусус Тоҷикистон дорад. Ин аст, ки такмили қонунҳо ва ҳар чӣ бештар ба марҳалаи нави инкишоф мутобиқ кардани қонунҳои нав ва таҷдиди назари қонунҳое, ки қабул шудаву ҳатто баъзеи ин қонунҳо амал намекунанд, аз вазифаҳои порлумони нав хоҳанд буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазифаҳо, фикр мекунам хоби вакилон мепарад.

Радиои Озодӣ: Шумо алҳол, раҳбарии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доред, ҳамакнун, ки вакили порлумон шудед, пас аз ин мақом меравед, оре?

Олимҷон Бобоев: Мо гуфта будем, ки агар мардум аз ҳизби мо ва номзадии мо ҷонибдорӣ кунаду вакил интихоб шавем, ҳатман аз вазифаи давлатӣ меравем ва хидматро дар порлумон идома медиҳем.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.

XS
SM
MD
LG