Вадим Филашкин, волии Донетск, гуфт, ки нерӯҳои Русия ба почта ҳамла карда, ду нафарро куштанд ва як нафари дигарро захмӣ карданд.
"Русҳо ин бор низ ба як идораи ғайринизомӣ ҳамла карданд," – афзуд ӯ.
Тирборони Русия дар вилояти ҷанубии Херсон боис ба захмӣ шудани панҷ сокини осоишта гаштааст.
Волии Херсон Александр Прокудин дар Телеграм навишт, "артиши Русия зербиноҳои муҳим, аз ҷумла маҳаллаҳои истиқоматиро ҳадаф қарор дод."