Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ дар Бишкек тарҳи ҳамкориҳои марзиро пешниҳод кард


Дар Бишкек Барномаи Рушди СММ “Ҳамкориҳои марзӣ ба хотири таҳкими сулҳ ва рушд” барои беҳбуди вазъ дар манотиқи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Бишкек тарҳи "Ҳамкориҳои марзӣ ба хотири таҳкими сулҳ ва рушд"-ро муаррифӣ кард, ки ҳадафи он беҳбуди вазъ дар манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.

Ҳазинаи ин барнома 3,84 миллион доллар буда, 17 рустои вилояти Бодканди Қирғизистон ва 7 рустои вилояти Суғди Тоҷикистонро фаро мегирад. Қабл аз оғози ин барнома коршиносони СММ муддатҳои тӯлонӣ вазъро дар марз омӯхтаанд ва бо сохторҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳамкорӣ доштаанд.

Дар маросим муаррифии тарҳи мазкур Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон изҳор дошт, ки Қирғизистону Тоҷикистон ба чунин барномаҳо ниёз доранд. Вай гуфт, ки чунин тарҳҳо муносибати имрӯзии миёни ду кишварро беҳбуд мебахшад. Дар мусоҳибае бо Каарманбек Кулуев, коршиноси дафтари Барномаи Рушди СММ дар Бишкек нахуст дар бораи ҳадафҳои тарҳи ҳамкориҳои аҳолии марзии Тоҷикистону Қирғизистон пурсидам.

Кулуев: Ҳадафи аслии он густариши ҳамкориҳо ва боло бурдани сатҳи эътимод байни аҳолии ду ҷониб аст, ки дар манотиқи марзӣ ба сар мебаранд. Аз ҷониби Тоҷикистон ин тарҳ 7 русторо дар бар мегирад: Ворух, Хоҷаи Аъло, Ҷоркӯҳ, Сомониён, Шӯроб, Овчи Қалъача ва Қистакуз. Аз ҷониби Қирғизистон ба ин тарҳ 17 русто дохил шудаанд. Ақсой Қипчиғай, Тоштумшуқ, Ақтатир, Кукташ, Самарқандӣ, Интернетсионал аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин рустоҳоро худи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон пешбарӣ кардаанд. Бо вуҷуди ин ки шумораи рустоҳо аз ҳар ду ҷониб фарқ дорад, ба ҳар ду ҷониб маблағи баробар дода мешавад.

Озодӣ: Ин маблағро дар кадом корҳо масраф хоҳанд кард, барои сохтмон ё таъмири роҳҳо ва ё истифода аз захоири табиӣ?

Каарманбек Кулуев.
Каарманбек Кулуев.

Кулуев: Дар бораи масрафи ин пулҳо худи аҳолии ҷонибҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки онҳо ба чӣ корҳо ниёз доранд ва кадом тарҳҳоро мехоҳанд амалӣ кунанд. Сохторҳои дигари ҳукуматҳои маҳаллӣ низ дар он ширкат хоҳанд дошт.

Озодӣ: Маъмулан бештари муноқишаҳои қавмӣ дар байни ҷавонони ҳар ду ҷониб сар мезанад. Оё дар тарҳи мазкур дар бораи таҳаммулпазирии ҷавонон низ барномаҳо ҳаст?

Кулуев: Бале ҳаст. Ба он бахшҳои зиёде фаро гирифта шудаанд. Нозирони Барномаи Рушди СММ дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳар ду тарафи марз қарор хоҳанд гирифт ва барои ҳалли масъалаҳои фаромарзӣ ҳамчун миёнрав кӯмак хоҳанд кард, то ҷавонон ва умуман аҳолиро водор кунанд, ки аз ширкат дар муноқишаҳо даст кашанд. Ин яке аз бахшҳои аслии ин тарҳ ба шумор меравад.

Озодӣ: Ин тарҳ боз аз кадом бахшҳо иборат аст?

Кулуев: Аз чаҳор бахши аслӣ иборат аст. Бахши аввал ба барқарор кардани робита ва ҳамоҳанг кардани ҳамкории миёни нируҳои интизомӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва байни аҳолии ду тарафи марз дахл дорад, то муноқишаҳои марзӣ камтар рух диҳад. Бахши дуввум, барқарор кардани иртибот ва ҳамкориҳои марзӣ. Дар ин замина сохтмони роҳҳо, барқарор кардани зербино ва истифодаи захоири табиӣ дар манотиқи марзӣ дар назар гирифта шудааст. Ин масъалаҳоест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бояд мушкилоти худро якҷоя ҳал кунанд. Бахши севвум ба таҳаммулпазирии ҷавонон вобаста аст, ки мо дар ин бора гуфтем. Ва бахши чаҳорум аз таҳкими эътимод байни аҳолии маҳаллии ду тарафи марз иборат мебошад. Дар ин кор нақши занон барҷастатар аст, ки онҳо робитаҳои ду тарафро таъмин мекунанд. Яъне, ҳам ширкати занон ва ҳам ширкати ҷавонон дар иҷрои ин тарҳ дар назар гирифта шудааст. Албатта, ин ба маънои он нест, ки мо ин тадбирҳоро дар як тарҳ ҷамъ овардему навиштем ва бояд мардум худашон иҷро кунанд. На, ин тавр нест. Ин барномаҳо бо ҳамкории якдигар иҷро мешаванд.

XS
SM
MD
LG