Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ардашер Зоҳидӣ: "Бовар доштам, ки шоҳро гумроҳ мекунанд" САДО

Муҳаммадризо Паҳлавӣ ва Ардашер Зоҳидӣ
Муҳаммадризо Паҳлавӣ ва Ардашер Зоҳидӣ

Эрон рӯзи 11-уми феврали имсол аз чиҳилсолагии инқилоби исломӣ таҷлил хоҳад кард. Ин инқилоб ҳукумати шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавиро сарнагун намуд ва ба ҷойи низоми шоҳӣ ҳукумати диниро дар Эрон сари қудрат овард.

  • Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, дар суҳбати вижа бо Ардашер Зоҳидӣ, вазири собиқи умури хориҷии Эрон ва домоди шоҳ, пурсид, ки ба инқилоби исломӣ чӣ сабаб шуд, дар дарбор чӣ мегузашт ва Муҳаммадризо Паҳлавӣ чӣ рӯҳия дошт? Зоҳидӣ дар замони инқилоб панҷоҳсола ва сафири Эрон дар Амрико буд. Ҳоло ӯ дар Швейтсария зиндагӣ мекунад.
Яке меомад ва мегуфт, маро бибар ба ҳузурашон, ки бигӯям аз мамлакат наравед. Баъзеҳо дар воқеъ ду сурат доштанд...

Радиои Фардо: Дар рӯзҳои пеш аз инқилоб сафири Эрон дар Амрико будед. Ибтидо мехоҳем аз шароити он рӯзҳо ва дидорҳое, ки бо мақомҳои амрикоӣ доштед, бигӯед. Усулан бо чӣ касоне дар мавриди масоили Эрон дар он рӯзҳо сӯҳбат мекардед?

Ардашер Зоҳидӣ бо Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар ҳоли гуфтугӯ
Ардашер Зоҳидӣ бо Муҳаммадризо Паҳлавӣ дар ҳоли гуфтугӯ

Ардашер Зоҳидӣ: “Аввалан, дар он замон аълоҳазратро аз тариқи телеграф ва телефон ва гузоришҳои хусусии маҳрамона дар ҷараён мегузоштам. То ин ки дар Ню-Йорк оқои Рокфеллер хоста буд бо ман дидор кунад ва шом бихӯрад. Ӯ дар бораи вазъи Эрон суол мекард ва ман ҷавобашро медодам. Баъд, оқои Бжезинский (Збигнев Бжезинский, мушовири амнияти миллии президент Ҷиммӣ Картер) телефон кард, ки агар мумкин бошад барои музокирот дар Кохи Сафед бошам. Фавран ба ҳузури раиси ҷумҳури вақт Картер (Ҷиммӣ Картер) рафтам. Бо Бжезинский ҳам чанд соат суҳбат шуд. Эшон ба ман гуфтанд, ки вазъ дар Эрон хуб нест ва мо алоқамандем, ки агар метавонед ба Эрон биравед. Дар зимн овоза аст, ки ё нахуствазир бишавед ё вазир. Аввал ба эшон арз кардам, ки ман на ин хоҳам буд ва на он, чун барои ин кор дуруст нашудаам. Аммо дар масъалаи рафтани ман. Чун сафири аълоҳазрат ҳастам, эшон бояд ба ман иҷоза бидиҳанд. Пас аз ин ки хеле муфассал роҷеъ ба вазъият суҳбат кардем, эшон ба ман гуфт, Шумо нигарони сафорат набошед. Шуморо лозим аст, ки назди аълоҳазрат бошед. Ман ҳам, албатта, гуфтам, ки бисёр хуб ва ман ба арзи эшон хоҳам расонд. Билофосила шаб бо муовини раиси ҷумҳур дар манзили сенатор Рибикоф шоми хусусӣ доштем. Ӯ яке аз шахсиятҳои бузурге буд, ки ман аз сафари аввал мешинохтам. Дар замони Ҷон Кеннедӣ вазир буд ва баъд вақте Ню-Йоркро тарк мекардем, ба ифтихори аълоҳазрат меҳмонии бузург дода буд.”

Радиои Фардо: Шумо ба ҳар ҳол домоди пешини шоҳ будед...

Ардашер Зоҳидӣ: “Ин ки ман ишора кардам, марбут ба дӯстии ман бо оқои Рибикоф буд.”

Радиои Фардо: Вақте ба Эрон рафтед ва бо шоҳ дидор кардед, чӣ масоилеро бо ӯ матраҳ намудед?

Ардашер Зоҳидӣ: “Қабл аз ин ки аълоҳазратро бубинам, бо камоли тааҷҷуб дидам, ки иддае аз оқоён умаро ва чандин нафар аз оқоёни ҳамкори қадима вузаро ҳастанд. Он вақт Амирхусрав Афшор вазири умури хориҷӣ буд. Аз эшон ҳам хостанд, ки бо ман биёяд ва дар дохили мошин маро дар ҷараёни вазъи Теҳрон бигузорад. Эшон ҳам ҳамин корро кард, то омадем ва ба қаср расидем. Раиси горд омад, ки бо мошин ба дохил биёед. Ман гуфтам, ки на, мисли ҳамеша ҳамин ҷо пиёда мешавам. Қасри Саъдобод буд. Вақте аз зинаҳо боло мерафтам, яке аз оқоён омад ва гуфт, шаҳбону бо Шумо кор доранд, қабл аз ин ки аълоҳазратро бубинед. Вақте омадам, шаҳбону фармуданд, чизе нагӯед, ки аълоҳазрат нороҳат шаванд, чун масалан хатар дорад, як вақт худкушӣ кунанд. Ин маро хеле такон дод ва нороҳат шудам. Вақте ин тавр шуд, омадам то наздики дари утоқи аълоҳазрат. Соат ёздаҳуним-дувоздаҳи шаб буд. Қабл аз инки дарро бизанам, дар боз шуд. Аълоҳазрат худашон дар утоқ ташриф доштанд. Садоро шунида буданд ва дарро боз карданд. Ман ҳам арзи адаб кардам, таъзим кардам. Фармуданд, ки биёед, бинишинед. Аввал исрор доштам, ки хеле хастаам ва ҳам дер шуда. Гуфтанд, ки не. Амр буд, ҳамин корро кардам ва ба музокирот оғоз намудем. Чӣ суҳбате ки бо оқои Картер доштам, ба эшон арз кардам.”

Инқилоби исломии Эрон ба ривояти тасвир. 30 АКС

Теҳрон рӯзи 7-уми сентябри соли 1978 шоҳиди коршиканӣ ва эътирозҳои умумӣ алайҳи шоҳ буд. Ин рӯз ҳамчун "Ҷумъаи сиёҳ" шинохта шуд ва эътирозҳо саросари кишварро фаро гирифт ва эътирозгарон шоҳро ҳамчун гумоштаи Амрико хитоб кардад. Чаҳор рӯз баъд вазъияти фавқулодда эълон шуд. 
1/30 Теҳрон рӯзи 7-уми сентябри соли 1978 шоҳиди коршиканӣ ва эътирозҳои умумӣ алайҳи шоҳ буд. Ин рӯз ҳамчун "Ҷумъаи сиёҳ" шинохта шуд ва эътирозҳо саросари кишварро фаро гирифт ва эътирозгарон шоҳро ҳамчун гумоштаи Амрико хитоб кардад. Чаҳор рӯз баъд вазъияти фавқулодда эълон шуд. 
Бо вуҷуди эълони ҳолати фавқулодда, ҳазорон нафар аз эътирозгарон рӯзи 9-уми октябри соли 1978 ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва алайҳи шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ шиорпартоӣ карданд.
2/30 Бо вуҷуди эълони ҳолати фавқулодда, ҳазорон нафар аз эътирозгарон рӯзи 9-уми октябри соли 1978 ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва алайҳи шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ шиорпартоӣ карданд.
Эътирозҳо рӯзи 5-уми ноябри соли 1978 дар хиёбонҳои Теҳрон ба даргирӣ мунҷар шуд. Дар авохири ин моҳ миёни сарбозон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи Теҳрон бархӯрди хунин сурат гирифт.<br />
&nbsp;
3/30 Эътирозҳо рӯзи 5-уми ноябри соли 1978 дар хиёбонҳои Теҳрон ба даргирӣ мунҷар шуд. Дар авохири ин моҳ миёни сарбозон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи Теҳрон бархӯрди хунин сурат гирифт.
 
Дар эътирозҳои рӯзи 28-уми ноябри соли 1978 донишҷӯён алайҳи Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки аз соли 1941 ҳукуматро дар даст дошт, шиорҳои &quot;Марг бар шоҳ&quot;-ро сар доданд.
4/30 Дар эътирозҳои рӯзи 28-уми ноябри соли 1978 донишҷӯён алайҳи Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки аз соли 1941 ҳукуматро дар даст дошт, шиорҳои "Марг бар шоҳ"-ро сар доданд.
Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар майдони марказии Теҳрон. 10-и декабри соли 1978.
5/30 Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар майдони марказии Теҳрон. 10-и декабри соли 1978.
Як рӯҳонӣ дар бозори Теҳрон дар рӯзи 16-уми декабри соли 1978 охирин паёми раҳбари дар табъидбуда Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хоманаиро қироат мекунад.
6/30 Як рӯҳонӣ дар бозори Теҳрон дар рӯзи 16-уми декабри соли 1978 охирин паёми раҳбари дар табъидбуда Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хоманаиро қироат мекунад.
Як мошин бо рамз ё нишонаи Пепси рӯзи 27-уми декабри соли 1978 дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ба оташ кашида шуд.
7/30 Як мошин бо рамз ё нишонаи Пепси рӯзи 27-уми декабри соли 1978 дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ба оташ кашида шуд.
Эътирозгарони зиддишоҳӣ рӯзи 1-уми январи соли 1979 аксҳои Оятуллоҳ Хумайниро ба даст доранд. Оятуллоҳ Хумайнӣ барои 14 сол дар табъид ба сар мебурд. Наворҳои садоии Хумайнии 76-сола, ки ба таври пинҳонӣ ба Эрон ворид мешуданд, ба эътирозҳо &quot;оташ&quot; мерехт.
8/30 Эътирозгарони зиддишоҳӣ рӯзи 1-уми январи соли 1979 аксҳои Оятуллоҳ Хумайниро ба даст доранд. Оятуллоҳ Хумайнӣ барои 14 сол дар табъид ба сар мебурд. Наворҳои садоии Хумайнии 76-сола, ки ба таври пинҳонӣ ба Эрон ворид мешуданд, ба эътирозҳо "оташ" мерехт.
Даргирӣ миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ. Рӯзи 14-уми январи соли 1979.<br />
&nbsp;
9/30 Даргирӣ миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ. Рӯзи 14-уми январи соли 1979.
 
Беш аз 100 ҳазор нафар аз эътирозгарон рӯзи 15-уми январи соли 1979 дар Масҷиди Бозори Теҳрон таҷаммӯъ карданд. Нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарон гузаштанд. Мардум онҳоро гулборон мекарданду ба оғӯш мекашиданд ва мебӯсиданд, дар ҳоле, ки шиор сар медоданд, &quot;Зинда бод Хумайнӣ&quot; ва &quot;Марг ба шоҳ&quot;.
10/30 Беш аз 100 ҳазор нафар аз эътирозгарон рӯзи 15-уми январи соли 1979 дар Масҷиди Бозори Теҳрон таҷаммӯъ карданд. Нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарон гузаштанд. Мардум онҳоро гулборон мекарданду ба оғӯш мекашиданд ва мебӯсиданд, дар ҳоле, ки шиор сар медоданд, "Зинда бод Хумайнӣ" ва "Марг ба шоҳ".
Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ҳамсараш Фараҳ фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон. 16-уми январи соли 1979. Марде, ки барои 37 сол бар Эрон ҳукм кард, дигар ба кишвараш барнагашт ва 13 моҳ моҳ пас аз тарки Теҳрон, дар Миср вафот кард.
11/30 Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ҳамсараш Фараҳ фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон. 16-уми январи соли 1979. Марде, ки барои 37 сол бар Эрон ҳукм кард, дигар ба кишвараш барнагашт ва 13 моҳ моҳ пас аз тарки Теҳрон, дар Миср вафот кард.
Муҷассамаи сарнагуншудаи шоҳ дар Теҳрон. 18-уми январи соли 1979.
12/30 Муҷассамаи сарнагуншудаи шоҳ дар Теҳрон. 18-уми январи соли 1979.
Тонкҳои артиши Эрон дар роҳи фурудгоҳи Теҳрон. Артиш монеи парвози як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Эрон шуд, то ба Порис парвоз кунад ва раҳбари табъидӣ Оятуллоҳ Хумайниро ба Эрон биёрад.
13/30 Тонкҳои артиши Эрон дар роҳи фурудгоҳи Теҳрон. Артиш монеи парвози як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Эрон шуд, то ба Порис парвоз кунад ва раҳбари табъидӣ Оятуллоҳ Хумайниро ба Эрон биёрад.
Чанд рӯз пас аз ихроҷи шоҳ, ҳазорон нафар, ба шумули хориҷиҳо маҷбур шуданд Эронро тарк кунад. Ин афрод аз ҷумла рӯзи 25-уми январи соли 1979 дар толори хуруҷии Фурудгоҳи Меҳробод ҷамъ омада ва мехостанд ба кишварҳои худ сафар кунанд.&nbsp;
14/30 Чанд рӯз пас аз ихроҷи шоҳ, ҳазорон нафар, ба шумули хориҷиҳо маҷбур шуданд Эронро тарк кунад. Ин афрод аз ҷумла рӯзи 25-уми январи соли 1979 дар толори хуруҷии Фурудгоҳи Меҳробод ҷамъ омада ва мехостанд ба кишварҳои худ сафар кунанд. 
Дар ҳоле, ки як халои раҳбарӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада буд, рӯзи 26-уми январи соли 1979 дар Теҳрон чанд даргирии пароканда сурат гирифт.
15/30 Дар ҳоле, ки як халои раҳбарӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада буд, рӯзи 26-уми январи соли 1979 дар Теҳрон чанд даргирии пароканда сурат гирифт.
Оятуллоҳ Хумайнӣ, рӯзи 31-уми январи соли 1979 бӯстонсарои худ дар наздикии Порисро тарк кард, то ба ба Теҳрон сафар кунад.
16/30 Оятуллоҳ Хумайнӣ, рӯзи 31-уми январи соли 1979 бӯстонсарои худ дар наздикии Порисро тарк кард, то ба ба Теҳрон сафар кунад.
Оятуллоҳ Хумайнӣ рӯзи 1-уми феврали соли 1979 вориди Теҳрон шуд. Ҳудуди 120 хабарнигор дар парвоз аз Порис ба Теҳрон ӯро ҳамроҳӣ карданд.&nbsp;
17/30 Оятуллоҳ Хумайнӣ рӯзи 1-уми феврали соли 1979 вориди Теҳрон шуд. Ҳудуди 120 хабарнигор дар парвоз аз Порис ба Теҳрон ӯро ҳамроҳӣ карданд. 
Хумайнӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ҳини хуруҷ аз фурудгоҳ дар роҳ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро дар Теҳрон.
18/30 Хумайнӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ҳини хуруҷ аз фурудгоҳ дар роҳ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро дар Теҳрон.
Тарафдорони инқилоб дар роҳи корвони мошинҳои Хумайнӣ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро саф кашидаанд.&nbsp;&nbsp;
19/30 Тарафдорони инқилоб дар роҳи корвони мошинҳои Хумайнӣ ба сӯи оромгоҳи Биҳишти Заҳро саф кашидаанд.  
Суханронии Оятуллоҳ Хумайнӣ дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро пас аз бозгашт ба Теҳрон.<br />
&nbsp;
20/30 Суханронии Оятуллоҳ Хумайнӣ дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро пас аз бозгашт ба Теҳрон.
 
Оятуллоҳ Хумайнӣ бо писараш Аҳмад. Ӯ дар миёни мардум суханронӣ мекунад. 4-уми феврали соли 1979.<br />
&nbsp;
21/30 Оятуллоҳ Хумайнӣ бо писараш Аҳмад. Ӯ дар миёни мардум суханронӣ мекунад. 4-уми феврали соли 1979.
 
Маҳди Бозаргон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ рӯзи 9-уми январ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард. Оқои Бозаргон аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони раҳбари ҳукумат баргузида шуд то як интихоботи шаффофро дар кишвар баргузор кунад ва роҳро барои ҳукумати исломӣ ҳамвор намояд.
22/30 Маҳди Бозаргон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ рӯзи 9-уми январ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард. Оқои Бозаргон аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони раҳбари ҳукумат баргузида шуд то як интихоботи шаффофро дар кишвар баргузор кунад ва роҳро барои ҳукумати исломӣ ҳамвор намояд.
Мошинҳои &quot;Ёрии таъҷилӣ&quot; пас аз бархӯрд дар Теҳрон дар рӯзи 10-уми феврали соли 1979, захмиёнро интиқол медиҳанд. Бар асари даргирӣ миёни артиш ва тарафдорони Хумайнӣ беш аз 60 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.<br />
&nbsp;
23/30 Мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" пас аз бархӯрд дар Теҳрон дар рӯзи 10-уми феврали соли 1979, захмиёнро интиқол медиҳанд. Бар асари даргирӣ миёни артиш ва тарафдорони Хумайнӣ беш аз 60 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
 
Мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Теҳрон, рӯзи 15-уми феврали соли 1979, як рӯз баъд аз юриш ба ин бинои дипломатӣ.&nbsp;
24/30 Мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Теҳрон, рӯзи 15-уми феврали соли 1979, як рӯз баъд аз юриш ба ин бинои дипломатӣ. 
Захмиёни даргирӣ дар Сафорати Амрико тавассути мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ ба бемористон интиқол дода мешаванд.&nbsp;
25/30 Захмиёни даргирӣ дар Сафорати Амрико тавассути мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ ба бемористон интиқол дода мешаванд. 
Як шаҳрванди амрикоӣ дар Теҳрон, 17-уми феврали соли 1979. Ҳазорон нафар аз амрикоиҳо дар пайи муҳосираи сафорати Амрико, тарки Эрон карданд.
26/30 Як шаҳрванди амрикоӣ дар Теҳрон, 17-уми феврали соли 1979. Ҳазорон нафар аз амрикоиҳо дар пайи муҳосираи сафорати Амрико, тарки Эрон карданд.
Мардони мусаллаҳи дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон, 18-уми феврали соли 1979. Садҳо шаҳрванди Амрико талош доштанд, ки тавассути парвозҳои изтирорӣ Эронро тарк кунанд.&nbsp;
27/30 Мардони мусаллаҳи дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон, 18-уми феврали соли 1979. Садҳо шаҳрванди Амрико талош доштанд, ки тавассути парвозҳои изтирорӣ Эронро тарк кунанд. 
Даҳҳо ҳазор зан рӯзи 16-уми марти соли 1979 дар Теҳрон бо пуштибонӣ аз даъвати Оятуллоҳ Хумайнӣ барои мушорикати бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ҷамъ омаданд.<br />
&nbsp;
28/30 Даҳҳо ҳазор зан рӯзи 16-уми марти соли 1979 дар Теҳрон бо пуштибонӣ аз даъвати Оятуллоҳ Хумайнӣ барои мушорикати бонувон дар ҳаёти сиёсӣ ҷамъ омаданд.
 
Дарвозаи Сафорати Амрико дар Теҳрон, 27-уми ноябри соли 1979. Донишҷӯён ба бинои сафорат юриш бурда ва 52 амрикоиро ба гарав гирифтанд ва талаб карданд, ки шоҳ ба Эрон баргардад. Бӯҳрони гаравгонгирӣ 444 рӯз, то январи соли 1981 идома кард.
29/30 Дарвозаи Сафорати Амрико дар Теҳрон, 27-уми ноябри соли 1979. Донишҷӯён ба бинои сафорат юриш бурда ва 52 амрикоиро ба гарав гирифтанд ва талаб карданд, ки шоҳ ба Эрон баргардад. Бӯҳрони гаравгонгирӣ 444 рӯз, то январи соли 1981 идома кард.
Рӯҳониён ба сӯи манзили Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Қум дар ҳаракатанд, 19-уми декабри соли 1979. Оятуллоҳ Хумайнӣ дар ин моҳ раҳбари олии Эрон шуд.
30/30 Рӯҳониён ба сӯи манзили Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Қум дар ҳаракатанд, 19-уми декабри соли 1979. Оятуллоҳ Хумайнӣ дар ин моҳ раҳбари олии Эрон шуд.
пешина
баъдӣ

Радиои Фардо: Илова ба ин ки масоилро бо шоҳ матраҳ кардед ва гуфтед бо чӣ касоне дидор доштед, посух ва вокуниши шоҳ ба ин суҳбатҳо чӣ буд?

Ардашер Зоҳидӣ: “Аълоҳазрат, ки одами дақиқе буданд, мисли ҳамеша бевосита гӯш мекарданд. Дар ин зимн занг заданд, ки пешхидмат чой биоварад. Вақте чойро оварданд, аълоҳазрат дасташонро ба ҷайб карда ва як ҷаъбаи кӯчакро берун оварданд ва доруеро аз он гирифтанд. Хеле даступоча шудам бо ин чизе, ки шаҳбону ба ман гуфта буданд. Дасташонро гирифта гуфтам, ки ин қурсҳоро нахӯред, иҷоза диҳед фардо биоям, Шумо хастаед. Фармуданд, чаро чунин мекунӣ? Қурс мехӯрам, чизи дигаре нест. Тақрибан соат якуним-дуи субҳ буд, ки тамоми ҷузъиётро ба арзашон расонда будам.”

Радиои Фардо: Вале вокуниши шоҳ чӣ буд?

Ардашер Зоҳидӣ: “Аълоҳазрат тамоми муддат ба ҳарфҳои ман гӯш доданд, ҳеч набуриданд. Вақте гапи ман тамом шуд, гуфтанд, ки назарат роҷеъ ба ин афрод чист? Гуфтам, ба назари ман инҳо алоқаманданд. Раиси ҷумҳур беандоза алоқа дорад ва ҳатто ишора кард, ки нигарони ҳеч чиз набошед ва ҳар тавр битавонем кумак мекунем.”

Радиои Фардо: Ба таври куллӣ вазъияти рӯҳӣ ва ҷисмии шоҳро дар он рӯзҳо чи гуна дидед? Оё шоҳ вазъияти рӯҳии хубе дошт?

Дидори Ардашер Зоҳидӣ бо президенти Амрико Ҷиммӣ Картер. Моҳи январи соли 1977
Дидори Ардашер Зоҳидӣ бо президенти Амрико Ҷиммӣ Картер. Моҳи январи соли 1977

Ардашер Зоҳидӣ: “Хеле хаста, хеле лоғар ва хеле дар фикр медидам. Ва ин ба ман нороҳатӣ ва хеле заҷр медод. Вале ҳамаро таҳаммул мекардам. Саъй мекардам хеле хунсард ҳама чизҳоро, то ҷое ки виҷдонан ба назарам дуруст аст, ба арзашон бирасонам.”

Радиои Фардо: Дар он рӯзҳо чанд бор бо шоҳ дидор кардед?

Ардашер Зоҳидӣ: “Ду-се бор.”

Радиои Фардо: Ба ҳар ҳол, илова ба пайвандатон бо аъзои хонадони салтанатӣ, бо бархе аз онҳо дӯстӣ ҳам доштед. Онҳо чӣ мегуфтанд? Гуфтед шаҳбону ҳам шуморо дид, қабл аз дидор бо шоҳ. Оё бо шаҳбону ҳам дидор доштед?

Ардашер Зоҳидӣ: “Мураттаб медидамашон. Хуб, барои инки мураттаб ба он ҷо мерафтам. На танҳо ошноӣ доштам, эшон малика буданд. Вале баъд аз ҷараёнҳои рӯзҳои аввал дигар ҳавсала ва вақти касеро надоштам. Вақте омадам, мехостам бо оқоёни маҷлис ва оқоёни уламо ва бо ашхосе, ки ба назарам наздик буданд, суҳбат кунам ва аз даҳони онҳо фаҳмам, ки чӣ мегӯянд ва чӣ мегузарад.”

Радиои Фардо: Чӣ касоне дар атрофи шоҳ буданд ва оё Шумо бо онҳо ҳам дидор ва гуфтугӯ мекардед? Оё фикр намекунед, бархе аз атрофиёни шоҳ ба ӯ тавсияҳои дуруст намекарданд?

Ардашер Зоҳидӣ
Ардашер Зоҳидӣ

Ардашер Зоҳидӣ: “Ман ин тавр муътақид будам. Бовар доштам, ки иддае аълоҳазратро гумроҳ мекунанд. Яке меомад мегуфт, маро бибар ҳузурашон, ки бигӯям аз мамлакат наравед. Аз ин гапҳо. Бинобар ин, баъзеҳо дар воқеъ ду сурат доштанд ва як хел гап намезаданд. Вале ман ҳам намехостам ба эшон бигӯям, ки касеро набинед. Чун дидорҳо лозим буд. Масалан, ман бо Ироқ дар тамос будам. Баъзе аз оқоёни уламо, оятуллоҳо аз Ироқ бо ман дар тамос буданд. Ҳамин тавр бо оятуллоҳо дар Эрон ва Қум дар тамос будам. Чун аз қадим баъзеҳо маро мешинохтанд. Ба эшон наздик будам ва онҳо ҳам ба ман муҳаббат доштанд. То ҳадде ҳам шояд ба ман итминон доштанд.”

Радиои Фардо: Оё он рӯзҳо фикр мекардед, ки эҳтимол як инқилоб дар Эрон ба вуқӯъ пайвандад?

Ардашер Зоҳидӣ: “Аввалҳое, ки мерафтам ва меомадам, боварам намешуд. Вале мегуфтам, агар кор дуруст нашавад ва иштибоҳҳое пеш биояд, он вақт мумкин аст, хатарнок бошад. Шабе, ки дар ҳузури аълоҳазрат будам, нахуствазир ва оқои Шариф Имомӣ телефон мекарданд ҳузурашон ва мехостанд ҳукумати низомӣ дуруст кунанд. Ман бо ин ҳам мухолиф будам. Мегуфтам, дар ҳоли ҳозир мо набояд артишро дохил кунем. Бино бар ин суҳбат то соати севуним -чаҳор тӯл кашид. Дафъаи охир аълоҳазрат ба утоқи хоб рафт, то ман нашунавам. Дар онҷо суҳбат карда баргаштанд. Гуфтам инҳо бояд масъулияти худашонро анҷом диҳанд. Набояд бигӯянд, шумо фармудед. Аммо ҳоло ки давлат ин корро бикунад, фавран бояд аз тариқи радио ва ғайра мардумро хабар кунанд.”

Радиои Фардо: Ба назари шумо, бузургтарин иштибоҳе, ки дар он рӯзҳо сурат гирифт, аз тарафи артиш буд ё аз сӯи шоҳ?

Ардашер Зоҳидӣ
Ардашер Зоҳидӣ

Арадешр Зоҳидӣ: “Фаромӯш накунед, ки дар ин давра тақрибан як-ду моҳ ман дубора ба Амрико рафта ва баргаштам. Ман бо иҷозаи шоҳ ба Амрико рафтам, ки Картерро дар ҷараён гузорам. Дар он вақт ҳам дӯсти наздике пайдо карда будам, ки оқои бузургворе буд ва набояд эрониҳо фаромӯш кунанд. Ӯ Анвар Содот буд. Анвар Содот қарор буд ба Амрико равад ва бо раиси ҷумҳур музокира кунад. Дар он ҷо дастҷамъӣ қарор шуд шуд, ки онҳо телефонӣ бо аълоҳазрат суҳбат кунанд, то тасаллои руҳӣ бошад. Аввал Анвар Содот телефонӣ суҳбат кард ва гӯширо ба раиси ҷумҳур Картер дод. Аълоҳазратро мутмаин карданд, ки он чи лозим аст, анҷом медиҳанд. Ҳоло мерасем ба ҷавоби шумо. Дар ин ҷараён намешавад касеро масъул кард. Дар ин ҷараён артиш, албатта, ҳамеша мутеъ ва ба фармони аълоҳазрат буд. Аз тарафи дигар, худи оқоён ва дар ҳайати давлат бо ҳам бад буданд, бо ҳам ҳасодат доштанд. Ва баъзеашон, мутаассифона, бо ҳарду тараф бозӣ мекард. Аълоҳазрат як одаме буд беандоза хушқалб. Ҳоло дар борааш ҳар кас ҳар ғалате мехоҳад бикунад ва бигӯяд. Ин чизҳоро аълоҳазрат намехост. Намехост, аз димоғи ҳеч кас хун биояд. Дар зимн ҳукумати низомӣ ҳам барқарор карда буданд. Вале дастур дода буданд, ки... музоҳимат эҷод накунанд.”

Радиои Фардо: Ба гумони Шумо, паёми шоҳ, ки гуфт садои инқилоби Шуморо шунидем, кори дурусте буд ё кори иштибоҳе?

Ардашер Зоҳидӣ: “Ин паёмро агар зудтар дода буданд, хеле ҳам хуб буд ва асаргузор. Вале дар он замон... вақте шумо ба қавли маъруф муомила мекунед, агар одам дасташ пур набошад, ҳамеша бозанда аст.”

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG