Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбаршоҳ Искандаров: "Даргириҳо дар Тоҷикистон даврони мушкилтарини зиндагиам буд"


Акбаршоҳ Искандаров. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акбаршоҳ Искандаров. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми август 70-сола шуд. Ӯ аз ҷумлаи сиёсатмадоронест, ки дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба ин маснад расид ва ҳамзамон муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар тирамоҳи соли 1992 дариҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз мақомаш канор рафт ва, ба ин тартиб, роҳ барои ба қудрат расидани президенти ҳозира Эмомалӣ Раҳмон (он замон Эмомалӣ Раҳмонов) боз шуд. Акбаршоҳ Искандаров дар солҳои баъдӣ сафири Тоҷикистон дар Туркманистону Қазоқистон, Муғулистон ва ҳамоҳангсози миллии кишвар дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буд ва ҳоло ба корҳои илмӣ машғул аст.

Албатта, ҳамааш аз ман вобастагӣ надошт. Раисҷумҳур буд, шахсиятҳои дигар буданд. Лекин дар маҷмуъ, фикр мекунам, тамоми мардуме, ки дар сари қудрат буданд, ҳамаамон гунаҳкор будем.
Акбаршоҳ Искандаров

Ӯ дар остонаи 70-солагиаш дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба масоили гуногун – аз мушкилиҳои даврони раҳбариаш дар кишвар то фаъолиятҳои дипломатӣ, аз бемориаш дар аҳди коронавирус то муносибатҳои феълӣ бо Туркманистон ва аз вазъи пешомада дар шимоли Афғонистон то пайомадҳои он барои кишварҳои минтақа – суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Ҳафтод соли гузашта чӣ пешрафтҳо ва чӣ бохтҳое барои Шумо дошт?

Акбаршоҳ Искандаров: “Албатта, 70 сол бисёр муддати тӯлонӣ аст. Дар ин солҳо аз сатҳи ноҳия сар карда, то ҷумҳурӣ дар аксар вазифаҳо кор кардем ва ба ин мардум худашон баҳо медиҳанд. Дар тамоми давраи фаъолиятам кӯшиш мекардам, вазифаи ба ман супоридаро масъулона иҷро кунам. Бисёр хушҳол мешудам, ки агар дар ҳамин давраҳо кумаки ман ба касе расида бошад, барои ватан, миллат як коре карда бошам. Як чиро метавонам бигӯям, ки агар фоидае нарасонида бошам, зараре ба касе нарасонидам."

Радиои Озодӣ: Ба гузашта назар кунед, аз 70 сол розӣ ҳастед?

Акбаршоҳ Искандаров: "Худамро бисёр сарзаниш мекунам, ки ману ҳамкоронам натавонистем пеши роҳи ҷангро гирем. Албатта, ин омилу сабабҳои зиёде дорад, ки барои чӣ мо натавонистем. Ба ҳар ҳол, худамро доимо дар ҳамин масъала гунаҳкор ҳам ҳисоб накунам, фикр мекунам, хубтар бояд кор мекардем ва тамоми чораҳоро меандешидем, то пеши роҳи ҷангро гирем. Албатта, ҳамааш аз ман вобастагӣ надошт. Раисҷумҳур буд, шахсиятҳо дигар буданд. Лекин дар маҷмуъ, фикр мекунам, тамоми мардуме, ки дар сари қудрат буданд, ҳамаамон гунаҳкор будем."

Радиои Озодӣ: Мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагии Шумо чӣ марҳилаҳо ё чӣ вақтҳое буд?

Акбаршоҳ Искандаров ҳангоми яке аз мусоҳибаҳо
Акбаршоҳ Искандаров ҳангоми яке аз мусоҳибаҳо

Акбаршоҳ Искандаров: "Замоне буд, ки ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ кор мекардам, вақте ки ба гуфтаи Шумо рӯзноманигорон, ба сари қудрат омадам. Он қудрат набуд. Тоҷикистон се тақсим шуда буд, дар ин давра ягон коре ба анҷом расонида намешуд. Вақте ки яроқ дар дасти мардум расид, вақте хуни мардум рехта буд, ягона роҳ ин буд, ки ба як гурӯҳ ҳамроҳ шавем ва гурӯҳи дигарро саркуб кунем. Аммо роҳе, ки пеш гирифтем, бисёр кӯшиш кардем ҳамин ҳукумати марказиро мустаҳкам кунем, агар ҳукумати марказӣ мустаҳкам мешуд, дигар гурӯҳҳо ҳам фикр мекарданд, ки чӣ кор кунанд, яъне аз қувва метарсиданд. Лекин медонистанд, ки ҳукумати марказӣ чизе надорад, касе надорад."

Радиои Озодӣ: Пас аз анҷоми масъулияти дипломатӣ ба илм рӯ овардед. Дар гузашта раиси Шурои олӣ будед, курсии вазифа ё фаъолиятҳои дипломатӣ аз мизи илм чӣ фарқ мекунад?

Акбаршоҳ Искандаров: "Кори илмӣ бисёр мушкил аст, лекин масъулияти кори дипломатӣ сахттар аст. Кори дипломатӣ, ки берун аз кишварат ҳастӣ, яъне ба ҳайси сафир, бояд ба рафтор, пиндор ва гуфтори худ давлату миллатро муаррифӣ кунед. Кори илмӣ хусусиятҳои хоси худро дорад ва ин бисёртар аз худат вобаста аст ва бештар худат бояд ба ин кор машғул шавӣ. Супоришҳое, ки аз роҳбари пажӯҳишгоҳ мегирӣ, он як аст ва худат чӣ кор мекунӣ, он дигар аст."

Радиои Озодӣ: Соли гузашта ба бемории коронавирус гирифтор шудед. Ба назаратон амалкарди табибон ва бархурди мақомот ба ин беморӣ чӣ гуна аст?

Акбаршоҳ Искандаров: "Дар мавҷи аввалааш ба ин беморӣ гирифтор шуда будам, бисёр мушкил буд, ба забон гуфта намешавад. Дар он давра мушкил ҳамин буд, ки табибони мо ҳам намедонистанд, ин чӣ аст. Ба маъние намегӯям, ки танқиде нисбат ба пизишкон дошта бошам. Лекин ҳамон давра бояд маро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ мепайвастанд, вале духтуроне, ки дар онҷо буданд, наметавонистанд онро пайваст кунанд. Табиби калонашон омада пайваст кард. Ин беморӣ моро як тарзе гирифт, ки ҳеҷ кас ба ин омода набуд, менталитети мардуми мо ҳамин хел аст, ки ҳар қадаре гӯянд, бовар намекунанд, ки касал меояд. Агар табибону ҷомеа омода мебуданд – аз таъмини доруҳои зарурӣ то аз курсҳои махсус гузаштани табибон, беҳтар буд. Ба ҳар ҳол бисёр миннатдорам, ки табибон кӯшиши зиёд карданд."

Радиои Озодӣ: Президенти Тоҷикистон қарор аст дар оғози август ба Туркманистон сафар кунад. Дар робита ба муносибатҳои ду кишвар чӣ назар доред? Тайи се сол аст, ки Туркманистон роҳи мошингарди худро ба рӯи мошинҳои борбар Тоҷикистон бастааст. Инҷо мушкили сиёсӣ аст ё иқтисодӣ?

Акбаршоҳ Искандаров бо раҳбари пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов
Акбаршоҳ Искандаров бо раҳбари пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов

Акбаршоҳ Искандаров: "Дар тамоми давраҳо мо бо Туркманистон мушкили кам доштем. Андаке бад шудани вазъият байни ду давлат, фикр мекунам, як чизи хосе нест. Яъне ягон ҷанбаи сиёсиву иқтисодиву дигар чизе надорад. Баъзан ҳамин хел нофаҳмӣ мешавад ва то он сатҳи боло мерасад, ки чанд вақт мегузарад. Мумкин дигар дӯстони мо кумак расонидаанд барои бадтар шудани муносибат. Баъзе коршиносон гуфта буданд, ки сардии муносибатҳо бар сари бархе тарҳҳои иқтисодии минтақавӣ сар задааст. Фикр мекунам, Тоҷикистон расман эълон накарда буд, ки мо дар ин иштирок намекунем, инро нодуруст ҳамкоронаш ба президенти Туркманистон расонидаанд. Дар кори дипломатӣ чунин корҳо ҳастанд, бояд сари вақт бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро меёфт ва барвақттар ҳал мешуд, ба манфиати ҳарду давлат буд. Ин ҳалшаванда аст, фикр мекунам пас аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон роҳи ҳалли ин пайдо мешавад."

Радиои Озодӣ: Оқои Искандаров, ин шабу рӯз ба чӣ корҳо машғулед?

Акбаршоҳ Искандаров: "Ин шабу рӯз ман дар Академияи улуми Тоҷикистон, дар Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ифои вазифа мекунам. Ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ машғул ҳастам."

Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки берун аз сиёсат ба таҳқиқоти илмии масоили сиёсӣ машғулед, бо омадани Толибон ба марзи Тоҷикистон ва хусусан ба ихтиёри созмони «Ансоруллоҳ» гузоштани ин қисмати марз барои Тоҷикистон чӣ пайомад дорад?

Акбаршоҳ Искандаров: "Вазъият бисёр мушкил ва муташанниҷ аст. Назари ман ин аст, ки Толибон дигар нашудаанд ва дигар шуданӣ ҳам нестанд. Баъзе коршиносони Русия мегӯянд, ки Толибон ба корҳои дохилии кишварҳои Осиёи Миёна мудохила намекунанд ва дар хоки Афғонистон дигар ташкилоти террористиро низ роҳ намедиҳанд. Ба ақидаи ман, Толибон ба ин созмонҳо робитаи қавӣ доранд ва ҳеҷ гоҳ тариқи зӯрӣ онҳоро аз хоки Афғонистон берун намекунанд. Намунаи он ин аст, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аъзои гурӯҳи «Ансоруллоҳ» аст, аллакай фармондеҳи чанд минтақаи марзӣ дар вилояти Бадахшон ҳаммарз бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон таъйин намудаанд. Созмонҳои ҳамгироие, ки мо аъзои онҳо ҳастем, бисёр суст кор мекунанд. Дар сарҳади мо ва қирғизҳо ҷанг шуд, созмони ОДКБ ақаллан як муроҷиат ҳам накарданд, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки асоси кораш барои дар сарҳадҳо як низом даровардан буд, ақаллан як касаш муроҷиат накард, ки Шумо чӣ кор карда истодаед. Таъсиси як ниҳоди зудамал дар сохтори Созмони Ҳамкорҳои Шонгҳой, ки Тоҷикистон пешниҳод намудааст, барои ҳалли саривақтии ҳимояти сарҳад, мусоидат мекунад."

Радиои Озодӣ: Бо ин ҳама таҷрубаи чандинсолаи сиёсӣ чӣ паёме доред, чӣ ҳарфе доштаед, ки то ҳол нагуфтаед?

Акбаршоҳ Искандаров: "Албатта, гап бисёр аст, ҳамаи гапро низ гуфта наметавонем. Гапҳои ногуфтаниро фикр мекунам шояд мегӯем ягон вақт. Вазъият бисёр тезутунд аст, махсусан барои Тоҷикистон, ки сарҳадаш бо Афғонистон аст, аз мо як ҳушёрии сиёсиро талаб мекунад. На танҳо сарҳадбонон, ҳамаи мардуми Тоҷикистон омода бошанд, ки марзу буми худро муҳофизат кунанд. Агар як дилу якқавл бошем, кадом мушкиле, ки пеш ояд, паси сар мекунем."

XS
SM
MD
LG