Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари шоҳи охирини Эрон: Фикр намекардем, ки дигар ҳеч вақт барнамегардем. САДО


Аз инқилоби исломӣ дар Эрон, ки ҳукумати шоҳро сарнагун кард, чиҳил сол гузашт. Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Муҳаммадризо Паҳлавӣ, шоҳи охирини Эрон, дар рӯзҳои пеш аз инқилоб чиҳилсола буд ва ҳоло дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар он шабу рӯз дар Эрон чӣ мегузашт ва шоҳи охирин чӣ вазъу ҳол дошт.

  • Муҳаммадризо Паҳлавӣ баъди 38 соли салтанат, пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979, Эронро тарк кард. Вай пас аз муддате саргардонӣ ва иқомат ва муолиҷа дар Марокаш, Амрико, Мексика ва Панама саранҷом ба Миср рафт ва моҳи июли соли 1980 дар шаҳри Қоҳира чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Он рӯзе, ки аз Эрон хориҷ мешудем, ҳеч вақт фаромӯш намекунам. Дар чашми аълоҳазрат ашк буд. Марде, ки тамоми зиндагиаш, умраш, фикраш ва ҳушаш, воқеан, фақат барои Эрон ва эронӣ буд.

Радиои Фардо: Аз рӯзҳо ва моҳҳои пеш аз инқилоб оғоз кунем. Аз чӣ замоне дар дарбор эҳсос шуд, ки вазъияти кишвар буҳронист?

Фараҳ Паҳлавӣ: "То ҷое ба ёдам ҳаст, аълоҳазрат аз пизишкони фаронсавии худ пурсида буданд, ки оё ду сол ба эшон вақт медиҳанд, ё не. Докторҳо ҳам гуфта буданд, бале. Ва ин ба далели ин буд, ки мехостанд дар ин мавқеъ фазои бози сиёсиро эълон кунанд ва ба фикри ин буданд, ки фарзандашон боистӣ ҳатман дар як фазои мамлакати демократӣ подшоҳӣ кунад. Мутаассифона, дар ниҳоят иддае аз рӯшанфикрон ва мутаассибон ва гуруҳҳои мухолиф, ки хеле муташаккил буданд, аз ин раванд истифода карданд. Дурӯғпардозӣ ва пахши ахбори нодуруст карданд. Натиҷа он шуд, ки дидем. Ва, фикр мекунам, дар тобистони соли 1978 дигар ҳис шуд, ки чӣ гирифториҳое ҳаст."

Радиои Фардо: Дар он рӯзҳо бисёре аз шахсиятҳо барои дидор бо шоҳ ба дарбор мерафтанд. Онҳо ғолибан чӣ мегуфтанд ё чӣ хостҳое доштанд?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Хабар надоштам, ки аълоҳазрат ҳар рӯз чӣ касонеро мебинанд. Вале баъдан, ки бо ман роҷеъ ба баъзеҳо суҳбат мекарданд, бештари афрод пешниҳодҳои мухталиф доштаанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки боистӣ хеле маҳкам гирифт ва фалониро зиндонӣ кард. Баъзеҳо ҳам мегуфтанд, на, бояд озодӣ дод ва иҷоза дод, ки тазоҳурот бошад."

Радиои Фардо: Ва бархе аз шахсиятҳои сиёсиву низомӣ ва фарҳангӣ ҳам бо Шумо дидор мекарданд. Оё онҳо бо Шумо содиқона бархӯрд доштанд?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Фикр мекунам, ки содиқона ҳарфҳояшонро мезаданд. Барои ин ки ҳар кадом дар заминаҳои гуногун ва риштаҳои мухталиф назари худашонро доштанд. Баъзеҳо, албатта, меомаданд ва вақти зиёд мегирифтанд. Достони зиндагиашонро таъриф мекарданд. Вале, бо вуҷуди ин, пеши ман ҳам як иддае мегуфтанд, ки бояд озод гузошт, то тазоҳурот бикунанд. Баъзеҳо мегуфтанд, на, бояд маҳкам гирифт ва зиндонӣ кард ва... Албатта, ман инҳоро ба аълоҳазрат мегуфтам, ҳар вақте ки медидамашон."

Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ҳамсараш Фараҳ Паҳлавӣ
Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо ҳамсараш Фараҳ Паҳлавӣ

Радиои Фардо: Оё баштари ин шахсиятҳо дилашон мехост ва тақозо мекарданд, ки шоҳ ва Шумо дар Эрон бимонед ё хостори ин буданд, ки барои муддати кӯтоҳе Эронро тарк кунед?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Албатта, баъзеҳо буданд, вале роҷеъ ба ин суҳбат намекарданд. Дар рӯзҳои охир аълоҳазрат фикр карданд, ки шояд агар сафар кунанд (оқои Бахтиёр нахуствазир буд), оромиш баргардад. Албатта, баъзе аз низомиҳоро гирифта буданд. Бештар аз ҳар касе ин рабте ба тасмими аълоҳазрат надорад. Сафири Амрико ва сафири Англис ҳамин ҷур мунтазир буданд, ки кай эшон мераванд."

Радиои Фардо: Ва дар мавриди бемории шоҳ. Оё то замоне ки дар Эрон будед, Шумо мутаваҷҷеҳи беморӣ шуда будед? Ё эшон ин мавзуъро аз Шумо пинҳон карда буданд?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Фикр мекунам, соли 1977 буд. Ман як сафаре доштам ба яке аз кишварҳои хориҷӣ. Танҳо будам. Докторҳои аълоҳазрат хостанд, ки маро хеле маҳрамона як ҷое бубинанд. Онҳо ба ман гуфтанд, ки аълоҳазрат як беморӣ доранд. Хеле дарднок буд. Барои ин ки бо аълоҳазрат роҷеъ ба ин мавзуъ суҳбат накарда будем. Ҳар рӯз медидем, ин марде, ки намехост бо касе дар бораи бемории худаш ҳарф бизанад, ҳатто бо ман, бо чӣ иродае аз субҳ то шаб дар фикри Эрон ва эронӣ буд. Баъди муддате аълоҳазрат як тавре ба ман гуфтанд, ки ин гирифториро доранд. Хуб, ҳамеша саъй мекардам ба эшон бигӯям, ки баҳтаранд ва хуб мешавад, то умед бидиҳам."

Фараҳ Паҳлавӣ
Фараҳ Паҳлавӣ

Радиои Фардо: Бархе мегӯянд, ки шоҳ дар он рӯзҳои пеш аз хуруҷ аз Эрон рӯҳияи муносибе надоштанд. Ва Шумо аз чанд тан аз муроҷиаткунандаҳо хоста будед, то ҳарфе назананд, ки мӯҷиби афсурдагии шоҳ бишавад. Оё ин мавзуъ ҳақиқат дорад?

Фараҳ Паҳлавӣ: "На, аслан сиҳҳат надорад. Албатта, хеле мушкил буд. Тамоми чизҳое, ки дар Эрон иттифоқ меафтод, эшон медиданд. Аваллан касоне, ки пеши аълоҳазрат мерафтанд, қаблан назди ман намеомаданд, то барояшон бигӯям, чӣ гӯянд ё чӣ нагӯянд. Ҳамчунин чизе нест. Ман ҳеч вақт ба касе чунин ҳарфе нагуфтаам. Даврони сахте буд, вале эшон воқеан бо қудрат кори худашонро мекарданд."

Радиои Фардо: Шумо Эронро тарк кардед ва ба Миср рафтед. Оё дар он рӯз тасаввур мекардед, ки эҳтимол дорад то муддате тӯлонӣ ё шояд ҳаргиз ба Эрон барнамегардед?

Фараҳ Паҳлавӣ: "На, ҳеч вақт. Ин фикр ба сарамон набуд. Ба ҳар сурат, худи ман мегуфтам, вақте чизҳо дуруст шавад ва бо нахуствазирии оқои Бахтиёр оромиш баргардад, мо ҳам бармегардем. Аълоҳазрат ҳам фикр намекарданд, ки дигар ҳеч вақт барнамегарданд. Дар ҳар сурат, дар афкори худашон буданд. Он рӯзҳо пешбинӣ кардани ин ки чӣ мешавад, мушкил буд. Вале одам ҳеч вақт намехоҳад умедро аз даст бидиҳад."

Фараҳ Паҳлавӣ бо Муҳаммадризо Паҳлавӣ
Фараҳ Паҳлавӣ бо Муҳаммадризо Паҳлавӣ

Радиои Фардо: Чаро бо вуҷуди ин ки дар Миср аз Шумо истиқбол мешавад, ба Марокаш рафтед ва пас аз муддате аз Марокаш ҳам хориҷ шудед?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Он рӯзе, ки аз Эрон хориҷ мешудем, ҳеч вақт фаромӯш намекунам. Дар чашми аълоҳазрат ашк буд. Марде, ки тамоми зиндагиаш, умраш, фикраш ва ҳушаш воқеан фақат барои Эрон ва эронӣ буд. Бубинед, мамлакат ба чи рӯзҳое афтода буд ва мардум чӣ шиорҳо медоданд. Хеле дарднок буд, воқеан. Ман ҳеч вақт наметавонам худамро ба ҷои эшон бигузорам. Медонистам, ки ба Миср меравем, вале баъд оқои Амираслон Афшор гуфтанд, дар китобашон ҳам навиштаанд, ки амрикоиҳо гуфта буданд, аълоҳазрат ба Миср бираванд. Аълоҳазрат намехостанд, ки дар Миср барои Анвар Содот мушкил пеш ояд. Подшоҳи Марокаш гуфтанд, ки инҷо биёед ва мо ба Марокаш рафтем. Алъон чӣ бигӯям?"

Радиои Фардо: Ба тасаввури Шумо чаро ба он зудӣ, дар 61-солагӣ фавт карданд? Оё фикр мекунед, пизишкон дар дармон дучори хатое шуда буданд?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Фикр мекунам, ки бале. Барои ин ки ёдам ҳаст, замоне аълоҳазрат фавт карданд, доктори фаронсавиашон тақрибан гиря мекард ва мегуфт, агар эшон як одами маъмулӣ мебуданд, алъон бо хонум ва бачаҳояшон даври ҳам нишаста буданд. Дигар ҳоло бо ҷузъиёт наметавонам бигӯям. Барои онки доктор нестам ва, мутаассифона, дуруст муолиҷа нашуданд. Чун эшон метавонист хеле бештар аз он зиндагӣ кунад."

Шоҳи охирини Эрон бо ҳамсараш дар замони будубоши кӯтоҳмуддат дар Марокаш
Шоҳи охирини Эрон бо ҳамсараш дар замони будубоши кӯтоҳмуддат дар Марокаш

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, агар дар он моҳҳои охир ё соли охир дар Эрон тасмимҳои дигар гирифта мешуд, эҳтимол дошт, ки инқилоб шакл нагирад?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Бубинед, намегӯям, мо, ки даври ҳам менишинем, "агар"-ҳоро фикр намекунем. Агар мо, агар мардум... Вале ба қавли Эйнштейн, бо тамоми энержии кайҳон як сония ҳам намешавад ба ақиб баргашт. Ман мегӯям, дигар фикри "агар"-ҳои гузаштаро накунем, ки фоида надорад. Фикри ояндаро бикунем, ки баъд фардо дубора нагӯем, "агар"-ҳое буд. Аълон бештар ба Эрон ва фардои Эрон фикр кунем."

Радиои Фардо: Пас аз гузашти чиҳил сол дар ин рӯзҳо ояндаи Эронро чӣ гуна мебинед?

Фараҳ Паҳлавӣ: "Ин чанд рӯз дар радио мешунавам, ки созмони Афви Байналмилал ба Эрон мегӯяд, "соли шарм". Ва эътирозҳои коргарӣ, донишҷӯӣ ва талоши занон дар гӯшаву канори кишвар ояндаи мусбату рӯшанеро воқеан умед медиҳад. Имрӯз коргарон медонанд, ки чӣ мехоҳанд. Муаллимону донишҷӯён медонанд, ки чаро чунин режимеро намехоҳанд. Занони шуҷои Эрон медонанд, ки бештар аз ҳама чиз, озодӣ ва осоиш мехоҳанд. Эрониён дар тӯли таърих борҳо бо чолишҳои душворе дасту панҷа нарм кардаанд. Медонанд, ки бори дигар даврони кӯтоҳе аз торикиро мегузаронанд."

XS
SM
MD
LG