Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарофиддин Гадоев: Имкони муколама бо ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд надорад. ВИДЕО


Хиромон Бақозода ва Шарофиддин Гадоев ҳангоми сабти суҳбат
Хиромон Бақозода ва Шарофиддин Гадоев ҳангоми сабти суҳбат

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон", ки дар хориҷа аст ва ҳамвора аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекунад, ногаҳон моҳи феврали соли 2019 дар Душанбе пайдо шуд. Пас аз ду ҳафта бо ёрии кишварҳои ғарбӣ ба Аврупо баргашт ва гуфт, ӯро дар Маскав рабуда, зӯран ба Тоҷикистон бурданд. Он замон мақомоти Ҳолланд гуфта буданд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд. Бо гузашти ду сол аз он ҳодиса Радиои Озодӣ аз Шарофиддин Гадоев пурсид, ки тафтишот ба куҷо расид?

Шарофиддин Гадоев: Бале, дар ҳақиқат, мақомоти Ҳолланд таҳқиқоти худро шуруъ карданд, вале Русияву Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои диктотурӣ барои ҳамкорӣ бо тафтишот омода нестанд. Илова ба ин, ҷинояти одамрабоӣ дар сатҳи болои ҳукуматҳои ду кишвар сурат гирифтааст. Тафтишот идома дорад ва дар сурати пайдо шудани гумонбарони қазия дар Аврупо, шояд бозпурсӣ сурат гирад. Ҳоло ҷузъиёти ин тафтишотро бо сабаби махфӣ буданаш гуфта наметавонам. Омодагӣ мебинем, ки парвандаро то ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бирасонем. Пандемия ба ҷараёни тафтишот ва кори мо бетаъсир намонд.

Радиои Озодӣ: Бо Шумо дар бораи ҳодисаҳои феврал ва марти соли 2019 муфассал суҳбат карда будем, вале ҷузъиёти дигаре ҳаст, ки метавонед ҳоло бигӯед?

Дар ҳама кишвар ва ҷомеаҳое, ки демократӣ ҳастанд, бояд ихтилофи назар вуҷуд дошта бошад. Шахсан ба ин бовар ҳастам. Вале даъвоҳо ва кашмакашҳоро қабул надорам.

Шарофиддин Гадоев: Ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон бо ман рух дод, ошкоро тавассути расонаҳо гуфтам. Танҳо зикр карданӣ ҳастам, ки баъд аз ин ҳодиса ҳукумат ва баъзе аз ниҳодҳои амниятиву давлатӣ кӯшиш карданд, моро ба Дубай ва шаҳрҳои дигар даъват кунанд ва дубора амалиёти рабудани моро анҷом диҳанд, вале муваффақ нашуданд.

Радиои Озодӣ: Аз ҷониби кӣ чунин даъват гирифтед? Аслан касе, ки бо Шумо дар тамос буд, кӣ аст?

Шарофиддин Гадоев: Онҳое, ки чунин даъватҳоро пешниҳод карданд, дӯстони қаблӣ буданд. Бо пешниҳоди ба роҳ мондани фаъолиятҳои сиёсӣ моро ба Дубай даъват мекарданд. Қабул накардем. Дар Туркия ва давлатҳои дигар ҳам ингуна даъватҳо буданд. Напазируфтем. Дар пушти ин даъватҳо ниҳодҳои амниятӣ ва давлатӣ қарор доштанд.

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки “фаъолиятҳои сиёсӣ”, вале нагуфтед, пешниҳоди ҳамкорӣ бо ҳукумат буд ё фаъолияти оппозитсионӣ?

Шарофиддин Гадоев: Оппозитсионӣ, албатта. Мо ҳеч нияти ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистонро надорем. Ягона роҳе, ки интихоб кардем, муборизаи оппозитсионӣ аст.

Навори суҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Шарофиддин Гадоев: Нияти ҳамкорӣ бо ҳукуматро надорем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:00 0:00

Радиои Озодӣ: То куҷо ин ҳодиса ба зиндагиву афкор ва ҳам фаъолиятҳои Шумо таъсир гузошт? Аз ин ҳодиса натарсидед?

Шарофиддин Гадоев: Агар гӯям, ки натарсидам, дурӯғ мешавад. Одаме нест, ки аз чунин ҳодисаҳо наҳаросад. Аммо вақте мебинед, ки даҳҳо ё садҳо нафар бегуноҳ ва ба хотири ақидаву мавқеи сиёсӣ зиндонӣ мешаванд; шиканҷа ва бадрафтории мақомоти қудратӣ ва ноадолатиҳои ҳукумат нисбат ба мардуми тарси Шуморо мешиканад. Дар роҳатон қавиирода мешавед. Ҳар чизе, ки инсонро намекушад, инсонро қавитар мекунад. Фикр мекунам, ҳодисаҳои талх ба мо қувват мебахшад ва мутақоид месозад, ки дар роҳи ҳақ ҳастем ва бо ҳар қимате бояд анҷом диҳем. Ҳар таъсире расондааст, мусбат аст.

Радиои Озодӣ: Ҳоло баъзе аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Аврупову кишварҳои дигари хориҷӣ ба сар мебаранд, созмон ташкил кардаанд. Гаҳ-гоҳе дар бораи ихтилофҳо мешунавем. Моҷарои охир, ки ба он полиси Олмон дахолат кард, ба блогерҳои тоҷик рабт дошт. Ба назари Шумо, чунин бархӯрди назарҳову моҷароҳо ба обрӯи ин афрод ва гурӯҳҳои дигарандешу мунтақиди ҳукумат дар хориҷа осеб намерасонад?

Шарофиддин Гадоев: Дар ҳама кишвар ва ҷомеаҳое, ки демократӣ ҳастанд, бояд ихтилофи назар вуҷуд дошта бошад. Шахсан ба ин бовар ҳастам. Вале даъвоҳо ва кашмакашҳоеро, ба мисли моҷаро дар Олмон, маҳкум мекунам. Ин гуна корҳоро қабул надорам.

Радиои Озодӣ: Созмони Шумо – "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" – ном дорад. Оё тавонистед, дар ин солҳо коре анҷом диҳед?

Шарофиддин Гадоев: Корҳое, ки то имрӯз кардем, якҷо бо Паймони миллии Тоҷикистон кардем. Аз соли 2018 узви ин ташкилот ҳастем. Якҷо дар самти расонаӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатӣ корҳои худро бурда истодаем. Он имконоти пуливу молие, ки ҳукумат дорад, мо надорем. Аммо як оппозитсияе, ки дар хориҷа қарор дорад, идея медиҳад, мушкилоти ҳукумату ҷомеаро мегӯяд ва роҳҳои берун рафтан аз мушкилотро мегӯяд. Мутаассифона, бештари пешниҳодҳое, ки барои рушди Тоҷикистон аст, ҳукумат нодида мегирад. Баъзеро қабул мекунад. Фаъолияти як оппозитсия дар хориҷи кишвар ҳамин қадар буда метавонад.

Радиои Озодӣ: Дуруст фаҳмидем, ки дар ҳолати муколама бо ҳукумат ҳастед, чун гуфтед, баъзе аз пешниҳодҳои Шуморо мепазиранд?

Шарофиддин Гадоев: Баъзе аз пешниҳодҳоеро, ки барои берун рафтан аз мушкилоти Тоҷикистон аст, якҷо бо Паймони миллии Тоҷикистон ироа мекунем. Мо танҳо пешниҳод мекунем (тавассути шабакаҳо). Муколамае бо ҳукумат надорем ва ҳеч ҳадаф надорем, ки бо ҳукумат чунин муколамаҳое анҷом диҳем.

Радиои Озодӣ: Аммо ба ин фикр ҳастед, ки шояд рӯзе бо мақомоти Тоҷикистон як музокира барпо шавад? Шарти он ки бо ҳукумат дар сари мизи гуфтугӯ нишинед, чӣ буда метавонад?

Шарофиддин Гадоев: Роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилотро, пеш аз ҳама, дар гуфтугӯ мебинам. Гуфтугӯ метавонад, ба якдигарфаҳмӣ ва натиҷаҳои бузург оварда расонад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон тавони гуфтугӯ ва ин фаҳмишро надорад. Ҳукумате, ки ин фаҳмишро надорад, бо он музокира кардан хеле мушкил аст.

Радиои Озодӣ: Яъне, бо ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон имкони муколамаи намояндагони мухолифон ҳоло вуҷуд надорад?

Шарофиддин Гадоев: Не, вуҷуд надорад. Ҳукумат ба фаҳмиш ва сатҳе нарасидааст, ки бо мухолифинаш нишинад ва шарту шароитеро, ки барои пешрафт ва берун рафтан аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ мекунанд, бипазирад. Албатта, он чизҳое, ки пешниҳод мекунем, ҳукумат ҳеч вақт қабул карда наметавонад.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон", 35-сола ва аз наздикони соҳибкори норозӣ ва муассису раҳбари пешини "Гурӯҳи 24", Умаралӣ Қувватов, аст. Пас аз қатли Қувватов як муддат раёсати созмонро ба дӯш дошт. Соли 2015 дар Аврупо паноҳандагии сиёсӣ гирифт ва баъдан ба ҳайати Паймони миллӣ, як созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо пайваст.
XS
SM
MD
LG