Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике аз қабати 12-ум афтоду зинда монд (ВИДЕО)


Тоҷике аз қабати 12-ум афтоду зинда монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим

Тоҷике дар Маскав аз қабати 12-ум афтоду зинда монд

Як мухлиси Озодӣ бо номи "Ғариббача" аз Русия навори видеоии аз қабати 12-уми бино афтодану зинда мондани як муҳоҷири ҷавони тоҷикро фиристодааст.

Дар ин навор лаҳзаҳои ба кумаки ин муҳоҷир расидани хадамоти наҷотбахши “Сова” инъикос шудааст. Наворбардорон низ зоҳиран аз ҳамин марказанд. Аммо исми муҳоҷири тоҷик, рӯзи ҳодиса ва макони мушаххасу ҷузъиёташ оварда нашудааст. Афтодан аз қабати 12-ум ва зинда мондан ба сари худ як ҳодисаи нодир аст.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 1,5 миллион нафар баровард мешавад. Ҳар сол дар ғурбат, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, беш аз 1000 шаҳрванди тоҷик ҳалок мешаванд. Танҳо тавассути ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар соли 2013 ҷанозаи 622 муҳоҷири тоҷикро ба Тоҷикистон овардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шумори тоҷиконе ки ба иллатҳои мухталиф аҷали худро дар Русия пайдо мекунанд, назар ба омори расмӣ хеле бештар аст.

Фалокат дар ҷои кор дар қатори тасодумҳои нақлиётиву ҳамлаҳои қавмгароёни рус ва қатлҳои маишӣ аз иллатҳои асосии ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гуфта мешавад.

Радиои Озодӣ талош хоҳад кард, то дар бораи ин ҳодисаи нодири аз қабати 12-уми сохтмон афтодану зинда мондани ин муҳоҷири тоҷик маълумоти бештар ба даст биорад.

Тоҷике аз қабати 12-ум афтоду зинда монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG