Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбаршоҳ Искандаровро бистарӣ карданд. Писараш гуфт, ҳолаш хуб аст. ВИДЕО


Акбаршоҳ Искандаров

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, бо нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш дар яке аз бемористонҳои Душанбе бистарӣ карда шудааст. Пайвандони Искандаров гуфтанд, ба ҳуҷраи хобаш ворид шудан иҷозат нест ва танҳо тавассути телефон суҳбат мекунанд.

Аъзамшоҳ Искандаров, писари Акбаршоҳ Искандаров, рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш падарашро ба шифохонаи бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон бурданд. "Ҳоло иҷоза намедиҳанд, ки ба наздашон дароем, имрӯз бо телефон суҳбат кардам, овозашон хуб ба гӯш мерасид. Гуфтанд, ки ҳолашон чандон бад нест. Умед дорем, сиҳат саломат ба назадамон бармегарданд", - афзуд ӯ.

Вай гуфт, падараш тақрибан ҳашт моҳ пеш илтиҳоби шуш шуда буд ва дар хона табобат гирифт.

Акбаршоҳ Искандарови 69-сола, раиси пешини Шӯрои олӣ, ки ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон буд, 28 сол пеш ба карйераи раҳбарияш хотима гузошт ва роҳро барои ба қудрат расидани президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон боз кард.

Ӯ баъдтар чандин сол сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дертар намояндаи Душанбе дар Қазоқистон буд. Айни замон дар Академияи улуми Тоҷикистон кор мекунад.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Роҳбалади киштии тӯфонзада
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:46 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG