Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи тоҷике, ки 4 соат зери хок монд, мӯътадил аст (БО АКСҲО)


Амалиёти наҷоти муҳоҷири тоҷик. Акс аз сомонаи ВҲФ Русия гирифта шудааст.
Амалиёти наҷоти муҳоҷири тоҷик. Акс аз сомонаи ВҲФ Русия гирифта шудааст.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, вазъи саломати муҳоҷири тоҷике, ки ду рӯз пеш ҳангоми кандани қубур дар канори Маскав 4 соат дар зери хок монда буд, мӯътадил аст ва ӯ зери назорати табибон қарор дорад.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тофикистон дар Русия рӯзи 6-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндаи сафорат ва хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба беморхонае, ки ин муҳоҷири тоҷик бистарӣ аст рафтаанд ва табибон саломатии уро муътадил арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Эгамзод, ин муҳоҷири тоҷик Ибодулло Осиёбов ном ва 19 сол дошта, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст. Ибодулло Осиёбов ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и ба номи Склифосовскийи Маскав бистарӣ мебошад.

4 соат зери хок мондани як муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Бар асари фурӯ рафтани замин дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия - як шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллода (ВҲФ)-и Русия дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки рӯзи 4-уми феврал дар ғарби Маскав ҳангоми тармими қубури фозилоб (канализатсия) замин фурӯ рафта, як муҳоҷири тоҷик, ки дар онҷо кор мекард, зери хок мондааст.

«Дар натиҷаи таъмин накардани амнияти фаннӣ дар маҳалли тармими қубур замин фурӯ рафт. Дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995 зери хок монд,» - омадааст дар хабари расмии ВҲФ Русия.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ин муҳоҷири тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ бо номи "Миллер" кор мекард, аммо ному насаби ӯ гуфта нашуда буд.

Амалиёти наҷоти ин муҳоҷир 4 соат идома кардааст. Муҳоҷири тоҷик ҷароҳатҳои гуногун бардошта, баъди берун кашиданаш аз зери хок ба бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав бистарӣ карда шудааст.

Ин аксҳо аз сомонаи ВҲФ Русия гирифта шудаанд:

XS
SM
MD
LG