Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

600 доллар – барои таҷлили иди Рамазон дар Макка


Ширкати “Расул сохтмон” мегӯяд, зоироне ки моҳи Рамазон барои Ҳаҷҷи Умра мераванд, иди Рамазонро дар Макка таҷлил хоҳанд кард, вале барои ин 600 доллар бештар месупоранд.

Ширкати сайёҳиву сохтмонии “Расул сохтмон”, танҳо ширкате ки ҳаққи ба Арабистони Саудӣ бурдани довталабони Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, имсол зоироне ки дар моҳи Рамазон ба Маккаву Мадина сафар мекунанд, 21 рӯз онҷо хоҳанд монд. Вале харҷи сафари онҳо ба ин далел 600 доллар бештар мешавад.

Ҳоҷӣ Кароматуллоҳ Қурбонов, яке аз раҳбарони ширкати “Расул сохтмон” рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мӯҳлати сафар бо дархости худи довталабони зиёрат аз 15 рӯз ба 21 рӯз расонда шуд: “Сафари Ҳаҷҷи Умра маъмулан 14 ё 15 рӯз тӯл мекашид ва зоироне, ки дар моҳи Рамазон сафар мекарданд, дар арафаи иди Рамазон бармегаштанд. Имсол аз тарафи худи онҳо хоҳиши бисёр шуд, ки замони сафарро тамдид кунем, то онҳо иди Рамазонро дар ҳамон маконҳои муқаддас таҷлил карда тавонанд.”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, дар натиҷа ширкати “Расул сохтмон” тавонист мувофиқати ҷониби Арабистони Саудиро барои тамдиди замони сафари зоирони тоҷик ба даст биорад: “Вале ба далели 6 рӯз зиёдтар шудани рӯзҳои сафар нархи Ҳаҷҷи Умра, ки барои 15 рӯз 2250 доллар буд, 2850 доллар шуд. Чунки зоирон 6 рӯз зиёдтар онҷо меистанд ва табъан бояд дар ин муддат пули меҳмонхона, хӯрду хӯрок ва сафару саёҳатҳои онҳо пардохт шавад. Хусусан дар рӯзҳои ид, ки пайдо кардани меҳмонхонаи хуб дар Маккаву Мадина осон нест ва нархи меҳмонхонаҳо низ ба далели афзоиши шумори зоирон боло меравад.”

Ширкати “Расул сохтмон” 6 сол боз танҳо ширкатест, ки аз сӯи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон ба унвони танҳо ширкати масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи Умра интихоб шудааст.

Тасмими ширкати “Расул сохтмон” барои то 21 рӯз тамдид кардани замони зиёрат ва 600 доллар боло бурдани нархи сафари Ҳаҷҷи Умра дар ҳолест ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2 июн нархи расмии сафари имсола ба Ҳаҷҷи асосиро, ки дар арафаи иди Қурбон анҷом мешавад, 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам эълон кард. Ин назар ба як соли пеш 4741 сомонӣ зиёдтар аст.

Як намояндаи Кумитаи дин дар шарҳи ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски тамоми муомилаҳои марбут ба Ҳаҷ бо Арабистони Саудӣ ва хидматрасониҳо ба зоирон бо асъори хориҷӣ сурат мегирад, уфтодани қурби пули сомонӣ сабаб шуд, ки нархи Ҳаҷ бозбинӣ шавад. Вагарна бо доллар агар ҳисоб кунем, нарх тағйир наёфтааст.”

Пули сафари Ҳаҷ маъмулан харҷи парвоз бо ҳавопаймо дар масири Душанбе – Ҷидда –Душанбе, суғуртаи тиббии зоирон, пули ғизо ва зиндагии онҳо дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Макка ва Мадина, ҳаққи хидмати роҳбаладон, пули либоси ягона барои зоирон ва пули чорвои қурбониро дар бар мегирад.

Тибқи қарори ахири Кумитаи дини Тоҷикистон, аз имсол танҳо нафарони аз 35-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имкони зиёрат барои хоҳишмандони солманд аст, чунки навбати Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии кишвар аллакай барои 5 ва ҳатто 10 соли оянда пур шудааст.

Нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар ҳоле 4700 сомонии дигар боло бурда шуд, ки чанд муддат боз дар маҳфилҳо мавзӯи назар ба Қирғизистони ҳамсоя қариб 1200 доллар баландтар будани қимати сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон доман зада мешавад.

Кумитаи дин дар моҳи май ҳатто бо нашри як матлаби муфассал бо номи “Чаро нархи ҳаҷҷи Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон гаронтар аст?” маҷбур шуд, масъаларо шарҳ бидиҳад. Дар шарҳи Кумитаи дин гуфта мешуд, ки “агар ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 км дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд, ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка (дар ҳар утоқ аз 3 то 5 нафар) дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат менамуданд. Инчунин, баъзе аз хизматрасониҳо, аз қабили суғурта, хизматрасонии шабонарӯзии тиббӣ, эмгузаронӣ, таъмини либосу ҷузвдон ва амсоли он ки зоирини тоҷик ҳамасола аз он бархӯрдор мешаванд, дар номгӯи хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Идораи мусулмонҳои Қирғизистон наомадааст.”

Далели дигар, бино ба шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин аст ки “зоирини тоҷик се моҳ пеш аз сафари Хонаи Худо бо барномаи махсуси омӯзише фаро гирифта мешаванд, ки дар он аҳкоми шаръии ҳаҷ ва дигар масоили вобаста ба он омӯзонида мешавад.”

Анҷоми фарзи Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ барои анҷоми он, фарз шудааст. Соли гузашта аз Тоҷикистон 6300 нафар фарзи Ҳаҷро адо карданд.

Ҳамин тавр, чанд ҳазор нафари дигар ҳарсол барои Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистон ба Маккаву Мадина сафар мекунанд. Ҳаҷҷи Умра зоирро аз адои фарзи Ҳаҷҷи асосӣ озод намекунад, вале ба далели савоби зиёрати маконҳои муқаддас шумори довталабонаш хеле зиёд аст. Хусусан аз ҳисоби онҳое, ки аз рӯйхати довталабони Ҳаҷҷи асосӣ берун мемонанд. Ҳоҷӣ Кароматуллоҳ Қурбонов, яке аз раҳбарони ширкати «Расул сохтмон» ба Озодӣ гуфт, имсол онҳо дар моҳи Рамазон 3 гурӯҳро барои Ҳаҷҷи Умра мебаранд, ки ҳайати ҳарсеяш кайҳо пур шудааст.

XS
SM
MD
LG