Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барзу: “Намегӯям, хона диҳед. Мегӯям, имкон диҳед, ки кор кунам”


Барзу Абдураззоқов дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе. 4 октябри 2014
Барзу Абдураззоқов дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе. 4 октябри 2014

Гуфтугӯи хабарнигори Радиои Озодӣ бо коргардони саршиноси тоҷик Барзу Абдурразоқов, ки баъд аз чанд муддати кору зиндагӣ дар Бишкек ба Душанбе бозгаштааст.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки ба кораш дар Театри ба номи Чингиз Айтматови Бишкек хотима бахшидааст, ҳоло ба Душанбе омада, ҳамроҳи волидонаш ба сар мебарад. Ӯ дар сӯҳбати хос бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин бозгашт тасмими худаш буд.

Барзу Абдураззоқов: “Тоҷикистон Ватани ман, хонаи ман аст. Ман як одами эҷодкорам. Ба ҳар ҷое, ки даъват карданд, меравам ва баъд аз адои хидмат ба хона бармегардам. Дигар ин ки падарам, дар ҳақиқат, беморанду модарам низ солхӯрда шудаанд. Дар ин вазъ танҳо будани онҳо гуноҳ аст. Дар Бишкек ҳар он чизеро, ки барои қирғизҳо ваъда карда будам, иҷро намудам. Масалан, се намоиш гузоштам, ки дутояш ба ҷашнвораи байналмилалӣ меравад. Пеш аз он ки ба Душанбе биёям, қирғизҳо ду театрро пешниҳод карданд, ки раҳбарии якеашро ба ӯҳда гирам. Аммо ин корро карда наметавонистам. Зеро пойбанд мешудам ва озодиямро гум мекардам. Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ раҳбари театр будан хеле мушкил аст. Чаро ки театрҳо як ҳолати мадҳушӣ ё комаро доранд. Ба қавли дигар, ҳолати инсултро доранд. Гап мезананд, мешунаванд, мефаҳманд, аммо амал карда наметавонанд. Агар ман роҳбарии театрро бар ӯҳда мегирифтам, бояд се сол аз он берун намебаромадам. Дигар хел карда гӯем, байни ману театр никоҳ мешуд. Бояд аввал театрро табобат мекардам ва баъд бо он кор мекардам. Тақрибан аз охири моҳи июли соли ҷорӣ бо худ гуфтам, дигар дар Бишкек буда наметавонам. Ҳоло бозгаштам, вале муносибатамро қатъ накардам. Ҳар замон метавонам рафта корамро идома диҳам. Аммо будани ман дар назди модару падарам муҳимтар аст.”

Радиои Озодӣ: Вақти ба Қирғизистон рафтани Шумо сарусадои зиёде буд, ки кишварро батамом тарк кардаед. Масъулони Вазорати фарҳанг он вақт гуфта буданд, рафтани Барзу фоҷиа нест. Бархеи дигар ҳам мегуфтанд, ки Шумо “эркагӣ” мекунед...

Барзу Абдураззоқов: “Барзу эрка нест. Он одаме, ки мегӯяд Барзу эрка аст, Барзуро намешиносад. Барои он ки агар Барзу эрка мебуд, ин қадар тоқат намекард. Ягона тӯҳфае, ки метавонам барои Худованд кунам, ин саҳна аст. Вале ҳамин ягона тӯҳфаро аз дасти ман мегиранд. Яъне, саҳнаро. Шароитро аз дастам мегиранд. Муҳитро аз дастам мегиранд.

Он орзуву ҳавасро аз дастам мегиранд. Муҳитро барои ман қирғиз метавонад, муҳайё кунад. Узбаку қазоқ метавонад муҳайё кунад, аммо тоҷик не. Ман намегӯям, барои ман хона диҳед. Намегӯям, барои ман мол диҳед. Фақат мегӯям: шароит диҳед, ки кор кунам. Барои худам намегӯям, барои миллат мегӯям. Вақте ки ҳамаи ин чизҳо несту Барзу аз Тоҷикистон меравад ва инҳо мегӯянд, ӯ “эрка” аст, номаъқул кардаанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне, рафтани Шумо, чӣ хеле гуфтед, одӣ буд. Қаҳр набуд?

Барзу Абдураззоқов: “Ин ки ман рафтам, қаҳр набуд. Ноз набуд. Ягон принсип набуд. Ман барои идомаи корам рафтам. Барои ман фарқ надорад яҳудӣ аст, қирғиз аст, бурундӣ аст ё аз Уганда. Муҳим ин аст, ки кор кунам. Барои санъаткор муҳим кораш аст. Ман ҳамеша мегӯям, ки Ватани аслии коргардон саҳна аст. Лекин боз Ватане ҳаст, ки хуни нофат рехтааст. Ватане ҳаст, ки бӯйи болиши бибиятро ҳис мекунӣ. Бӯйи дасти модаратро ҳис мекунӣ. Ягон чизи фавқулодае нест, рафтам ва корамро кардаму чун дидам вазъи волидона вазнин аст, бозгаштам. Агар не, шояд дертар меомадам. Шояд баъд аз даҳ сол меомадам. Ҳоло шароитам тавре аст, ки ман ҳуқуқи танҳо мондани падару модарамро надорам.”

Радиои Озодӣ: Дар ин муддат бо мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сӯҳбат доштед? Шояд баъди омаданатон?

Барзу Абдураззоқов: “Не. На ҳангоми дар Бишкек буданам бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сӯҳбат доштам ва на баъд аз баргаштанам. Пас аз се рӯзи бозгашт ба Ватан бо масъулони Вазорати фарҳанги Қирғизистон сӯҳбат доштем. Аммо бо мақомоти Тоҷикистон то ҳол сӯҳбат накардаем.”

Радиои Озодӣ: Шумо беш аз як сол дар Қирғизистон кору зиндагӣ кардед. Агар тамошобини театр дар Қирғизистон ва Тоҷикистонро бо ҳам муқоиса кунем, байнашон чӣ фарқ мебинед?

Барзу Абдураззоқов: “Фарқ миёни мардуми тоҷик ва қирғиз зиёд нест. Дар ҳар ҷиҳат Қирғизистон аз Тоҷикистон тахминан 15 сол пеш рафтааст. Аммо дар ин росто қариб якранг аст. Аммо гап сари тамошобин нест. Гап сари театрҳост. Ҳама театрҳои кишварҳои Осиё Марказӣ ин аҳволро доранд. Вақте мегӯянд одамон ба театр намераванд, ман мегӯям: хуб мекунанд. Он театрҳое, ки мо дорем, ба он ҷо рафтан мумкин нест. Аввал бояд театрҳоро тоза кунем. Муолиҷа кунем. Ман худам намегузорам, ки фарзандонам ба театр раванд. Чаро бояд ба дигарон гӯям, ки ба театр раванд? Намегӯям. Шӯравӣ пош хӯрд. Истиқлол шуд. Гурҷӣ як тараф рафту озарӣ тарафи дигар. Аммо театр дар ҷойяш монд. Театрҳо дар ҳамон мактаби кӯҳна монданд. Мактаби кӯҳнае, ки дигар рушд накард. Аз берун ҳам иттилоот ворид нашуд. Он обе, ки буд дигар гандида шуд. Обро иваз кардан зарур аст. Барои ҳамин, ҳоло мо набояд дар бораи тамошобин андеша кунем. Бояд психологияи театрро иваз кунем. Психология дигар нашуд. Фақат Ленин рафту КПСС дигар шуд. Ба ҷойи партия дигар калима омад. Ба ҷойи доҳӣ боз як доҳии дигар омад, ки вазъият хубтар нашуд. Ҳарчанд ин тарафу он тараф мезананд, натиҷае надорад. Равиши нав аз тафаккури нав мешавад. Одамҳои нав бояд дар театр пайдо шаванд.”

Радиои Озодӣ: Агар раҳбарони театрҳо иваз шаванд, фикр мекунед, вазъ тағйир хоҳад кард?

Барзу Абдуразоққов: “Не! Ба ҷойи Бердимуродов Файзимуродоро монед, вазъ дигар намешавад. Дар театр вазъро коргардон иваз мекунад, на раҳбарият. Коргардонҳо идеологи театранд. Маро бубахшед, аммо он коргардоне метавонанд вазъро дигар кунад, ки қудрати пайғамбарӣ дошта бошад. То он даме, ки ҳукумат ёрӣ накунад, барномаи махсус қабул накунад, тағйир додани театр мушкил аст. Барои ислоҳот ворид кардан ба театр мо бояд ҳадди ақалл барномаи 5-сола дошта бошем. Ба вазири фарҳанги Қирғизистон инро гуфта будам, ки бояд назди Алмосбек Отамбоев равад ва барономаи махсусе қабул кунанд, то театри драммавии давлатияшонро ба по хезонанд. Як театр бояд таҷрибавӣ бошад, то дигар театрҳоро аз паси худ барад.”

Радиои Озодӣ: Ҳарчанд таваҷҷӯҳ ба театр дар Тоҷикистон кам аст, аммо ҷавононе пайдо шудаанд, талоши сохтани театрҳои навро доранд. Онҳо ба қавле “спонсор” меҷӯянд. Ба назари Шумо оё сарватмандони мо барои беҳтар шудани театрҳо пул медиҳанд?

Барзу Абдураззоқов: “Не, намедиҳанд. Ман ба ин сад дар сад бовар дорам. Тақрибан ду ҳафта пеш аз омаданам як сарватманди қирғиз маро ба хонааш даъват кард. Аввалин чизе, ки чашмам расид дар даруни хона, ин расмҳо буданд. Вай беҳтарин тасвирҳои рассомони Осиёи Марказӣ ва ҷаҳониро харида буд. То он ҷое, ки чашми ман расид тақрибан 50 расм буд, ки арзиши ҳар яке аз онҳо шояд на камтар аз 10 ҳазор доллар бошад. Ана ин сарпарасти фарҳанг. Ҳам пул дорад ва ҳам пули зиёд сарф мекунад барои он ки сармояи фарҳангӣ дошта бошад. Ман аз сарватмандони худӣ умед надорам. Барои ин фарҳанг лозим аст. Ҳисси милливу ғурури миллӣ лозим аст. Сарватмандҳои мо кадомаш ғурур дорад? Ҳеч кадомашон. Як Зайд ғурур дошт. Дар Тоҷикистон шояд на кам аз 50 миллионер бошад, Шумо хизмати кадомашро мебинед? Кадомашро дидед, ки осорхона сохт? Кадомашро дидед, ки театр сохт? Кадомашро дидед, ки барои як филм пул дод? Агар диҳанд ҳам, пинҳонӣ медиҳанд. Чун метарсанд аз чизе. Ба як дӯсти олмониям савол додам: “Як метсенате пайдо шаваду гӯяд ин миллионҳои ман аз ҳероин асту мехоҳам бароят пул диҳам, оё савоб аст, ки аз вай пул гирам?” Гуфт: бале. Он пуле, ки ту мегирӣ ва барои фарҳанг сарф мекунӣ, ҳадди ақал ҳероин намехарад. Мо омодаем барои фарҳанг хизмат кунем, аммо пул надорем. Мо ҳунар дорем, аммо пул надорем, онҳо пул доранд, вале ҳунар надоранд. Барои ҳамин, мо метавонем ҳамроҳ бошем.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ барномаҳо доред?

Барзу Абдураззоқов: “Нақшаи мушаххасе надорам. Назди падару модарам будан мехоҳам. Баъд мебинам, ки чӣ кор мекунам. Бекор будан ҳам мумкин нест, аммо ҳоло нақшаи дақиқе надорам.”

XS
SM
MD
LG