Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гули Зард аз Низом Қосим ва ду нафари дигар 150 000 сомонӣ ҷуброн хост


Гули Зард

Гули Зард (Гулӣ Зардова), адиби тоҷик, се масъули Иттифоқи нависандагонро барои паст задани шаъну шарафаш ба додгоҳ дода, аз онҳо 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аввали имсол Гули Зардро барои тарғиби гӯиё "ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ" аз сафи ин созмони адабӣ хориҷ кард.

Вақте инҳо чунин таҳлил карданд, модарам ба ғам афтод ва фавтид. Модари ман вақте хабар ёфт, ки маро аз Иттифоқ озод кардаанду китобҳоямро чунин таҳлил кардаанд, сахт ғамзада шуд.

"С​абки хоси худро дорад ва дигаргуна менависад"

Гули Зард рӯзи 20-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аризаашро ба яке аз додгоҳҳои пойтахт супурд. Ӯ гуфт, дар аризааш алайҳи Низом Қосим - раиси Иттифоқи нависандагон, Ато Мирхоҷа - муовини ӯ ва Муҳриддин Сабурӣ, мудири Шӯъбаи нақди ин Иттифоқ шикоят карда, аз ҳар яке ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст.

"Барои ноҳақ ва нодуруст таҳлил кардани китобе, ки Абдуманнони Абдураҳмон таҳрир карда буд, ба додгоҳ муроҷиат кардам. Наход, ин тақризнависи маъруф мисли онҳо нафаҳмида буд. Се намунаи таҳрири китобамро дар даст дорам, ки Абдуманнони Абдураҳмон навиштааст. Ӯ гуфтааст, Гули Зард сабку услуби хоси худро дорад ва дигаргуна менависад", - афзуд ӯ.

Низом Қосим
Низом Қосим

"Модарам сахт ғамзада шуд ва... даргузашт"​

Ин нависандаи тоҷик қатъи узвияташ дар Иттиҳоди адибонро як кори барномарезишуда унвон кард ва гуфт, "ин се масъули ИНТ барои ҳар як ҷумлаи гуфтаашон, барои ҳар як таҳқирашон дар додгоҳ ҷавоб хоҳанд гуфт". "Вақте инҳо чунин таҳлил карданд, модарам ба ғам афтод ва фавтид. Модари ман вақте хабар ёфт, ки маро аз Иттифоқ озод кардаанду китобҳоямро чунин таҳлил кардаанд, сахт ғамзада шуд. Мегуфт, наход духтари таърифиашро ин қадар таҳқир карда бошанд", - гуфт ӯ.

"Ҳеҷ ғараз надоштем"

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳанӯз аз додгоҳ огоҳие нагирифтаанд. Ато Мирхоҷа, муовини раиси ин созмони адабӣ низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шикояти Гули Зард ба додгоҳ иттилоъ надорад. Аммо гуфт, ҳеч ғаразе ба ин нависанда надоштанд.

Ато Мирхоҷа
Ато Мирхоҷа

​Қаблан Иттифоқи нависандагон китоби "Бодоми шириндона"-и Гули Зардро барои роҳ додан гӯиё ба саҳнаҳои фаҳш мавриди танқид қарор дода буд. “Бӯсаборони сандуқи синаи дӯстдошта”, “макидани лабҳо” ва “бахшидани тану нафсу фаромӯш кардани шарму ҳаё” ибораҳое аз порчаҳои ҳикояи китоби Гули Зард буд, ки Иттифоқи нависандагон онҳоро фаҳш унвон кард. Ин порчаҳо тасвири саҳнаи ишқварзии ду қаҳрамони достони Гули Зард ҳастанд.

Зуҳайл дар ин ҳикоя маъшуқаи мардест, ки ҳамзамон бо ду зан зиндагӣ мекунад. Иттифоқи нависандагон инро тарғиби чандҳамсарӣ унвон кардааст, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Нависанда Гулӣ Зардова, ки бо тахаллуси Гули Зард мақолаву ҳикоя менависад, 55 сол дорад. Ба ҷуз аз нависандагӣ, инчунин, аз муаллифи фаъоли нашрияҳои даврист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG