Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдураҳмон Қодирӣ: "Бо Эмомалӣ Раҳмон қудо нестам" ВИДЕО


Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Абдураҳмон Қодирӣ – раиси собиқи вилояти Суғд – дар як суҳбати ихтисосӣ аз Маскав бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз дар мақоми муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ боқист ва ба кори давлатиаш идома медиҳад. Ӯ рӯзи 27-уми феврал ҳамагуна пайванди хешутаборӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистонро рад кард.

Мардуми мо дар Хуҷанд таъриф карданро бисёр дӯст медоранд. Вақте ба вазифа таъйин шудам, дидам, ки дар расонаҳои маҳаллӣ ҳама ба таърифи Абдураҳмон Қодирӣ сар карданд. Даъват кардам ва гуфтам, ки Абдураҳмон Қодирӣ гуфтанро бас кунед.

Қодирӣ дар аввали моҳи январи имсол аз мақоми раиси вилояти Суғд барканор шуд. Дар фармони раиси ҷумҳур гуфта шуд, ки ӯ бознишаста шудааст.

Радиои Озодӣ: Мақомот гуфтанд, ки Шумо ба нафақа баромадед. Аммо ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҳизби ҳоким ва сипас ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ дидем. Оё ба кор дар ҳукумат идома медиҳед, ба ҳайси кӣ?

Абдураҳмон Қодирӣ: “Расман муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ ҳастам. Ҳамин субҳ бо масъалаҳои корӣ ба Маскав омадам. Фардо ҳамроҳи намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия суҳбат дорем. Бале, дар нафақа ҳастам, вале гуфтанд, ки бояд кор кунам. Вазифа ваъда шудааст ва шояд рӯзҳои наздик ба кори нав сар кунам.”

Абдураҳмон Қодирӣ: "Бо Эмомалӣ Раҳмон қудо нестам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Радиои Озодӣ: Баъди аз мақом рафтан бисёре аз журналистон аз Шумо ба некӣ ёд карданд. Чӣ тавр дили хабарнигоронро ба даст овардед?

Абдураҳмон Қодирӣ: “Аз журналистон бисёр миннатдор ҳастам. Дар доираи қонун хабарнигоронро дастгирӣ кардем. Чаҳор сол бо якдигарфаҳмӣ бо рӯзноманигорон кор кардем. Шояд натиҷаи ҳамкории хуб буд.”

Радиои Озодӣ: Дар рӯзҳои аввали таъйин шудан ба мақоми раиси вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфта будед, ки “маро таъриф накунед”. Ин чӣ маъно дошт? Яъне, ҳар касе ба мақом расид, атрофиён ҳатман таърифаш мекунанд?

Абдураҳмон Қодирӣ соли 2013 раиси Суғд таъйин шуд
Абдураҳмон Қодирӣ соли 2013 раиси Суғд таъйин шуд

Абдураҳмон Қодирӣ: “Одатан, мардуми мо дар Хуҷанд таъриф карданро бисёр дӯст медоранд. Вақте ба вазифа таъйин шудам, дидам, ки дар расонаҳои маҳаллӣ ҳама ба таърифи Абдураҳмон Қодирӣ сар карданд. Даъват кардам ва гуфтам, ки Абдураҳмон Қодирӣ гуфтанро бас кунед. Гуфтам, ҳама ободиву пешравиҳое, ки мешавад, номи раҳбари кишварро гиред. Мо фақат иҷрокунандаи қарору қонунҳоем. Ҳар як раҳбари ноҳияву вилоятро дар алоҳидагӣ таъриф кардан гирем, ҷомеа вайрон мешавад. Барои ҳамин, гуфтам, ки маро таъриф накунед. Барои ман таъриф лозим нест. Гуфтам, кор кунед, марҳамат дасти Шумо ба ҳама соҳа мерасад. Шумо бо нӯги қалам ба ман, ба ҳукумат кумак кунед, то якҷоя мушкилҳоро ҳал кунем. Рӯзноманигорон ҳам ин пешниҳодро қабул карданд ва якҷо кор кардем.”

Радиои Озодӣ: Давраи раҳбарии Шумо дар марз бо Қирғизистон борҳо нофаҳмиҳо рух дод. Ба ҳалли ин баҳсҳо то куҷо хушбин ҳастед?

Абдураҳмон Қодирӣ: "Пас аз онки раҳбари кишвари ҳамсоя дигар шуд, умед дорем, мушкилҳо ҳал мешавад. Дар давраи президенти пешин ҳам кӯшиш кардем, ки масъалаҳоро дар сатҳи ҷамоату ноҳия ҳал кунем. Бо тавсияи ман бисёре аз муноқишаву ҷанҷолҳо аз байн рафт. Ҳоло миёни ду ҷумҳурӣ муносибати бисёр хуб ҳукмфармост. Мегуфтам, кадом мушкиле миёни ҷамоату ноҳия шуд, якҷоя ҳал кунед, мушкил эҷод накунед. Гуфтам, то муайян шудани марз байни ду давлат бо ҳамсояҳо якдигарфаҳмӣ шавад."

Радиои Озодӣ: Охири соли гузашта сарусадое буд, ки гӯё бо президент Эмомалӣ Раҳмон қудо шудед...

Абдураҳмон Қодирӣ: “Ин гапи комилан хато, хушку холӣ ва беасос буд. Гапи кӯча буд, бовар накунед. Ягон робитаи хешутаборӣ бо раҳбари кишвар надорам. Мо ҳама вақт ба Ҷаноби Олӣ эҳтироми баланд дорем, ҳар супорише доданд, иҷро кардем ва ҳоло ҳам дар хидмат ҳастем. Албатта, хешу табор шудан бо чунин шахсият ифтихори баланд аст, вале ин гапҳо асос надорад.”

XS
SM
MD
LG